Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
369 subscribers
1.57K photos
135 videos
4 files
375 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
26-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятмон аз ҷониби Пешвои миллат ба 100 наврас маҷмуи сару либос, маводи конселярӣ, ширинӣ ва дигар ҳадяҳо тақдим карда шуд.


@mewrtj
2👍1🥰1😍1
🇹🇯🇨🇳26-уми июни соли 2025 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҳошияи Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (Нинбо, Хитой) бо муовини роҳбари Идораи давлатии энергетикаи Ҷумҳурии Халқии Хитой Жэн Сзиндун вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти идоракунии самараноки энергетика табодули афкор намуданд.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои об ба ҷониби Чин барои мизбонии сатҳи баланди Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои СҲШ ва муҳайё намудани фазои созгор ҷиҳати рушди муколамаи созанда изҳори миннатдорӣ кард.


Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва васеъ намудани заминаҳои нав дар самти энергетика таъкид карданд.

@mewrtj
3👍2🕊1🤝1
🇹🇯Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки рамзи сулҳу субот, ягонагӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон аст, муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Бигузор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бимонад ва кишвари маҳбубамон зери парчами дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёбад!


🇹🇯С Днём национального единства, дорогие соотечественники!

Этот день является символом мира, стабильности, сплочённости и единства народа Таджикистана.

Пусть национальное единство всегда остаётся прочным, а наша любимая страна развивается под знаменем дружбы и взаимопонимания!


#27июн

@mewrtj
👍42🔥1🎉1
27-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи консертии устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят баргузор гардид, ки бо шукуҳу шаҳоматаш мақбули меҳмонони ҷашнвора шуд.


@mewrtj
41👍1🔥1