Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
363 subscribers
1.49K photos
128 videos
4 files
361 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷараёни корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид масъулон оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва насбу васлкунии таҷҳизоти техникии неругоҳ ҳисобот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 мегаватт дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон дар назар дошта шуда, корҳои омодагӣ барои ба таври озмоишӣ ба кор андохтани он дар марҳалаи ниҳоӣ қарор доранд.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори умумии 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегӣ ва инфрасохторӣ дар самти таъмини устувору боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар маҳсуб ёфта, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он, дар таъмини қувваи барқи доимӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақши муҳимеро хоҳад бозид.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍41👏1
17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад.

17 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Астана Республики Казахстан принял участие и выступил на Втором саммите «Центральная Азия-Китай».

Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что дальнейшее укрепление политического диалога в рамках этого формата может сыграть эффективную роль в достижении всех наших созидательных целей на региональном и мировом уровнях.

On June 17, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honorable Emomali Rahmon, took part and spoke at the 2nd "Central Asia-China" Summit in Astana, Republic of Kazakhstan.

The President of our country, Emomali Rahmon, emphasized that further strengthening of the political dialogue within this format can play an effective role in achieving all our creative goals at the regional and global levels.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #ОсиёиМарказӣЧин #ЦентральнаяАзияКитай #CentralAsiaChina

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍21🔥1