Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
358 subscribers
1.47K photos
123 videos
4 files
355 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
ИМЗОИ ҚАРОРДОДИ ИЛОВАГӢ БАЙНИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» ВА ШИКАТИ «САНГТӮДА САНГОБ»

29-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи сафари Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудирияти ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб» Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ аз 17-уми январи соли 2006 ба имзо расонид шуд.


Маврид ба зикр аст, ки дар доираи густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори лоиҳавии 220 МВт (бо насби ду агрегати 2x110 МВт) ҳамчун бузургтарин сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон амалӣ гардид.

Маблағи умумии лоиҳа 318,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ин 278,9 миллион доллар саҳми Ширкати «Фароб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 40 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истеҳсоли солонаи неругоҳи мазкур 900 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад, ки ба 4,1 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар доираи ин қарордоди иловагӣ, як қатор масъалаҳои техникӣ ва иқтисодӣ аз нав баррасӣ гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки Қарордоди иловагӣ №2 бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар асоси натиҷаҳои музокироти созанда ва ҳусни тафоҳуми бадастомада миёни роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати «Фароб» рӯйи кор омад.

@mewrtj
👍3👏211
29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим қадр мекунем.
Аз рушди бемайлони муносибатҳои кишварҳо изҳори қаноат карда шуда, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар заминасози ин раванд номида шуд.

29 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон встретился с Премьер-министром Исламской Республики Пакистан Шахбазом Шарифом, который прибыл в Душанбе для участия в первой Международной конференции высокого уровня по сохранению ледников.

На встрече были обсуждены текущая повестка дня отношений двух стран и другие вопросы, представляющие взаимный интерес.
Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон заявил: «Мы ценим вклад Пакистана в реализацию глобальных инициатив Таджикистана по вопросам климата и воды».
Была выражена удовлетворенность поступательным развитием двусторонних отношений, при этом историческое и культурное родство двух стран было названо основой данного процесса.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Покистон #Пакистан #Pakistan #ICGP2025 #Glaciers2025 #DushanbeGlaciersConference

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍31👏1
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ICGP2025 #Glaciers2025 #DushanbeGlaciersConference

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1👍1👏1