Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.5K photos
2.44K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
👩‍❤️‍👨 Асрори хушбахтии оила дар баёни Толиби Луқмон ва Мафтуна Қосимзода

Донишу саводи кофиро яке аз омилҳои хушбахтии аҳли хонавода мешуморанд. Оё дар байни аҳли зиё нофаҳмию зӯроварӣ вуҷуд дорад? Чӣ бояд кард, то оила макони меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббату эҳтиром шавад?

Ба ин ва суолҳои дигари суҳбаторо – Субҳон Ҷалилов ду рӯзноманигору шоир, ҳамсарони ҷавон – Толиби Луқмон, мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мафтуна Қосимзода, хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» посух мегӯянд.

Видеоподкаст бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид "Нури рӯшноӣ" таҳия шудааст.

@asiaplustj
🏆#ҶомиАврупоАП

🇪🇸⚽️Мунтахаби Испания ба финали Ҷоми Аврупо баромад.

Дар рақобати марҳилаи нимниҳоӣ испаниҳо бо ҳисоби 2:1
🇫🇷Фаронсаро шикаст доданд.

⚽️ Ламин Ямал, бозигари миёнмйдони тими миллии Испания бо задани гол ба дарвозаи фаронсавиҳо ҷавонтарин футболбоз дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо гардид, ки гол мезанад. Ӯ ҳамагӣ 16 сол дорад ва дар дастаи “Барселона” бозӣ мекунад.

Испания дар финал бо ғолиби ҷуфти  🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿 Инглистон – 🇳🇱Ҳолланд, ки қарор аст имшаб бозияшон баргузор гардад, рақобат хоҳад кард.

🏟 Хотиррасон мекунем, ки финали Ҷоми Аврупо рӯзи 14 июл дар пойтахти Олмон, шаҳри Берлин доир мегардад.

#футбол #ЕВРО_2024 #Тоҷикистон #АзияПлюс #финал

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Санҷиши рӯйхати ВКД-и Русия


🤖 “Азия-Плюс” барои тафтиши осони ном дар “рӯйхати шахсони таҳти назорати” ВКД-и Русия Telegram-боти қулай сохт. Дар ин рӯйхат номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ворид шудааст.

📌 Санҷиши ном худ дар ин рӯйхати калон душвор аст, аммо Телегарм – боти “Азия-Плюс” ➡️ @apnamecheck_bot роҳи осонтарини санҷишро пешниҳод мекунад.

Барои оғози истифодаи бот, шуморо лозим аст ба яке аз каналҳои Telegram-и мо бо забони тоҷикӣ ё русӣ обуна шуда, дар бот санаи таваллуди худро дар формати “рӯз.моҳ.сол” ворид кунед. Тамом, бот рӯйхатро месанҷад ва посух медиҳад.

—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!

#Тоҷикистон #Русия #муҳоҷират #навид #asiaplustoj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар боми хона вайрон шуд?

Бинои истиқоматии бисёрошёна моликияти умумии сокинони он аст ва онҳо барои таъмири бому таҳхонаи он масъулияти баробар доранд.
Ҳангоми таъмирталаб шудани боми хона, на танҳо истиқоматкунандагони ошёнаи болоӣ, балки ҳамаи бошандагони он масъуланд барои таъмир пул ҷамъ карда, масолеҳи лозимаро харанд ва усто даъват намоянд.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!

#тоҷикистон #бом #пул #чӣбоядкард #asiaplustoj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇪🇺🇹🇯Ҳафтаи таҳсилоти ИА дар Тоҷикистон

🔹Лоиҳа “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

🧑‍🎓👩‍🎓Беҳтар кардани таҳсил ва имкониятҳои шуғл барои ҷавонони Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба аҳолии осебпазир.

📣 Нахустин бор PISA (Барномаи баналмиллалии арзёбии хонандагон) дар Тоҷикистон!

📣 Шуморо барои иштирок ба чорабинии оид ба PISA 2025 дар Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи Таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо рӯзи 26 ноябр соати 14:00 ба меҳмонхонаи Hyatt Regency даъват менамоем.

Дар ин чорабинӣ шумо оид ба аҳамияти ва манфиати PISA барои кишварамон маълумот мегиред.

@euintajikistan

#EUeducation #ИА #таҳсилот #маориф #Тоҷикистон #PISA
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇪🇺🇹🇯Ҳафтаи таҳсилоти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

🗓Рӯзи 27-уми ноябр

🕑Аз соати 14:00 то 18:00

🎭Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, шаҳри Душанбе

🔹Бо мақсади тарғиби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ-техникӣ, таҳсили калонсолон.

🔹Дар бораи касбҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дар Душанбе маълумот гиред!

🔹Бо омӯзгорон ва донишҷӯёни литсейҳо, коллеҷҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои калонсолон шиносоӣ пайдо кунед!

🔹Намунаи кори таҳсилгирандагонро бубинед, дар бораи касбҳо маълумот гиред, дар озмунҳо иштирок кунед.

📚Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо рушди таҳсилоти босифат ва дастрасро барои ҳама дар ҳамкории фаъол бо Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

🎶Дар охири чорабинӣ шуморо барномаи фарҳангӣ – консертии «Саундтреки филмҳои машҳур” интизор аст. Даромад озод!

#EUeducation #ИА #таҳсилот #маориф #Тоҷикистон #TVET