Азия-Плюс TJ
23.2K subscribers
23.2K photos
5.21K videos
1 file
30.6K links
Таблиғ - https://t.iss.one/asiaplus_ads_bot

Сомона - www.asiaplustj.info/tj

Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj

Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/asiaplustoj
Download Telegram
Азия-Плюс TJ
❗️Як духтари 16-сола дар вилояти Хатлон гум шудааст. Пулиси ин минтақа аз ӯ Паймона Назарова ном бурда, аз сокинон хостааст, ки дар пайдо карданаш кумак кунанд. Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон имрӯз, 21-уми август, гуфт, ки ин ноболиғ сокини шаҳраки Фархори…
❗️Паймона Назарова, ки 11 рӯз бедарак буд, ёфт шудааст

Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон
эълон кард, ки Паймона Назарова, сокини 16-солаи ноҳияи Фархор пас аз 11 рӯзи бедаракшавӣ пайдо шудааст.

Ин ниҳод рӯзи 22-юми август гуфт, ин ноболиғ, ки аз 10-уми август дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аз сӯйи пулиси Данғара ёфт ва ба модараш супурда шуд.

Мақомот бидуни пешниҳоди маълумоти бештар ба касоне, ки дар ёфтани ин духтар кумак кардаанд, сипос гуфтаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон қаблан аз гум шудани Паймона Назарова хабар дода, аз сокинон барои ёфтанаш кумак хоста буд. Сабаби бедарак шудани ин наврас маълум нест.

📸: Пулиси Хатлон

Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3👍3
⚡️Дар Кӯлоб тақрибан 600 замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ аст

Дар ин заминҳо сокинон хона сохта зиндагӣ доранд.

МУФАССАЛ
👎1🔥1
⚡️Берун аз доираи ҳифзи иҷтимоӣ. Дар Тоҷикистон кӣ камтар аз ҳама ҳимоя шудааст?

Дар ҷумҳурӣ доир ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ гузориш таҳия карданд.

ТАФСИЛОТ
1👎1🔥1
❗️Бунёди биноҳои “осмонбӯс”. Тоҷикистон таҷҳизоте харидааст, ки мустаҳкамии биноҳои аз 75 ошёна болоро ташхис мекунад

Оё дар Тоҷикистон сохтмони биноҳои баландошёна имконпазир аст?

ИН ҶО ХОНЕД
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍63🔥1😁1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик ва коршиноси масоили динӣ 40-сола шуд.


Ӯ аз коршиносони ҷавону фаъоли тоҷик аст, ки дар мавзӯъҳои доғ, аз ҷумла масоили сиёсӣ, динӣ ва мубориза бо даҳшатафканӣ пажӯҳиш карда, даҳҳо мақола ва маҷмуаҳои илмӣ навиштааст.

Азизӣ аз камтарин коршиносон аст, ки бо расонаҳо мунтазам ҳамкорӣ карда, дар бораи масоили гуногун, аз ҷумла фаъолияти расонаҳо ва матолиби нашркардаи онҳо, андешаро баён ва онро нақд мекунад.

Ӯ факултети забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин боргоҳ оғоз кардааст.

Соли 2012 ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо ба кор гузашта, соли 2015 муовини директори Маркази исломшиносӣ таъйин шуд. Азизӣ то соли 2023 дар ин мансаб буд.

Ҳоло ба пажӯҳиш машғул аст. Ӯ ҳамчунин яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, андешаҳои худро вобаста ба масоили доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз медорад.

"Тоҷикистон дар пешорӯйи чолишҳои ифротгароӣ” охирин китоби ӯ аст, ки дар ҳаммуалифи бо Шералӣ Ризоён навиштааст.

Ӯ ҳамчунин, дар тарҷума ва баргардони намунаҳое аз мероси ниёгон, аз ҷумла, бахшҳое аз "Китобу-ш-шифо"-и Ибни Сино (Хитоба, Ҷадал), "Саводу-п-азам"-и Ҳакими Самаркандӣ, "Шаҷараномаи мансуб ба Мирсаид Алии Ҳамадонӣ" (дар хамақалами бо Ф. Баротзода) саҳм гузоштааст.


Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍42👎1🔥1
🌤 ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 АВГУСТИ СОЛИ 2026

☀️Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 21+26º гарм, шабона 7+12º гарм.

☀️Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 34+39º гарм, шабона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 27+32º гарм шабона 16+21º гарм. 

☀️Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ шиддат мегирад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 32+37º гарм, шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 28+33º гарм, шабона 10+15º гарм.

☀️Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 14+19º гарм, шабона 3+8º гарм.

☀️Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 18+20º гарм.

☀️Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 18+20º гарм.

☀️Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 35+37º гарм, шабона 21+23º гарм.

☀️Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 20+22º гарм.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍1
Азия-Плюс TJ
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 августи соли 2026 Ҳамаи рӯйдоди муҳими таърихи имрӯз дар чанд сатр. ♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 22 АВГУСТ ♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 АВГУСТ ♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО ♦️САНАҲОИ МУҲИМИ…
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 августи соли 2026

Ҳамаи рӯйдоди муҳими таърихи имрӯз дар чанд сатр.

♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 23 АВГУСТ

♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 АВГУСТ

♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО

♦️САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

♦️ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 АВГУСТ

Ин ҳамаро дар матлаби мо хонед. ⤵️
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚽️ Голи футболбози "Хуҷанд" аз ҳудуди 60 метр ба дарвозаи "Равшан"

🏟 Давронҷон Эргашев, муҳофизатгари дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд тақрибан аз 60 метр ба дарвозаи тими "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб гол зад.

Ин голи зебо дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи "Хуҷанд" анҷом ёфт, зада шуд.

Набарди "Равшан"-у "Хуҷанд" рӯзи 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍3🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

Валерий Турсунов аз футболбозони шинохтаи тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон аст.


Роҳи ӯ ба футбол замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи политехникӣ боз шуд. Соли 1974, дар 18-солагӣ ба дастаи "Помир"-и Душанбе ҳамчун ҳамлагар даъват шуда, дар аввалин бозиаш муқобили "Торпедо"-и Кутаиси ба дарвозаи Отар Габелия, дарвозабони маъруфи шӯравӣ, ду гол зад.

Ӯ 15 сол дар ин даста бозӣ карда, дар 542 бозӣ 173 гол задааст.

Валерий Турсунов соли 1988 ба дастаи "Помир" барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ кумак кард. Аммо соле баъд, пас аз ҷароҳат бардоштан бозигариро анҷом дода, ба кори мураббигӣ дар ҳамин даста гузашт. Ҳамчунин муддате дар бошгоҳҳои австриягии "Аустрия" ва "Клопайнерзее" ҳунарнамоӣ кардааст. Тобистони соли 1991 бошад, фаъолияти варзишии худро пурра ба поён расонид.

Ӯ солҳои 1996–2013 бо танаффус ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд. 2-юми августи соли 2026 дар 72-солагӣ дар Маскав даргузашт ва турбаташро ба Тоҷикистон оварда, дар Душанбе ба хок супориданд.

Ёду хотири Валерий Турсунов гиромӣ бод!
👍1
Азия-Плюс TJ
Сабаби сӯхтори рӯзи 31-уми август дар бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ байни растаҳои чӯбу тахта будааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ. Гуфта мешавад зрари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. Сӯхтор нуқтаҳои…
💢Боздошти се нафар бо гумони оташ задани бозори Ҳисор дар соли 2023

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз боздошти се мард хабар дод, ки ба қасдан оташ задани Бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор дар соли 2023 гумонбар мешаванд.


Ин ниҳод рӯзи 22-юми август аз гумонбарон Далер Солизода ва Алишер Ортиқов (Артиков)-и 35-сола, ҳамчунин, Муҳиддин Муҳаммадов (Мухаммедов)-и 34-сола ном бурда, гуфт, ки ҳарсе сокинони шаҳри Ҳисоранд.

Ба гуфтаи манбаъ, Далер Солизода ба далели хусумати шахсӣ бо як соҳибкори бозори мазкур, бо ҳамсинфаш Алишер Ортиқов нақшаи оташ задани бозорро тарроҳӣ карда, барои анҷоми ин кор Муҳиддин Муҳаммадовро ҷалб кардаанд. ВКД афзудааст, ки Муҳаммадов баъди оташ задани бозор аз Солизода ба воситаи Ортиқов 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Муҳаммадов дар як навори ВКД, ки маълум нест таҳти чӣ шароите сабт шудааст, гуфтааст, ки “як резинаки пластмас”-ро оташ зада, дар канори бозор гузоштааст, ки ин сабаби сар задани сӯхтор шудааст.

Назари ҳарсе гумонбар ва пайвандонашон дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Ҳоло алайҳи онҳо бо гумони “қасдан несту нобуд кардани молу мулк” (моддаи 255-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Оташсӯзӣ дар Бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор рӯзи 31-уми августи соли 2023 рух дода, 400 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Он вақт ВКД сабаби ин сӯхторро “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ байни растаҳои чӯбу тахта” номид. Дар пайи ин воқеа, ба иттилои расмӣ, соҳибкорони бозор 12 миллиону 820 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Ин аз камтарин мавридҳоест, ки мақомот қасдан оташ зада шудани як бозорро эълон мекунанд.

Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁3😱32👀2👎1
Азия-Плюс TJ
🇹🇯🇱🇧Дастаи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо Лубнон ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад ⚽️Тими миллии ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон барои ширкат дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Бейрути Лубнон рафтааст. Дар он ҷо ҷавонони тоҷик ду бозии…
🇹🇯🇱🇧 Пирӯзии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бо Лубнон

⚽️ Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии нахусти санҷишӣ бо ҳамсолонашон аз Лубнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

🏟 Ин рақобат рӯзи 21-уми август дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Бейрути Лубнон сурат гирифт. Ягона голи бозиро Мусо Қаҳҳоров, бозигари хатти миёнаи майдони дастаи “Барқчӣ” дар дақиқаи 72-юм зад.

Бозии дуюми санҷишӣ миёни дастаҳои то 20-солаи Тоҷикистону Лубнон рӯзи 24-уми август дар шаҳри Бейрут баргузор хоҳад шуд.

📷: ФФТ

Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍21
📆 ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ - 23 АВГУСТ

Соли 2001 – Тарҳи Қонуни “Дар бораи афву бахшиши умумӣ” тасдиқ шуд, ки тибқи он 19 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо ва таъқиби ҷиноятӣ озод шуданд.

Соли 2010 – Аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе 25 маҳбус фирор карданд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Бо гузашти бештар аз як сол ҳамаи фирориён боздошт ё кушта шуданд.

Соли 2010 – Дар ҷануби шаҳри Душанбе, наздикии пойгоҳи низомии 201-уми Русия кӯшиши амали террористӣ пешгирӣ шуд.

Соли 2019 – Тарҳи муосирсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” оғоз ёфт.

Соли 2019 – Дар мавзеи шаҳри қадимии Карони Дарвоз таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол,  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.

Соли 2020 – Ҳизби демократ номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ин ҳизб ва собиқ вакили порлумонро ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард.

Усмонзода моҳи июли соли 2024 боздошт гардид ва моҳи феврали соли 2025 барои бо зӯроварӣ ғасби ҳокимият бо истифода аз мақоми хидматӣ, хиёнат ба давлат, барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ…, ҳамчунин қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 27 сол зиндон маҳкум шуд.

Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
1👍1
Азия-Плюс TJ
Чӣ бояд кард, агар... Чӣ бояд кард, агар кӯдак ба хона барнагашт? ПОСУХ ИН ҶОСТ Чӣ бояд кард, агар дар нақлиёти ҷамъиятӣ серунсоз (кондитсионер) фаъол нест? ПОСУХ ИН ҶОСТ Чӣ бояд кард, агар мехоҳед худ ва наздиконатонро ҳангоми хокбориш ҳифз кунед?…
Чӣ бояд кард, агар...

Чӣ бояд кард, агар дар бораи ба нафақа саволе доред?
ПОСУХ ИН ҶОСТ

Чӣ бояд кард, агар дар роҳ танбашавии нақлиёт ба миён омад?
ПОСУХ ИН ҶОСТ

Чӣ бояд кард, агар аз мушкиле дар соҳаи маориф шикоят карданиед ва ё пешниҳоде доред?
ПОСУХ ИН ҶОСТ

Чӣ бояд кард, агар дар болобар (лифт) дармондед?
ПОСУХ ИН ҶОСТ

Чӣ бояд кард, агар дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз меъёр зиёд мусофир савор карданд?
ПОСУХ ИН ҶОСТ

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.
——-
❗️Агар шумо шоҳиди рӯйдоду ҳодисаи муҳиме шудед, аз он ба мо акс, навор ва маълумот фиристед. Барои ирсоли паём тугмаи поёнии гӯшаи рости саҳифаи моро пахш кунед. 💬

#Чӣбоядкард

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍41😁1🤣1
Балети тоҷик бе ҳунарпешаи мард мемонад. Чаро дар Тоҷикистон раққос будан душвор аст?

Мутахассисон мегӯяд, бархурди ҷомеа яке аз омилҳои аслии дилсардии ҳунарпешаҳои мард аст.

МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🤣12🔥4👎3😁3🤬2
⚽️Бонувони "Артиш" марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёро бо шикасти бузург аз "Ан-Наср" ба охир расонданд

🇹🇯🇸🇦Дастаи футболи бонувони "Артиш" (КМВА)-и Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026/27 аз тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:12 шикаст хӯрд.

Ин дидор шоми 23-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд.

Артишиҳо ҳамроҳ бо дастаҳои "Хотуни Бам"-и Эрон, "Ал-Иттиҳод"-и Урдун ва Ан-Наср"-и Арабистон дар гурӯҳи “Е” қарор доштанд.

Пас аз се даври рақобатҳо, ки аз 17 то 23-юми август дар Ҳисор сурат гирифтанд, "Хотуни Бам"-и Эрон бо 7 имтиёз аз ин гурӯҳ ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Дастаҳои дигар аз идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.

Дастаи "Артиш"-и шаҳри Душанбе барои аввалин бор дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё ширкат карда, бо бохт дар ҳама бозиҳо натавонист ба Ҷоми Осиё роҳ ёбад. Ин тим дар даври аввал аз "Хотуни Бам" бо натиҷаи 5:0 ва аз "Ал-Иттиҳод" бо ҳисоби 5:1 шикаст хӯрда буд.

Ягона голи бонувони "Артиш"-ро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё Сайёра Саидова зад .

📸: ТВ "Варзиш"

Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁6🤣6👀2👎1