Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
372 subscribers
1.58K photos
138 videos
4 files
377 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Шабакаи барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон Нодиршо Файзализода бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардид.

Мукофоти давлатӣ зимни таҷлили Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор кормандони соҳаи энергетика бо мукофтҳои давлатӣ – Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.


Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба саҳми арзанда ва заҳмати софдилонаи кормандони соҳаи энергетика дар самти таъмини рушду пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мебошад.

@mewrtj
👍31🔥1👏1🤝1🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва боэътимоди низоми энергетикӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.

#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍41🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
МУСТАНАДИ «ИСТИҚЛОЛИ НУР»

Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филми ҳуҷҷатии нав таҳти унвони «Истиқлоли нур» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Телевизиони «Синамо» дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об рӯйи навор омад. Мустанади мазкур ҳамаҷониба дастовардҳои кишварро дар соҳаи энергетика инъикос менамояд
.

Дар филм ҷараёни татбиқи стратегияи энергетикии миллӣ, бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ, лоиҳаҳои амалигардидаи соҳа ва тадбирҳои Ҳукумати кишвар оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ба таври муфассал нишон дода шудааст.


«Истиқлоли нур» на танҳо як филми таърихиву иттилоотист, балки рамзи пешрафти соҳаи энергетикаи миллӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ин филм ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо раванди сохтмонҳои азим, аз ҷумла НБО «Роғун», ошно гардида, аз талошҳои Ҳукумати мамлакат барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ маълумоти воқеӣ ба даст оранд.


@mewrtj
👍811
🇹🇯🇯🇵12-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ намуда, ба масъалаҳои тавсеаи муносибатҳо дар самти рушди энергетикаи «сабз», татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва баланд бардоштани иқтидори техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.


Муфассал
Подробнее

@mewr
👍71🤝1
🇹🇯 🇨🇭12-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа роҳбари навтаъини Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Дениз Лютиро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот вазир аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Швейтсария, дар соҳаҳои энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, изҳори қаноатмандӣ намуд.


Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои беҳтарсозии идоракунии захираҳои об мубодилаи афкор намуданд.

Хонум Дениз Люти омодагии Швейтсарияро ҷиҳати идомаи дастгирии лоиҳаҳои мавҷуда ва рушди ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими иқтидори энергетикӣ ва обтаъминкунӣ равона шудаанд, баён дошт.


Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо зарурати идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳоро барои расидан ба ҳадафҳои муштараки рушди устувор таъкид намуданд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍81👎1
15-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо лоиҳаҳои сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак» ва Барномаи солимгардонии молиявии соҳаи энергетика қарор гирифт.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍81👏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ – МИНБАРИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБ

Андешаҳои коршиносони маъруфи байналмилалӣ доир ба аҳамияти Раванди оби Душанбе ва нақши он дар ҳалли мушкилоти глобалии об.


Наворҳои мазкур дар Гӯшаи Тоҷикистон зимни баргузории Ҳафтаи ҷаҳонии об (24–28-уми августи соли 2025, шаҳри Стокҳолм, Шветсия) сабт гардидаанд.

@mewrtj
👍42👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 🇪🇺 15-уми сентябри соли 2025, Душанбе. - Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ба ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин замина, татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” ҳамчун намунаи барҷастаи ҳамкории судманд ва амалӣ миёни ҷонибҳо арзёбӣ гардид.


@mewrtj
👍71🔥1
16-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар Муколамаи дуюми вазирони иқтисод ва энергетикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон, ки дар шаҳри Токио баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Дар Муколама «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Барои Осиёи Марказӣ – масъалаи бетарафии карбон на танҳо масъалаи рушд, балки масъалаи амният ва шукуфоӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон, Тоҷикистон саҳми назарраси худро ҷиҳати бетарафии карбон на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми сайёра мегузорад. Ба шарофати захираҳои бузурги энергияи барқароршаванда, 98% неруи барқи кишвар аз захираҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад. Ин яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст, - таъкид дошт М.Сафарзода.


Иштирокчиён «Харитаи роҳ ба самти бетарафии карбон барои ОМ»-ро, ки ҷониби Ҷопон бо машварат бо кишварҳои ОМ таҳия гардиааст, истиқбол карданд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍72🆒1
16-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва роҳбари лоиҳаи Blue Peace Central Asia мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар доираи лоиҳаи Blue Peace Central Asia мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири энергетика ва захираҳои об аз дастгирии Швейтсария дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши лоиҳаи Blue Peace Central Asia-ро дар таҳкими муколамаи обӣ миёни кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ кард.


Тарафҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва мусоидат ба амалӣ гардидани ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об таъкид намуданд.

@mewrtj
👍91🤝1