Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
339 subscribers
1.39K photos
116 videos
4 files
345 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
⚡️Ҳоло дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад.

⚡️В настоящее время в стране продолжается реализация 20 государственных инвестиционных проектов в области энергетики на общую сумму 1 млрд 653 млн долларов, что составляет 36 процентов от общего объема государственных инвестиционных проектов.

@mewrtj
👍321🔥1
Дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.

В результате реализации инициатив Правительства страны по развитию энергетической отрасли было введено в эксплуатацию более 2000 мегаватт новых мощностей, а объём производства электроэнергии был увеличен с 17 млрд киловатт-часов в 1991 году до 22,4 млрд киловатт-часов в 2024 году.

@mewrtj
🔥31👍1
🇹🇯🇷🇺25-уми апрели соли 2025, Москва. – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод.

Дар ин вохӯрӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст Коҳир Расулзода барои даъват ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзалиятнок будани рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро таъкид кард.

Зикр гардид, ки Россия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли гузашта гардиши савдо қариб 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми савдои мутақобила тақрибан 40 фоиз афзоиш ёфтааст.


Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, тиб, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

@mewrtj
👍5🕊1🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика

@mewrtj
👍41🥰1
25-уми апрели соли 2025, Москва (Федератсияи Россия). - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар марҳалаи дуюми намоишгоҳи «Ғолибони дукарата. Нур барои зиндагӣ», ки Осорхонаи Ғалаба баргузор гардид, иштирок намуд.

Намоишгоҳ, ки бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил шуда буд, аз ҷониби вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв ифтитоҳ ёфт.

Зикр гардид, ки кормандони соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар таъмини ғалаба дар ҶБВ саҳми бузург ва арзишманд доранд.


@mewrtj
👍21🔥1
🇹🇯🇷🇺25-уми апрели соли 2025, Москва. – Дар ҳошияи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Федератсияи Россия Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба баҳрабардории НБО «Сангтӯда-1» аз 30 июли соли 2009 ба имзо расонидана шуд.

Протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв ба имзо расониданд.

Дар доираи санади мазкур як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияи НБО «Сангтӯда-1» танзим мегарданд.

Зимни маросими баимзорасонии Протокол таъкид гардид, ки ин санади дар самти таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаи энергетика заминаи боз ҳам мусоидро фароҳам хоҳад овард.


НБО «Сангтӯда-1» бо иқтидори лоиҳавии 670 МВт яке аз неругоҳҳои бузурги амалкунанда буда, тақрибан 12%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар кишвар таъмин мекунад.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍51🤝1
25 апрел дар иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи «Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъғйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Тибқи Қатънома ҷонибҳо аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва нишасти минтақавии тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2026 истиқбол намуда, аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои мазкур даъват карданд.

Ҳамзамон қатъномаи мазкур Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф шудани 21 март ва баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун имкони мусоид дар таҳкими ҳамдилии байналмилалӣ номидааст.

Мавриди таъкид аст, ки қабул гардидани ташаббуси мазкур нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад. сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.

@mewrtj
👍21👏1
27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар робита ба ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди мардум барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷеабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷрӯҳон шифои комил масъалат дорам.


27 апреля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил Президенту Исламской Республики Иран уважаемому Масъуду Пизишкиёну телеграмму соболезнования, в связи с сильным взрывом в порту Шахида Раджои в городе Бандар Аббас Исламской Республики Иран, повлекшем гибель людей и большое количество пострадавших.

В связи с этим трагическим событием, с чувством солидарности с Исламской Республикой Иран, выражаю Вам, государству и дружественному народу Ирана наши искренние соболезнования и сочувствия, прошу у Всевышнего о его милости к погибшим. Всем пострадавшим желаю полного выздоровления.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #Эрон #Иран #Iran

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍2😢1🤝1
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак - низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.


29 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Председателя Парламентской Ассамблеи Организации по безопасности и сотрудничеству в Европе, члена парламента Финляндии госпожу Пиа Лиису Кауму.

На встрече были обсуждены текущее состояние и перспективы комплекса сотрудничества Таджикистана с Организацией по безопасности и сотрудничеству в Европе, в том числе межпарламентские связи.
Президент страны подчеркнул, что Таджикистан рассматривает Организацию важным институтом для конструктивного диалога во всех трёх измерениях - военно-политическом, экономико-экологическом и человеческом.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СААД #ОБСЕ #OSCE

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍21
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.


29 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Генерального директора Продовольственной и сельскохозяйственной организации Объединённых Наций Цюй Дунъюя.

На встрече были обсуждены вопросы сотрудничества Таджикистана с Организацией Объединённых Наций и её институтами, в том числе с Продовольственной и сельскохозяйственной организацией.
Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон выразил удовлетворение постоянной поддержкой Организацией усилий Правительства Таджикистана по реализации национальных приоритетов устойчивого развития.
Большое внимание было уделено укреплению потенциала агропромышленного комплекса, обеспечению стабильной продовольственной системы, адаптации к последствиям изменения климата и охране окружающей среды.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СозмониОзуқаворӣ #ФАО #FAO

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍41