Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
349 subscribers
1.4K photos
119 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
14-уми майи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Алӣ Муҳаммад Хан, роҳбари Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд дар шаҳри Алмаато, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуд.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» қарор гирифт.

Изҳори итминон гардид, ки дар ҳамкории зич ва тавассути ҳамоҳангсозии фаъол, татбиқи пурраи Лоиҳаи «CASA-1000» амалӣ гардида, ба таъмини рушди устувор ва амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍61🔥1
🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» шуруъ шуд

🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰В Национальной библиотеке Таджикистана началось очередное заседание Межправительственного совета Регионального проекта по передаче электроэнергии «CASA-1000»

🇹🇯🇰🇬🇦🇫🇵🇰A regular meeting of the Intergovernmental Council of the CASA-1000 Regional Electricity Transmission Project has begun in the National Library of Tajikistan

@mewrtj
👍61🔥1
15-уми майи соли 2025, Душанбе. – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), Директори генералии «Da Afghanistan Breshna Shirkat» Доктор Абдул Бари Омар ва шарикони рушд баргузор гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа зимни суханронии ифтитоҳӣ, нахуст ҳозиринро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ иброз дошт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи «CASA-1000» дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидаанд. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.

- 31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» зери шиддат гузошта шуд ва аллакай, имрӯз мо метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем. Пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор кишвар на танҳо натиҷаи талошҳои худи кишварҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин Лоиҳаи стратегӣ ва минтақавӣ мебошад, - таъкид кард Далер Ҷумъа.


Гуфта шуд, ки гурӯҳи кории муштарак Кодекси техникии лоиҳаро таҳия намудааст, ки барои тасдиқ ба Шурои байниҳукуматӣ пешниҳод мегардад. Бешубҳа, ин санад муҳим буда, ба рӯйхати Созишномаҳои асосии Лоиҳа дохил мешавад. Риояи Кодекси техникӣ ба хусус дар заминаи ҳамгироии параллелии низоми энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти вижа дорад.

Дар идома намояндагони кишварҳои аъзои лоиҳа, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд баромад намуданд.
Сипас, вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон рӯнамоҳо манзур гашт.

Дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Кодекси техникии лоиҳа тасдиқ гардид.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Пртоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба имзо расонида шуд.


@mewrtj
👍4👏1🤝1
Гузориши аксӣ аз ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи "CASA-1000"

@mewrtj
👍51🤝1
Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ шомил гардид.

Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ таҳти роҳбарии Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамояд. Он аз 11 аъзо аз 9 давлат иборат мебошад, ки 10 коршиноси сатҳи баланд ва як мушовири илмиро дар бар мегирад.

Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ зери роҳбарии собиқ Сарвазири Исландия ташкил карда шуда, мутахассисонеро аз кишварҳои гуногуни Аврупо ва Осиёи Марказӣ муттаҳид менамояд, ки дорои таҷрибаи бой дар соҳаҳои тандурустӣ, рушди устувор, муҳити зист, ҳуқуқ ва сиёсати давлатӣ мебошанд.

@mewrtj
👍2🔥1👏1
17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Данғара #Дангара #Danghara

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍2🔥1👏1