Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
370 subscribers
1.61K photos
139 videos
4 files
382 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии - 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ дода шуд.

29 сентября под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон перед ответственными лицами поставил конкретные задачи по реализации обсужденных на заседании стратегий, планов действий и государственных программ.
Также были даны поручения и указания министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов по выполнению поручений Правительства страны по привлечению прямых инвестиций, активизации работ по созиданию и благоустройству, рациональному и бережному использованию электроэнергии, готовности к празднованию Международного Навруза, всесторонней подготовке для достойного празднования великого национального праздника – 35-летия Государственной независимости.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍41
МАВЛОНО – ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО ВА ТАМАДДУНҲО

Таҳти ин унвон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони Вазорати энергетика ва захираҳои оби бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 30-юми сентябр таҷлил карда мешавад, Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.


Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо мероси адабии худ, ба монанди “Девони Шамс”, “Маҷолиси саъба”, “Мактубот”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ”, “Маснавии маънавӣ” шуҳрати оламгир пайдо намудааст.

Дар ҷаҳон шахсиятҳои илмиву маърифатӣ зиёд ҳастанд, вале онҳо махсуси фирқа ва дини худанд. Вале Мавлоно андешаманду мутфаккирест, ки ваҷҳи умумӣ дорад, масоиле ки баррасӣ мекунад, масоили башарӣ аст, фирқавӣ нест. Аз ин лиҳоз, Мавлоно мутаалиқ ба башарият дорад.


@mewrtj
👍41👏1
Дар ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Қарордоди иловагии №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати мудирияти пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда – Сангоб» аз 17 январи соли 2006 аз тарафи вакилон ҷонибдорӣ карда шуд.

Санади мазкурро дар парлумон муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш муаррифӣ намуд.

Яке аз ҳадафҳои Қарордоди иловагии мазкур ин ба эътидол овардани вазъи молиявии ҶСК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад.



Қарордоди иловагии №2 санаи 29-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, тибқи он муҳлати баргардонидани сармояи Ширкати мудирияти пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда – Сангоб» то 31-уми декабри соли 2032 тамдид карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2012 то охири соли 2023 ҶСК «Барқи Тоҷик» аз НБО «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 8,9 млрд кВт соат неруи барқ ба маблағи умумии 451,5 млн доллари ИМА харидорӣ намудааст.


@mewrtj
👍8👏21
02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар ҳошияи Ҳафтаи энергетикии Қазоқистон-2025 ва XVI Форуми Авруосиёии KAZENERGY вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) Франческо Ла Камера мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, офобӣ ва бодт, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад ва истифодаи самараноки онҳо метавонад ба таъмини амнияти энергетикии минтақа, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мусоидат намояд.


Зикр гашт, ки айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.

Муфассал
Подробнее
Read more

@mewrtj
👍51👏1
🇹🇯🇰🇿02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар ҳошияи Kazakhstan Energy Week – 2025 вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов баргузор гардид.

Нахуст, Ерлан Аккенженов ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар форум изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ин як нишонаи муҳими эътимод ва тасдиқи муносибатҳои бародарона байни ду кишвар мебошад.


Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби қазоқистонӣ омодагии худро барои имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз дошт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки гуфтушунидҳои мазкур такони ҷиддӣ ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо мебахшанд.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍4🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯🇰🇿 Мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов дар ҳошияи Kazakhstan Energy Week – 2025

@mewrtj
👍1
ГУЗАРИШ БА ЭНЕРГЕТИКАИ «САБЗ»: ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАСИР ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД

02-юми октябри соли 2025, Остона. – Дар доираи Kazakhstan Energy Week – 2025 мизи мудаввари Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) таҳти унвони «Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.


Муфассал⤵️
👍2