Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
372 subscribers
1.58K photos
138 videos
4 files
378 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «НОРАК» – ҚАЛБИ НИЗОМИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН

Неругоҳи барқи обии «Норак», ки соли 1972 ба истифода дода шудааст, то имрӯз беш аз 520 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намудааст. Ин нишондиҳанда аз нақши муҳим ва стратегӣ доштани ин иншооти бузурги энергетикӣ дар иқтисоди миллии мо шаҳодат медиҳад.


Айни замон, дар НБО «Норак» корҳои барқарорсозӣ ва таҷдид ҷараён дошта, дар натиҷаи он иқтидори неругоҳ аз 3000 МВт ба 3375 МВт зиёд карда мешавад.

#Тафсилот_дар_барномаи_Нурофар_ТВТоҷикистон

@mewrtj
👍711
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

18-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар толори ҶСК «Барқи Тоҷик» Конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори он муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Беҳрӯз Ҳасанзода, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Н. Акмалзода, роҳбарият ва кормандони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» иштирок намуданд.


Муфассал⤵️
👍5🔥1
18-уми сентябри соли 2025, Тошканд. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамоҳангсозии содироту воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, инчунин имкониятҳои таҳвили гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давра баррасӣ гардиданд.


@mewrtj
👍61
🇹🇯🇰🇬 18-уми сентябри соли 2025 ҳайати роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои энергетикии Ҷумҳурии Қирғизистон аз бузургтарин иншооти энергетикии кишвар-Неругоҳи барқи обии "Роғун" дидан намуданд.

Ҳадафи асосии ин боздид омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии фаъолияти шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон ва иқтидори НБО "Роғун" мебошад.


@mewrtj
👍72🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
БАРРАСИИ ПАРВАНДА МАДАНӢ ДАР БОРАИ РӮЁНДАНИ МАБЛАҒИ ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ

Дар барномаи навбатии ҳуқуқии “Мурофиа”-и Телевизиони Тоҷикистон парвандаи мадании дорои аҳамияти иҷтимоӣ баррасӣ нашр гардид.

Парванда маданӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо даъвои шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба ҷавобгарии шахси воқеӣ дар бораи рӯёндани маблағи қарзи истифодаи неруи барқ баррасӣ гардид.


Барномаи “Мурофиа” на танҳо ҷараёни мурофиаро инъикос менамояд, балки ба бинандагон аҳамияти риояи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи истифодаи захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маблағи барқро хотиррасон месозад. Барномаи мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар самти иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ таҳия гардидааст.

@mewrtj
👍2🔥1
ТАҚДИМИ 5 АВТОМАШИНАИ БАРҚӢ БА БАРҚЧИЁНИ ПОЙТАХТ

22 сентябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини бартарафсозии саривақтии садамаҳои технологӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2026 аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе 5 адад воситаи нақлиёти барқии тамғаи BYD e2 тақдим гардид.


Ин нақлиётҳо ба Шабакаҳои барқии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва хадамоти озмоишгоҳ дода шуд.


@mewrtj
👍81👏1
Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки 22-юми сентябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, таҳти унвони ”Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад“ чорабинии идона баргузор гардид.

«Рӯдакӣ монанди як пайкарасози моҳир бо забони модарии мо пойдевори шеъри классикии тоҷику форсро бунёд ниҳод. Номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи ягонагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо ва нишонаи сулҳу сафо, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад».
Эмомалӣ РАҲМОН


@mewrtj
4👍3👏2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ТАҚДИМИ 5 АВТОМАШИНАИ БАРҚӢ БА БАРҚЧИЁНИ ПОЙТАХТ

@mewrtj
👍42
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ПЕШНИҲОДИ НАВБАТИИ ИНСОНГАРОЁНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СММ

Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.


Мо аз ҳамаи давлатҳои узв даъват менамоем, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

23-юми сентябр, Ню-Йорк, иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

@mewrtj
👍41🕊1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ноҳияи Роштқалъа ҳамчун як гӯшаи азизи Тоҷикистони маҳбубамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Имсол дар ноҳия як қатор иншооти муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумал дуюмин неругоҳи барқи обии калон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.


Инчунин, якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ дар парки технологӣ, бинои беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, боғи фарҳангу фароғат дар деҳаи Анҷин ва муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои дурдаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ 135 банд ба маблағи 685 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки 66 %-и нақшаро ташкил медиҳад.


@mewrtj
👍41🆒1
26-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Норак Ҷаласаи дуюмин Шурои ҳавзаи дарёи Вахш бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир шуд.

Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дарёи Вахш на танҳо як манбаи муҳими об барои кишоварзӣ ва энергетика аст, балки омили калидӣ дар рушди устувори минтақа ба шумор меравад.

- Тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об моро водор месозанд, ки ҳамкориро дар сатҳи ҳавзаи дарё тақвият бахшем, - таъкид намуд Ҷ.Шоимзода.


Дар Ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои об, нақши ҷомеа ва таъсири иқлим рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, масъалаҳои муҳими ҳавзавӣ баррасӣ ва муҳокима карда шудаанд. Инчунин, Нашқаи кории Шурои ҳавзавӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Муфассал
Подробнее
Read more

@mewrtj
👍41🆒1