Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
343 subscribers
1.4K photos
117 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи 7-уми Шурои ҳавзавии дарёи Зарафшон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои таҳияи Нақшаи идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки тибқи методологияи нави Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда истодааст, баррасӣ гашт.

@mewrtj
👍311🔥1
🇹🇯🇷🇺22-юми апрели соли 2025, Москва (Федератсияи Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини якуми вазири энергетикаи Федератсияи Россия Павел Сорокин вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла танзими фаъолияти Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”-ро мавриди баррасии муфассал қарор доданд.


@mewrtj
👍31🔥1🤝1
🇹🇯🇷🇺22-юми апрели соли 2025, Москва (Федератсияи Россия). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Александр Новак мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳоро дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, танзими фаъолияти Неругоҳи барқи обии муштараки «Сангтӯда-1» дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт.


Ҳамзамон, мусоҳибон омодагии хешро баҳри таҳкими равобити дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика иброз дошта, аҳамияти ҳамгироии зичи тарафайнро барои таъмини амният ва суботи энергетикӣ таъкид намуданд.

@mewrtj
👍5🤝1🆒1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Андешаҳои кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳаи энергетика оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тақвияти назорат ва танзими истифодаи самараноки қувваи барқ, инчунин пешгирӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи энергетика, ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.


Кодекси ҷиноятӣ, моддаи 253^1. Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ


©️ Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍51🔥1
25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.
Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

25 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон провёл рабочее совещание с руководителями и ответственными лицами ряда государственных структур и инвестиционных проектов в области энергетики.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что целью проведения совещания является обсуждение реализации государственных инвестиционных проектов в энергетической сфере, в частности, проектов по сокращению потерь электроэнергии и устранению имеющихся недостатков в этом направлении.
Вместе с тем, Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил, что вопрос обеспечения населения и социально-экономических сфер электроэнергией является одним из главных приоритетов и в этом направлении Правительством страны принимается ряд действенных мер.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #барқ #электричество #electricity

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍411