Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
363 subscribers
1.53K photos
129 videos
4 files
365 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
18-уми июни соли 2025 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон маросими тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишкада, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкату муассисаҳои соҳаи энергетика, устодон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки хатмкунандагони имсола дар раванди таҳсил дониш ва малакаҳои касбии заруриро аз худ намуда, омодаанд дар бозори меҳнат ва бахусус, дар муассисаву ширкатҳои соҳаи энергетика фаъолият намоянд.


Бо дарназардошти талаботи рӯз ва эҳтиёҷоти соҳа, тақсимоти хатмкунандагон бо ҷалби муассисаҳои марбута дар самти таъмин бо ҷойи кори аввалин ба роҳ монда шуд.

Қайд гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишкада ин таъмини соҳаи энергетикаи кишвар бо мутахассисони баландихтисос мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи ба кор таъмин намудани хатмкунандагон таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Донишкада ва Вазорати энергетика ва захираҳои об қарор дорад.


@mewrtj
👍31🔥1
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕАИ НАВИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҳти ин унвон 20-уми июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.


Зимни чорабинӣ роҳбарият ва устодони Донишкада оид ба нақши сулҳу субот дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар андешаҳои худро баён доштанд.


@mewrtj
👍311
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
20-уми июни соли 2025, Душанбе. - Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

Муфассал ⤴️
📺ТелевизиониТоҷикистон

@mewrtj
👍31🔥1
23-юми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва шарикони рушд ташкил гардида, ҳамчун платформаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» арзёбӣ мегардад, оғоз гардид. 

Дар маросими ифтитоҳи расмии конфронс муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Амонзода, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото, роҳбари «Барномаи энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ» Свен Эрнедал, инчунин, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказҳои таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Манучеҳр Сафарзода нахуст ҳозиринро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфта, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ба ҳолати имрӯз ҳамагӣ 5 %-и ин захираҳо истифода шуда истодаанд. Дар мавриди истифодаи ин захираҳо, ки дар як сол 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудаанд, имкони қонеъ намудани на танҳо талаботи Тоҷикистон, балки қонеъ намудани талаботи кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мавҷуд мебошад».


Таъкид гардид, ки дар баробари захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони энергияи офтобӣ ва бодӣ буда, ин захираҳо то кунун истифода нашудаанд. Тибқи таҳлилҳо, иқтидорҳои аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369 600 МВт ва бодӣ бошад, 4 485 МВт-ро ташкил медиҳанд.

Айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи сабз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф буда, дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Дар сурати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи сабз табдил ёбад.


Ҳадафи асосии баргузории конфронс тақвият бахшидан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, пешбурди сиёсати сарфаи энергия ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Иштирокчиён раванди ислоҳот, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи энергетикаи барқароршавандаи кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳамкории судманд ва имкониятҳои сармоягузориро муҳокима менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 25-уми июн давом меёбад.

@mewrtj
4👍2🔥1🆒1
Гузориши аксӣ аз Конфронси 3-юми байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23-юми июн, Душанбе

Муфассал

@mewrtj
👍42👏1🆒1