Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
343 subscribers
1.4K photos
117 videos
4 files
346 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак - низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.


29 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Председателя Парламентской Ассамблеи Организации по безопасности и сотрудничеству в Европе, члена парламента Финляндии госпожу Пиа Лиису Кауму.

На встрече были обсуждены текущее состояние и перспективы комплекса сотрудничества Таджикистана с Организацией по безопасности и сотрудничеству в Европе, в том числе межпарламентские связи.
Президент страны подчеркнул, что Таджикистан рассматривает Организацию важным институтом для конструктивного диалога во всех трёх измерениях - военно-политическом, экономико-экологическом и человеческом.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СААД #ОБСЕ #OSCE

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍21
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.


29 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Генерального директора Продовольственной и сельскохозяйственной организации Объединённых Наций Цюй Дунъюя.

На встрече были обсуждены вопросы сотрудничества Таджикистана с Организацией Объединённых Наций и её институтами, в том числе с Продовольственной и сельскохозяйственной организацией.
Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон выразил удовлетворение постоянной поддержкой Организацией усилий Правительства Таджикистана по реализации национальных приоритетов устойчивого развития.
Большое внимание было уделено укреплению потенциала агропромышленного комплекса, обеспечению стабильной продовольственной системы, адаптации к последствиям изменения климата и охране окружающей среды.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #СозмониОзуқаворӣ #ФАО #FAO

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
👍41
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
ЧОРАБИНИИ ЯКУМИ МАҲФИЛИ «НУРОФАРОН»-И ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ
«85 БАҲОРИ УМРИ БАҲРОМ СИРОҶЕВ: РИСОЛАТИ ЗИНДАГӢ ВА ХИЗМАТИ СОДИҚОНА БА РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК»


@mewrtj
👍51🔥1
30-юми апрели соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеи Вазорат баргузор гардид. Дар он Насим Шамсиддинзода ва Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозирони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, доир ба зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва илова ба Кодекси ҷиноятӣ , ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ пешбинӣ менамояд, ибрози назар  кард.

Сипас, аз ҷониби Нуриддин Сайфиддинзода Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Муфассал

@mewrtj
👍411🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар ноҳияи Шаҳринав корҳои тарғиботӣ ҷиҳати истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ, инчунин пешгирии қонунвайронкунӣ ҳангоми истифодаи он, бо усулҳои "хона ба хона" ва "маҳалла ба маҳалла" ба роҳ монда шудааст.

Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти истифодаи дурусти неруи барқ, пешгирии талафоти неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои муқаррарнамудаи истифодаи қувваи барқ роҳандозӣ гардидааст.


©️Телевизиони Тоҷикистон

@mewrtj
👍2🔥1
🇹🇯IRENA: ТОҶИКИСТОН АЗ ЛИҲОЗИ ИҚТИДОРҲОИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ПЕШСАФ АСТ

Тибқи гузориши солонаи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 10 соли ахир (2015-2024) иқтидорҳои насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия 15,8% ё 781 мегаватт (МВт) афзоиш ёфтааст.


Иқтидори умумии манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз 4957 МВт дар соли 2015 то 5738 МВт дар соли 2024 зиёд шудааст, ки ин, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.


Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи дар ҷойи шашум қарор дорад.

Айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍31
🥇Омӯзгори кафедраи Неругоҳҳои барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикруллоҳ Ҳабибуллозода, дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни докторантҳо аз рӯи ихтисоси (Phd) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар бахши табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар самти физика мақоми аввалро касб кард.

Барои ин комёбӣ Раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикруллоҳ Ҳабибуллозодаро бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадр кард.

@mewrtj
👏4👍1🔥1
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.


Дастуру тавсияҳои мушаххас доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии он дода шуд.

@mewrtj
👍4🔥1👏1
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025, №1029, Холмуҳамадзода Сорбони Амирхонӣ – яке аз кадрҳои лаёқатманду соҳибтаҷрибаи соҳаи энергетика ва дастпарварони Вазорати энергетика ва захираҳои об директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Сорбон Холмуҳамадзода аз соли 2011 то соли 2022 дар мансабҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори раёсат ва сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи июни соли 2022 то моҳи марти соли 2024 дар мансаби муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи марти соли 2024 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Маврид ба зикр аст, ки Сорбон Холмуҳамадзода Донишгоҳи энергетика ва алоқаи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (магистратура)-ро ихтисосҳои электроэнергетика ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар энергетика хатм карда, номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Ба Сорбон Холмуҳамадзода дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.

@mewrtj
👍931👏1🆒1
🇹🇯🇮🇷05-уми майи соли 2025, Шероз (Эрон). – Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни ду кишвар таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири неруи  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Шероз ифтитоҳ ёфт.

Вазири энергетика ва захираҳои об нахуст ҳамдардӣ ва изҳори тассалияти амиқи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми дӯсту бародари доир ба фоҷиаи нобаҳангоми бавуқуъомада дар Бандари «Шаҳид Раҷоӣ»-и шаҳри Бандар Аббос баён дошт.

Дар идома вазир аз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-17-уми январи соли 2025) ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт: "Зимни мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд Роҳбарони Олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ ва дар робита ба рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд".


Гуфта шуд, ки дар соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 377,7 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 123,2 млн. доллар ё 48,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар се моҳи аввали соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 110,6 млн. долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн доллар ё 42,9 фоиз зиёд шудааст.

Дар кори комиссия тарафҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат ва маъдан, сармоягузорӣ, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, геология, харитасозӣ, стандартизатсия, гумрук, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, об, нафту газ, энергетика, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, кишоварзӣ, садо ва симо  мавриди баррасӣ қарор доданд.


Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 06-уми майи соли 2025 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍31🔥1👏1