Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
350 subscribers
1.4K photos
119 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти мамлакат таъсис дода шуда, дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятии мушаххас муқаррар карда шуд.

Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон, ки дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, иброз доштанд.

Бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ба масъалаи сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.

Зеро талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.

Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20 фоиз ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Талафоти неруи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳри ноҳияҳои Рӯдакӣ 69 фоиз, Ҳисор 51, Вахш 36, Данғара 35, Восеъ 34, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33-фоизӣ, Ховалинг ва Кушониён 32, Шаҳринав 31, Левакант 30, Ваҳдат ва Фархор 29-фоизӣ, Ёвон ва Муъминобод 28-фоизӣ, Истаравшан ва Хуросон 27-фоизӣ, Панҷ ва Файзобод 26 фоизиро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад.


Инчунин, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 83,5 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9 фоиз иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯйи арзонии неруи барқ дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои дунё қарор дорад.

Вобаста ба ин, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик», шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва дигар ширкатҳои соҳа, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд.


Дар баробари ин, фаъолиятро ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ, сарфаи он ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодагардида тақвият диҳанд.

@mewrtj
👍21🔥1
ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

18-уми майи соли 2025, Душанбе. – Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.


Ин иқдом дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ, мустаҳкам намудани тандурустии аҳолӣ ва таҳкими арзишҳои ҳаёти солим мебошад.

@mewrtj
👍3👏31
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ҚАТЪИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТА БА ПУРЗӮР НАЗОРАТ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

17-уми май, ноҳияи Данғара, Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон

@mewrtj
👍1🔥1
Давоми солҳои охир тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷуҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз таъсири тағйирёбии иқлим дар канор намондааст, бахусус бар асари гармшавии иқлим ва афзоиши газҳои гулхонаӣ раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон шиддат ёфта, дар панҷоҳ соли охир аз 14509 пирях дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях комилан об шудааст. Агар раванди мазкур бо чунин тамоюл густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то 1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд мешаванд ва майдони зери ях қарордошта дар бисёр минтақаҳои кишвар то 20-25 фоиз кам мешавад.

Шакли пурраи мавод

@mewrtj
👍5🔥1👏1
НБО “СЕБЗОР”: АГРЕГАТИ АВВАЛ МОҲИ ИЮН БА ИСТИФОДА ДОДА ХОҲАД ШУД

20-уми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид вазир бо муҳандисон ва масъулони лоиҳа суҳбат намуда, ҷараёни татбиқи корҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, то имрӯз 85 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расида, ҷиҳати ба истифода супоридани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 МВт дар моҳи июни соли равон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

@mewrtj
👍72👏1💩1
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ПАЛАТАҲОИ ТИҶОРАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Дар ҳошияи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ вохӯрӣ намуд.


Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об табодули афкор намуда, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби сармояи ширкатҳои Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

@mewrtj
👍61