Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
351 subscribers
1.41K photos
122 videos
4 files
349 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони "Пиряхҳо ва дартрасӣ ба об дар шароити тағйирёбии иқлим: Аз пиряхҳо то баҳр", ки дар чорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Далер Ҷумъа иштирокчиёнро ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки имрӯз мо аз як ташвиши умумӣ муттаҳид гаштаем: пиряхҳо бо суръати бесобиқа об мешаванд. Тағйирёбии иқлим боиси тағйир дар ҷараёни дарёҳо, тағйироти мавсимии дастрасии об ва зиёд шудани осебпазирии ҷомеаҳо, хусусан онҳое, ки ба обшавии пиряхҳо вобастагӣ доранд, мегардад. Дар ин замина, мо бар онем, ки энергияи барқароршавандаи обӣ як роҳи стратегӣ барои коҳиши карбон, танзими устувори захираҳои об ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ мебошад.


Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи сатҳи баланд олимону коршиносони сатҳи байналмилалии соҳа иштирок доштанд.

@mewrtj
2👍2👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ СЕҶОНИБА ОИД БА РЕҶАИ ИСТИФОДАИ ОБАНБОРИ “БАҲРИ ТОҶИК”

30-юми майи соли 2025, Душанбе (Кохи Сомон). - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи оид ба ҳифзи пиряхҳо вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов доир гардид.


Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаи идоракунии захираҳои об, истифодаи устувори оби обанборҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи музокирот Протоколи сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мувофиқаи реҷаи кории обанбори “Баҳри Тоҷик” барои моҳҳои июн-августи соли 2025 ба имзо расонида шуд.


@mewrtj
👍41🔥1
Дар Кохи “Сомон” - макони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи махсус таҳти унвони “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ иқтидорҳои мавҷуда ва имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён бо лоиҳаҳои амалкунандаи гидроэнергетикӣ, иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, ҳамчунин ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди энергияи сабз шинос шуданд.

Иштирокдорони конфронс, хусусан меҳмонони хориҷӣ, аз гӯшаи намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” дидан намуда, ба дастовардҳои назарраси кишварамон дар самти рушди устувори энергетикаи сабз баҳои баланд доданд.

@mewrtj
👍2👏21🔥1
30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Дар чорчӯбаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ташаббуси “Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ” ба имзо расонида шуд.

Ёддошти ҳусни тафоҳумро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини директори Агентии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Кристиан Фрутигер даст монанданд.

Санад мазкур ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳоро дар доираи ташаббуси “Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ” тақвият дода, ба рушди идоракунии устувори захираҳои обии минтақавӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ равона шудааст.


Инчунин, иқтидори занон ва насли ояндаи олимон, дипломатҳо ва мутахассисони соҳаи об барои тавсеа додани ҳамкориҳо дар соҳаи об рушд дода мешавад.

Ин тадбир барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об ва таъмини рушди устувор аҳамияти хос дорад.

@mewrtj
👍21👏1
🇹🇯🇺🇳30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хонум Ренто Марсудӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Мулоқот дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, бахусус дар самти идоракунии устувори захираҳои об, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи талошҳои муштарак барои амалӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро таъкид карданд.

Хонум Ренто Марсуди ба сатҳи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баҳои баланд дод.

@mewrtj
👍2👏1🕊1
30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии идоракунии захираҳои об Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Маросими баимзорасонии санади мазкур дар намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” (Кохи Сомон) баргузор гардид.

Ин Ёддошти тафоҳум заминаи ҳамкориҳои минбаъдаро дар самтҳои афзалиятноки соҳаҳои об мегузорад.

Дар доираи ин санад, аҳамияти мувофиқсозии масъалаҳои об бо дурнамо ва стратегияи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист, таҳкими иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисон, ҳамчунин баланд бардоштани нақши ҷавонон ва занон дар раванди қабули қарорҳо дарк ва эътироф гардид.


@mewrtj
1👍1🔥1👏1
🇹🇯🇪🇺30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс баргузор гардид.

Зимни маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо таваҷҷуҳи хоса ба густариши ҳамкориҳо дар заминаи истифодаи оқилонаи манбаъҳои обу энергетика, рушди энергияи барқароршаванда ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории муштарак зоҳир намуданд.

@mewrtj
👍4👏1🆒1
🇹🇯🇸🇦30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи оби ин кишвар Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, вохӯрӣ кард.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об, роҳҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, инчунин густариши робитаҳо дар самти истифодаи устувори захираҳои об қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар заминаи ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим барои таъмини амнияти об ва энергетикаи минтақа махсусан таъкид гардид.

@mewrtj
👍4🔥1👏1
ТАҲКИМИ НАҚШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иҷрокунандаи вазифаи котиби генералии Хартияи энергетикӣ хонум Асуко Ҳиросе мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат зонум Ҳиросе ба вазири энергетика ва захираҳои оби барои ба уҳда гирифтани Раисии Конфронси энергетикӣ – мақоми олии қабули қарор дар доираи Шартномаи энергетикӣ – аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 изҳори сипос намуд.


Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тайёрӣ ба ҷаласаи Конфронси энергетикӣ, ки дар охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин чорабинӣ нахустин ҷаласа пас аз татбиқи ислоҳоти "муосиргардонӣ" ба Шартномаи энергетикӣ хоҳад буд, баён намуданд.

@mewrtj
3👍1👏1
Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ, пас аз ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид, меҳмонони олиқадрро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳӣ намуд.

Ҳайати Эрон бо таваҷҷуҳи хос аз толорҳои намоишии осорхона, ки намунаҳои нодири таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносиро дар бар мегиранд, дидан карда, аз сатҳи баланди ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии халқи тоҷик изҳори хушнудӣ карданд.

Ин ташриф ҳамчун намунаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои фарҳангии судманди ду кишвар арзёбӣ шуда, ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг ва илм, такони тоза мебахшад.

@mewrtj
👍32🔥1👏1