Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
340 subscribers
1.39K photos
117 videos
4 files
345 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
02-юми майи соли 2025, Роштқалъа. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” шинос шуд.

Тибқи иттилои масъулон, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот тамоми имкониятҳо мавҷуда сафарбар гардидааст.
Айни замон, 80 дарсади корҳоисохтмонӣ ба анҷом расониданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар ҷараёни боздид ба масъулон дастур доданд, ки бо назардошти аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии ин неругоҳ, ҷараёни сохтмонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд, сифат ва муҳлати иҷрои корҳои техникӣ қатъиян риоя гардад.


Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍611👏1
ДИҚҚАТ!!! ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

🔹Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой,

🔹Мудири бахши иҷозатномадиҳӣ – 1 ҷой,

🔹Сармутахассиси шуъбаи ба ҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ – 1 ҷой,

🔹Сармутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат – 2 ҷой,

🔹Мутахассиси пешбари бахши котибот – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати электроэнергетика – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой,

🔹Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой,


📌Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.

☎️Телефон барои тамос 235-97-68,
mewr.tj, e-mail: [email protected]

Муфассал

@mewrtj
👍4🔥1😐1🆒1
🇹🇯🇮🇷06-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Дар рӯзи дуюми ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маросими баимзорасонии Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссия сурат гирифт.

✍️Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссия Далер Ҷумъа ва  вазири неруи  Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси қисмати эронии Комиссия Аббос Алиободӣ ба имзо расонданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори Комиссия роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъсиси кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои пайгирии тавофуқоти бадастомада ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ гардид.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
2🔥1
Forwarded from Азия-Плюс TJ
🇹🇯🇮🇷Тоҷикистону Эрон 5 санади ҳамкории иқтисодӣ имзо кардаанд

Дирӯз, 6-уми май дар шаҳри Шерози Эрон нишасти 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон таҳти раёсати Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломӣ дар шаҳри Шероз, ки рӯзи 5-уми май оғоз шуда буд, ба анҷом расид. Дар рӯзи охири чорабинӣ байни ду кишвар 5 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ба имзо расидааст:

🔹Созишномаи Комиссияи муштараки Эрон ва Тоҷикистон;
🔹Созишномаи ҳамкорӣ миёни Созмони миллии стандартии Эрон ва Агентии стандартизатсияи Тоҷикистон;
🔹Созишнома ҳамкорӣ байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон;
🔹Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Сотроби формадгустари порсиён”-и Эрон бо Иттиҳоди миллии моҳипарварии Тоҷикистон
🔹Созишнома ҳамкории Созмони сармоягузории Эрон бо ширкати “Инвест Тоҷикистон”.


Ба иттилоъи хабаргузории Исно, Далер Ҷумъа аз натиҷаҳои ҷаласаи баргузоргардида изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки “умедворем ин дидорҳо боиси эҷоди заминаи устувор барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо хоҳанд шуд”.


Аббос Алиободӣ гуфтааст, “санадҳое, ки имрӯз бо ҳадафи густариши робитаҳои тиҷорӣ дар бахшҳои хидматрасонии фаннӣ, муҳандисӣ ва коло ба имзо расид, барои пуштибонӣ аз тоҷирон ва фаъолони иқтисодии Эрону Тоҷикистон меҳварҳоеро мушаххас кардааст, ки дар таҳкими ҳамкориҳо бисёр муҳиманд”.


Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍21🔥1
Шарҳи моддаи 253 прим 1: Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ аз ҷониби сардори раёсати ҳуқуқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Рамазонзода

Дахолат ба ҳисобкунаки барқӣ ва тағйири нишондоди он

– Яъне аз ҷониби муштарӣ, ки бо ташкилоти таъминкунандаи барқ шартнома ба имзо расонидааст ва ҳисобкунаки барқӣ васл шудааст, бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ дахолат намуда, нишондоди онро тағйир медиҳад. Ҳамзамон, дар диспазитсияи қисми якуми модда кирдори дигаре низ пешбинӣ гардидааст, яъне истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ. Ин чӣ маъно дорад? Яъне истифодабарандаи қувваи барқ, бе васлкунии ҳисобкунаки барқӣ (ба истилоҳи шаҳрвандон “счетчик”) ба шабакаҳои барқӣ пайваст шуда, қувваи бақро истифода мебарад. Ин кирдорҳои қисми якуми модда, ки гуфта гузаштем, ҳангоме ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Яъне шахс дар давоми як соле, ки нисбати ӯ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад, дар боз ҳамин кирдорро такрор кунад, аллакай кирдори ӯ бо ҳамин қисми якуми моддаи иловагардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда мешавад.


Шакли пурраи мавод

@mewrtj
👍5🔥1👏1
07-уми майи соли 2025, Душанбе. – Бонувони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Куруши Кабир” баргузор гардид, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.


Ҳамзамон, иқдом мазкур як василаи муҳим барои муаррифии ҳунару санъати миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, махсусан насли ҷавон ба мероси фарҳангии ниёгон арзёбӣ мегардад.

Аксҳои бештар

@mewrtj
👍121🔥1👏1