Азия-Плюс TJ
30K subscribers
10.6K photos
2.48K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

🇰🇼Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кувайт

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда метавонанд муташаккилона ба Кувайт барои кор фиристода шаванд. ✍️Ин баъди имзои Ёддошти тафоҳум дар моҳи ноябр, зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, имконпазир гардид.

Дар ин Ёддошт соддакунии талаботу расмиёт барои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ байни ду кишвар дар доираи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи асосӣ таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат гуфта мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони хориҷии машғули кор дар бахши хусусӣ мувофиқи қонунгузории ҳарду кишвар ҳимоя мешавад.
Айни ҳол Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии бакортаъминкунии Тоҷикистон ва ширкати Al-Huqooq International Company-и Кувайт ба имзо расидааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки мушаххасан кай шаҳрвандони барои кор фиристода мешавад.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

🇲🇻Лағви раводид ба Малдив

❗️Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои 30 рӯз бидуни раводид ба Малдив раванд. Зеро дирӯз, 26-уми ноябр, миёни Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводид имзо шуд.

Акнун шаҳрвандони ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 30 рӯз озод мебошанд.

🏝️Малдив аз 1 ҳазору 196 ҷазира иборат буда, дар уқёнуси ором ҷойгир аст ва чун кишвари сайёҳӣ шинохта шудааст.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

❗️Огоҳии қатъии Бег Сабур

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шикояти сокинон аз паст будани сифати алоқа 📶 дар минтақаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳ карда, ширкатҳои мобилиро огоҳ кардааст, ки агар вазъро беҳ накунанд, муҷозот мешавад.

Ӯ зимни мулоқот бо намояндагони ширкатҳои алоқаи мобилӣ, КВД “Шаҳри ҳушманд” ва Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, “ҳарчанд давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома ёфт, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд”.

🛜Ӯ ширкатҳои мобилиро огоҳ кардааст, ки барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо карда мешавад”.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

👦🏻👧🏻58% кӯдакони муҳоҷирон аз санҷиши донистани забони русӣ, ки моҳи октябр дар мактабҳои Русия🇷🇺 гузаронида шуд, муваффақона гузаштанд. Маълум шуд, ки аз 155 000 кӯдакони имтиҳоншуда 23% дар омӯзиш мушкилот дошта, тақрибан 18% забонро тамоман намедонанд.

Санҷиш дар доираи мониторинги ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ дар низоми таълимии умумии Русия гузаронида шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар моҳи ноябр ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, ки дар сурати тасдиқи он, қабули кӯдакони хориҷӣ, ки забони русиро бад медонанд, ба мактабҳо манъ хоҳад шуд.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэйби мешитобад. Пардифен Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Михаил Матвеев, як вакили муҳоҷирситези Русия🇷🇺дар поёнравии қурби рубли русӣ 💸муҳоҷиронро гунаҳкор кард.

Ӯ гуфт, миллионҳо муҳоҷир дар Русия кор карда, пул меёбанд ва онро ба доллар💵иваз карда, ба ватанашон мефиристанд. Гӯё ин, талабот ба доллари ИМА-ро дар Русия зиёд карда, боиси поён рафтани қурби рубл гаштааст.

Қаблан Владимир Путин, президенти Русия гуфта буд, ки паст шудани қурби рубл бо баланд шудани сатҳи таваррум вобаста буда, таҳти назорат аст ва асосе барои нигаронӣ нест.

Бояд гуфт, ҳафтаи гузашта қурби рубли Русия поён рафт ва тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои 2-юми декабри соли 2024 1000 рубли русӣ қариб 100 сомонӣ мубодила мешавад. Моҳе пеш 1000 рубли русӣ қариб 109 сомонӣ арзиш дошт.

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🗳️Дар Тоҷикистон моҳи марти соли оянда интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз, 4-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармон содир кард.

📆Тибқи ин фармон, 2-юми марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад.
Рӯзи 28-уми март бошад, интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир мегардад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар панҷ сол як маротиба интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Бори охир он соли 2020 ҷараён гирифта буд..

#Якхабар

———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд

❗️Тоҷикистон🇹🇯ва Қирғизистон🇰🇬 хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишварро пурра маълум кардаанд.

АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон мулоқот кардаанд.

Баъди мулоқот хабар додаанд, ки тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расонида шудааст.

Ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар супориш шудааст, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.

#Якхабар

———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Санҷиши иҷозаи вуруд ба Русия 🇷🇺арзон шуд.

📆Аз 1 декабри соли ҷорӣ нархи хидматрасонӣ барои санҷиши иҷозаи вуруд ва гирифтани изи ангушт барои сафар ба Русия дар намояндагии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД ин кишвар дар Тоҷикистон 153 сомонӣ муайян гардид. Ҳамчунин, гирифтани изи ангушт 60 сомонӣ гардидааст.

Қаблан ин хидматрасонӣ 460 сомонӣ буд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, санҷиши иҷозаи вуруд ба Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, мунтазири омодашавӣ ва назорати ҳуҷҷатҳоятон нашуда, дар муҳлати кутоҳтарин, бемамоният аз санҷишҳои мақомоти салоҳиятдори Русия гузаранд.

📍Намояндагӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 (бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон) ҷойгир аст.

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
☃️Ду рӯзи баъдӣ дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон барфу борон меборад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзи шанбе дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарму хушк ва рӯзи якшанбе боридани борону барф🌨️ дар назар аст.

Рӯзи шанбе ҳарорат дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 6-9 дараҷа гарм мешавад, аммо рӯзи якшанбе борону барф меборад.

Дар вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам рӯзи шанбе то 6-11 дараҷа гарм ва рӯзи якшанбе дар ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи шанбе ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят - 2-13 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи якшанбе дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ боридани барф пешгӯӣ шуда, дар шарқи вилоят шабона ҳарорат то 40 дараҷа ва рӯзона то 13 дараҷа хунук мешавад.

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Рӯзи баргузории маросими ботантанаи ҷоизасупории 🎶Tarona Music Award-2024 муайян шуд: 14-уми декабр, соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев.

Ин шом натанҳо ситораҳои эстрада, ҳамчунин устодони санъати тоҷик низ бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро болида хоҳанд кард. Сурудҳо дар асоси овоздиҳии ҳамарӯзаи мухлисон интихоб шудаанд.

❤️Чорабиниро Радиои “Азия Плюс” дар ҳамдастӣ бо шарикон аз ҷумла, "АСБ Бонк" ташкил мекунад.

Чипта дар сомонаи echipta.tj дастрас аст.

Телефон барои маълумоти муфассал:  (+992) 939  77 77 78

#Якхабар
———
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM