Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
352 subscribers
1.42K photos
122 videos
4 files
349 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
31-уми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар намоишгоҳи "Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон"-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии Низомномаи Шурои миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, коршиноси соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

@mewrtj
👍41
Шарифа Худобахш: «Криосферные исследования нужно интегрировать в национальные и региональные системы управления водными ресурсами»

«Вода — ключевой ресурс Центральной Азии, от которого зависят устойчивость экосистем, продовольственная безопасность, энергетическое, экономическое развитие и добрососедские отношения. В условиях изменения климата и роста потребностей водные ресурсы становятся стратегическим фактором, требующим научно обоснованного управления, учитывающего интересы всех стран региона», — сказала корреспонденту НИАТ «Ховар» заместитель министра энергетики и водных ресурсов Таджикистана Шарифа Худобахш.

По ее словам, Таджикистан формирует более половины стока бассейна Аральского моря — около 64 км³ в год, основными источниками которого являются ледники. Однако эти источники стремительно деградируют и сокращаются. Если не принять меры, сток рек Амударьи и Сырдарьи может сократиться до 40 % в долгосрочной перспективе.

«Дополнительные вызовы создают рост населения, сельское хозяйство, энергетика и промышленность, которым тоже необходимо водообеспечение. Всё это требует перехода к интегрированному управлению водными ресурсами, где научная экспертиза становится основой для принятия решений. В этом контексте криосферные науки играют решающую роль. Без точных данных о состоянии ледников, снежного покрова и мерзлоты невозможно надёжное прогнозирование водных потоков, особенно в засушливый сезон, когда потребность максимальна. Именно поэтому криосферные исследования должны быть интегрированы в национальные и региональные системы управления водными ресурсами. Таджикистан активно продвигает международные инициативы в этой области: 2025 год провозглашён Международным годом сохранения ледников, учреждён Всемирный день ледников и Международный фонд по их защите. В партнёрстве с Францией выдвинута инициатива о проведении Десятилетия действий в поддержку криосферных наук (2025-2034 гг.). Это глобальная мобилизация знаний, технологий и ресурсов ради сохранения основ водной устойчивости», — считает собеседница.

По ее мнению, необходимо укреплять научные механизмы: создавать центры мониторинга ледников, обучать специалистов, интегрировать криосферные данные в стратегии и это вопрос программы развития. Это не научная абстракция выживания наших рек, сообществ и экономик.

Необходимо отметить, что в эти дни Таджикистан стал ключевой международной площадкой для обсуждения актуальных вопросов изменения климата.

НИАТ «Ховар», 31.05.2025

@mewrtj
31👍1🔥1👏1
🇹🇯🇿🇼31-уми майи соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо мулоқот анҷом дод.

Дар меҳвари суҳбати вазирон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла НБО "Роғун" қарор гирифт.

Вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо рушди неругоҳҳои хурди барқи обиро дар Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Зимбабве намунаи омӯзиш ва татбиқ мебошад.


Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои зерсохтории энергетикӣ таъкид намуданд.

@mewrtj
👍421🆒1
1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ин сана бо роҳандозии чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ ҷашн гирифта мешавад.


Тоҷикистон ҳамчун кишвар демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои кӯдакону наврасон, некуаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро, ки бештар аз 30 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби давлат дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Кишваи мо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ новобаста аз вазъи мушкили сиёсӣ яке аз аввалин давлатҳои пасошӯравӣ буд, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи кӯдакон ба зимма гирифт.


@mewrtj
👍51🥰1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Мусоҳибаи Шарифзода Гул Ваҳҳоб, муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Зимни суҳбат мавзуъҳои зерин матраҳ гардиданд:

❄️Сатҳи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо;

❄️Омилҳои таъсиррасон ба обшавии пиряхҳо;

❄️Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба обу иқлим.

@mewrtj
👍521👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Бори аввал дар кишвар, корхонаи саноатии ҶДММ “Фартуна ва компания” воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, ки ба истеҳсоли мизу курсӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул аст, иқдоми муҳимеро барои рушди корхона амалӣ намуд. Бо мақсади таъмини устувори неруи барқ ва коҳиши вобастагӣ аз шабакаҳои барқӣ, дар болои боми бинои корхона панелҳои офтобӣ насб карда шудааст.

Ба иттилои сармуҳандиси корхона, панелҳои офтобӣ дар масоҳати 270 метри мураббаъ ҷойгир буда, ин иқдом имкон медиҳад, ки то 45 фоизи талаботи корхона ба неруи барқ тавассути манбаи барқароршаванда — энергияи офтоб — қонеъ гардонида шавад.

Ин ташаббус на танҳо ба самаранокии кори корхона мусоидат мекунад, балки қадаме муҳим дар самти истифодаи технологияҳои сабзу инноватсионӣ дар соҳаи саноат маҳсуб меёбад. Инчунин, он метавонад барои дигар корхонаҳои ватанӣ намунаи ибрат бошад.


@mewrtj
👍71👏1
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»

«Об манбаи асосии ҳаёт дар рӯйи Замин аст. Он ба устувории муҳити зист, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисод ва ҳамкории мутақобилан судманди байни давлатҳо таъсири калон дорад. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот, об ба як захираи стратегӣ табдил ёфтааст. Идоракунии самараноки он бояд дар асоси илм ҷараён гирад ва манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа ба назар гирифта шавад»,-чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Худобахш.


Ба гуфтаи Шарифа Худобахш, Тоҷикистон беш аз нисфи оби ҳавзаи баҳри Аралро (тақрибан 64 километри мукааб дар як сол) таъмин мекунад. Манбаи асосии он пиряхҳо мебошанд, ки ҳоло бо суръат об мешаванд. Агар тадбирҳои зарурӣ андешида нашавад, дар оянда оби рӯдҳои Амударё ва Сирдарё метавонад то 40% коҳиш ёбад.


Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки бояд марказҳои мушоҳидаи пиряхҳо таъсис ёбанд, мутахассисон омӯзонида шаванд ва маълумоти илмӣ ба стратегияҳои рушд ворид гарданд.

«Афзоиши аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва саноат низ ба об талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои идора намудан захираҳои об илм ва маълумоти дақиқ нақши муҳим дорад. Бе маълумоти аниқ дар бораи пиряхҳо, барф ва яхбандӣ пешгӯии миқдори об душвор аст, махсусан дар мавсимҳои хушк, ки талабот ба он бештар мешавад»,- афзуд Шарифа Худобахш.


Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шарифа Худобахш, тадқиқоти криосфера (яъне омӯзиши пиряхҳо, барф ва дигар шаклҳои ях) бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид шавад.

Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, пеш аз ҳама ҷамъ овардани дониш, технология ва захираҳо барои ҳифзи манбаи асосии об мебошад.

АМИТ «Ховар»

@mewrtj
👍6👏21🔥1🆒1
Иди Қурбон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Бигзор ин рӯзи пурсаодат ба зиндагии Шумо баракат, файзу нусрат, саломатии қавӣ ва рӯзгори обод оварад.

Рӯҳияи ҳамдилӣ, саховат ва меҳрубонӣ, ки рамзи ин ид аст, дар қалбҳои мо ҷовидона боқӣ монад.

@mewrtj
👍52🔥1👏1
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


8 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл во Французскую Республику для участия в третьей конференции Организации Объединённых Наций по океанам и презентации начала Международного десятилетия действий по криосферным наукам 2025-2034 годов.

Глава нашего государства, уважаемый Эмомали Рахмон приглашён для участия в этих международных мероприятиях со стороны руководства Франции и организации ЮНЕСКО в качестве руководителя страны – инициатора и лидер в продвижении глобальных водных и климатических вопросов.
В ходе этого визита Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают министр иностранных дел, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей, Министр энергетики и водных ресурсов, председатель Комитета по охране окружающей среды, директор Агентства гидрометеорологии и другие официальные лица.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фаронса #Франция #France #UNOC #SaveOurOcean

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍31👏1
Боздиди вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз Неругоҳи барқи обии “Себзор” (ноҳияи Роштқалъа)

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар самти таъмини боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кишвар ба ҳисоб меравад.

Сохтмони ин неругоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани таъминоти барқ дар ВМКБ, дастрасии доимӣ ба неруи барқ барои аҳолӣ ва инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ мебошад.


Ёдовар мешавем, ки ба истифодадиҳии агрегати якуми неругоҳ бо тавоноии 3,6 МВт моҳи ҷорӣ дар назар аст.


@mewrtj
2👏2👍1