Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
371 subscribers
1.6K photos
138 videos
4 files
379 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
🇹🇯🇷🇺26-уми сентябр дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.

Дар он масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 200 миллион доллар зиёд аст.

Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш 13 дарсадро ташкил дод.

Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.


@mewrtj
👍31
Дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 25-ум то 27-уми сентябр ҷаласаи навбатии Кумитаи идоракунандаи лоиҳаи ‘’Бохтар” баргузор гардид, ки дар он ҳайати кишвар иборат аз муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Лоиҳаи ‘’Бохтар” дар доираи Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «CNPC Central Asia B. V.»-и Чин татбиқ шуда истодааст.

Ширкати «CNPC Central Asia B.
V.» фатолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои таҳиқотию илиӣ вобаста ба кашфи конҳои нафту газ ба роҳ мондааст.

Мақсади асосии фаъолияти мазкур гузаронидани корҳои геологӣ
-сейсмоиктишофӣ, муайян намудани сохторҳои аз лиҳози мавҷудияти захираҳои саноатии нафту гази ояндадор, интихоби нуқтаи пармакунии чоҳи ҷустуҷӯйӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии
кишвар буда, аллакай, бо усули иктишофӣ гравитсивӣ-магнитӣ корҳои геофизикӣ гузаронида шуда, соли 2025 дар қитъаҳои иҷозатномавии ширкат корҳои иктишофии сейсмикӣ оғоз гардидаанд.


Дар кори кумитаи мазкур нақшаҳои дар пешмондаи корҳои геофизикӣ дар қисмати ҷануби Тоҷикистон ва иҷрои талаботи созишнома дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тибқи нақша, ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соли 2026 нуқтаи пармакунии чоҳи иктишофиро муайян намояд.

Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин аз озмоишгоҳи ширкати «CNPC Central Asia B.V.» дидан намуд. Дар озмоишгоҳ намунаҳои аз қаъри замин гирифташуда барои муайян кардани таркиби кимиёвӣ таҳлил мегарданд, ки ин раванд барои интихоби дақиқи нуқтаи пармакунии чоҳи иктишофӣ аҳамияти калидӣ дорад.

@mewrtj
3👍1
📸Аксҳо аз ҷаласаи навбатии Кумитаи идоракунандаи лоиҳаи ‘’Бохтар”

@mewrtj
3👍2
29-уми сентябри соли 2025, Тошканд. - Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода дар ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки давоми ду рӯз (29-30-юми сентябр) идома мекунад, иштирок намуда истодааст.

Дар кори ҷаласа, инчунин намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва коршиносону масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доранд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои маблағгузории уствори НБО «Роғун», инчунин ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика ва экология бо кишварҳои поёноб баррасӣ мешаванд.

Дар оғози кори ҷаласа муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода суханронӣ намуда, аҳамияти стратегии НБО «Роғун»-ро барои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ таъкид кард.


Иброз гашт, ки татбиқи босамари ин тарҳи азим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа имкониятҳои нав дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди устувори энергетикӣ фароҳам меорад.

@mewrtj
👍3👏1
29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии - 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ дода шуд.

29 сентября под председательством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Председателя Правительства Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона состоялось заседание Правительства Республики Таджикистан.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон перед ответственными лицами поставил конкретные задачи по реализации обсужденных на заседании стратегий, планов действий и государственных программ.
Также были даны поручения и указания министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов по выполнению поручений Правительства страны по привлечению прямых инвестиций, активизации работ по созиданию и благоустройству, рациональному и бережному использованию электроэнергии, готовности к празднованию Международного Навруза, всесторонней подготовке для достойного празднования великого национального праздника – 35-летия Государственной независимости.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МаҷлисиҲукумат #ЗаседаниеПравительства #GovernmentSessions

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍1