Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
ЧОРАБИНИИ ЯКУМИ МАҲФИЛИ «НУРОФАРОН»-И ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ
✅ @mewrtj
«85 БАҲОРИ УМРИ БАҲРОМ СИРОҶЕВ: РИСОЛАТИ ЗИНДАГӢ ВА ХИЗМАТИ СОДИҚОНА БА РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК»
✅ @mewrtj
👍5❤1🔥1
30-юми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеи Вазорат баргузор гардид. Дар он Насим Шамсиддинзода ва Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозирони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва илова ба Кодекси ҷиноятӣ , ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ пешбинӣ менамояд, ибрози назар кард.
Сипас, аз ҷониби Нуриддин Сайфиддинзода Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Муфассал

👍4⚡1❤1🔥1
Forwarded from Азия-Плюс TJ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ASIA-Plus
Чӣ тавр нозири барқро аз қаллоб метавон фарқ кард?
Дар пайи муқаррар шудани ҷазо барои “дуздӣ”-и барқ дар Кодекси ҷиноятӣ мақомот давоми як моҳи охир чаҳор нозири барқро дар вилояти Хатлон бо гумони дуздии пули барқ боздошт карданд. Чанде қабл дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як нозири барқро бо гумони азхудкунии…
👍3⚡1🔥1🆒1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар ноҳияи Шаҳринав корҳои тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ, инчунин пешгирии қонунвайронкунӣ ҳангоми истифодаи он, бо усулҳои "хона ба хона" ва "маҳалла ба маҳалла" ба роҳ монда шудааст.
©️Телевизиони Тоҷикистон
✅ @mewrtj
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти истифодаи дурусти неруи барқ, пешгирии талафоти неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои муқаррарнамудаи истифодаи қувваи барқ роҳандозӣ гардидааст.
©️Телевизиони Тоҷикистон
✅ @mewrtj
👍2🔥1
🇹🇯IRENA: ТОҶИКИСТОН АЗ ЛИҲОЗИ ИҚТИДОРҲОИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ПЕШСАФ АСТ
Тибқи гузориши солонаи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 10 соли ахир (2015-2024) иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (МВт) афзоиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.
Муфассал
Подробнее

Иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 МВт дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шудааст, ки ин, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.
Айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍3❤1
🥇Омӯзгори кафедраи Неругоҳҳои барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикруллоҳ Ҳабибуллозода, дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни докторантҳо аз рӯи ихтисоси (Phd) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар бахши табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар самти физика мақоми аввалро касб кард.
Барои ин комёбӣ Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикруллоҳ Ҳабибуллозодаро бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадр кард.
✅ @mewrtj
Барои ин комёбӣ Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикруллоҳ Ҳабибуллозодаро бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадр кард.
✅ @mewrtj
👏4👍1🔥1
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Дастуру тавсияҳои мушаххас доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дода шуд.
✅ @mewrtj
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Дастуру тавсияҳои мушаххас доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дода шуд.
✅ @mewrtj
👍4🔥1👏1
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025, №1029, Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ – яке аз кадрҳои лаёқатманду соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика ва дастпарварони Вазорати энергетика ва захираҳои об директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Сорбон Холмуҳамадзода аз соли 2011 то соли 2022 дар мансабҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори раёсат ва сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи июни соли 2022 то моҳи марти соли 2024 дар мансаби муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Аз моҳи марти соли 2024 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Ба Сорбон Холмуҳамадзода дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.

Маврид ба зикр аст, ки Сорбон Холмуҳамадзода Донишгоҳи энергетика ва алоқаи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (магистратура)-ро ихтисосҳои электроэнергетика ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар энергетика хатм карда, номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Ба Сорбон Холмуҳамадзода дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.
✅ @mewrtj
👍9❤3⚡1👏1🆒1
🇹🇯🇮🇷05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз ифтитоҳ ёфт.
Вазири энергетика ва захираҳои об нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми дӯсту бародари доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари «Шаҳид Раҷоӣ»-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.

Дар идома вазир аз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-17-уми январи соли 2025) ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт: "Зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд Роҳбарони Олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ ва дар робита ба рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд".
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.
Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍3❤1🔥1👏1
🇹🇯🇮🇷05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи форум вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа баромад намуда, барои пазироии гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба ҷониби эронӣ изҳори сипос кард.
Дар доираи Форум сармоягузориву соҳибкорӣ боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Неругоҳи барқии «Ҳофиз» ва Гурӯҳи ширкатҳои саноатии «Fateh Industry Holding Co.» ба нақша гирифта шудааст.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj

Вазири энергетика ва захираҳои об иброз дошт, ки бо талошҳои сарварон давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҳамкорӣ миёни ду кишвари баҳам дӯсту бародар рушду тавсеа меёбанд.
Дар доираи Форум сармоягузориву соҳибкорӣ боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Неругоҳи барқии «Ҳофиз» ва Гурӯҳи ширкатҳои саноатии «Fateh Industry Holding Co.» ба нақша гирифта шудааст.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj
👍5❤1🔥1👏1
🇹🇯🇮🇷 Гузориши аксӣ аз рафти ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Форуми сармоягузориву соҳибкорӣ, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Shiraz Grand Hotel»-и шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
✅ @mewrtj
✅ @mewrtj
👍8❤1🔥1