Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
369 subscribers
1.57K photos
135 videos
4 files
375 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
25-уми июни соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи баланд бардоштани дониши шаҳрвандону сохибкорон дар самти андозу андозбандӣ, фарҳанги андозсупорӣ, пешбурди ҳисобдории муҳосибӣ, маърифати молиявӣ, пеширии конуншиканиҳо, тамини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шарҳи муқаррароти Кодекси андоз, хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва дигар навгониҳои соҳа семинар-машварат баргузор гардид.
1👍1👏1
26 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо ба истифода додани зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ ифтитоҳ кардани 4 неругоҳи барқии обии хурд оғоз ёфт.

Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст.

26 июня рабочая поездка Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в Рушанский район началась с ввода в эксплуатацию электростанции Джангал мощностью 110/35/10 киловольт и виртуального открытия 4-х малых гидроэлектростанций.

Электрическая подстанция 110/35/10 кВ в Рушанском районе предназначена для передачи 8 мегаватт электроэнергии в Рушанский, Ванчский и Дарвазский районы. В ней установлены два трансформатора мощностью по 4 тысячи киловольт-ампер каждый.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Рӯшон #Рушан #Rushon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍321👏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ГУЗОРИШ АЗ ИФТИТОҲИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ 110/35/10 кВ-и “ҶАНГАЛ” ВА НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИИ ОБИИ ХУРДИ “РАВМЕД”, “АҶИРХ”, “МИДЕНЧИН” (НОҲИЯИ РӮШОН) ВА “ЁГЕД” (НОҲИЯИ ДАРВОЗ)

@mewrtj
👍41👏1
26-уми июни соли 2025 дар шаҳри Нинбои Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд, ки дар кори он Шарифа Худобахш – муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуд.

Маросими ифтитоҳи ҷаласа таҳти унвони «Инноватсия ва ҳамгироӣ: энергия ояндаро муайян мекунад» сурат гирифта, зимни он ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо дар доираи созмон баррасӣ шуд.

Муовини вазир зимни суханронии худ дар ҷаласаи вазирон аз захираҳои бойи энергетикии аз ҷиҳати экологи тозаи кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар доираи СҲШ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва омода аст, таҷриба ва иқтидорҳои мавҷудаи худро баҳри рушди ҳамгироии минтақавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ равона намояд.


Ҷиҳати ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи энергияи барқароршаванда ва татбиқи ҳадафҳои умумии минтақавӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

@mewrtj
👍321🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
26-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии "Себзор"-ро ифтитоҳ намуданд.

@mewrtj
2👏21👍1🆒1