Азия-Плюс TJ
30.2K subscribers
10.5K photos
2.45K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.14

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Сӯхтор дар маркази савдои Ҳонконг

Наҷотдиҳандагон беш аз 150 нафарро эвакуатсия карданд. Дар бораи фавтидагон хабар дода нашудааст.

Шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки ҳангоми сӯхтор кормандони яке аз тарабхонаҳои маркази тиҷоратӣ меҳмононро то пардохт накардани ҳисоб раҳо накарданд.

@asiaplustj
🔺 Русия тағйир дар "Sputnik V"-ро барои штамми "омикрон" сохтааст.

Маркази миллии тадқиқотии Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиология тағйироти ваксинаи Sputnik V-ро бар зидди штамми омикронии коронавирус таҳия кардааст.

Айниҳол ваксина аз марҳилаи аввали озмоишҳои клиникӣ мегузарад.

@asiaplustj
🔺 Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" хабар додааст.

@asiaplustj
Мадина Мамадҷонова дар беморхона даргузашт

Мадина Мамадҷонова, баъди сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.

Даргузашти ӯро вакили мудофеяш Оқил Сангов ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Ба гуфтаи Сангов, Мадина ним соат пеш даргузашт ва ҷасадаш то ҳол дар бемористон аст.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.15

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст.

Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.

Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.

Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт.

@asiaplustj