Азия-Плюс TJ
30.2K subscribers
10.5K photos
2.45K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🔺 Имрӯз дар Хоруғ нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон шуд

Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хоруғ, имрӯз ба ифтихори 85-уми солгарди Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV- пешво ва Имоми замони исмоилиёни шиаи низории ҷаҳон равуоро дар дохили шаҳр бепул карданд.

Манобеъ аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки мусофиркашҳои шаҳргарди "Танген" ва таксиҳои хусусӣ имрӯ комилан ройгон барои мусофирон хидмат мерасонанд.

Ройгон шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин шаҳр дар ҳолест, ки сафар бо "Тангем" дар Хоруғ барои як нафар 2,5 сомонӣ вабо таксӣ 10 сомонӣ арзиш дорад.

Шоҳкарим Оқохони IV дар 20-солагӣ, соли 1957 пас аз падарбузургаш Оқохони III - Султон Муҳаммад Шоҳ бар тахти имомат расидааст.
Оқохони IV хатмкардаи риштаи таърихи ислом аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард аст ва имрӯз дар сатҳи ҷаҳон, хусусан дар Ғарб яке аз шахсиятҳои таъсиргузори дунё ва олами ислом эътироф мешавад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.13

Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
🔺 Толибон вохӯрии вазиронашро бо дипломатҳои хориҷӣ манъ карданд

Раҳбарияти ҳаракати тундгарои “Толибон” ба вазирони ҳукумат, инчунин дигар шахсони мансабдор вохӯриро бо дипломатҳои хориҷӣ бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ манъ кард. Тавре хабаргузории Фергана менависад, рӯзи 13 декабр дар саҳифаи “Амороти исломии Афғонистон” дар Twitter дар ин хусус хабари марбута нашр шуд.

“Нахуствазири Амороти исломии Афғонистон (мулло Муҳаммад-Ҳасан Охунд) як амр содир намуд, ки мувофиқи он ба вазирон ва мансабдорони аморат вохӯрӣ бо дипломатҳо ва сафирони давлатҳо бидуни мувофиқа бо департаменти масъули  расмиёти ташрифотӣ (протокол)-и Вазорати корҳои хориҷӣ манъ шудааст”, - омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, нусхаи асл ё матни амр оварда нашудааст.

Баъдан онҳо мансабҳои вазирӣ ва вазифаҳои ба он баробарро таъсис доданд. Аз ҷумла афроде, ки барои фаъолияти террористӣ аз ҷониби дигар давлатҳо ҷустуҷӯ мешаванду ба рӯйхатҳои таҳримотии СММ шомиланд, мансабдорони воломақоми ҳукумати Толибон шуданд.
🔺 Ҳабиб Нурмагомедов ба муборизаи Ҳасбик ва Абдурозик мухолифат кард

Ҳабиб Нурмагомедов дорандаи камарбанди қаҳрамонии мутлақи мубориза (UFC) намехоҳад, ки блогерҳо Ҳасбик ва Абдурозиқ бо ҳам мубориза кунанд. Дар ин бора ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, хабар медиҳад ТАСС.

Пеш аз ин, матбуот ба таври фаъол дуэли эҳтимолии байни блогерҳоеро, ки муборизони ҳирфаӣ нестанд, муҳокима мекарданд.

Нурмагомедов гуфт: "Ман зидди ин мубориза ҳастам. Ман мефаҳмам, ки ин як таблиғ аст, аммо намехоҳам, ки онҳо ҷанг кунанд."

@asiaplustj
🔺 Русия дигар шаҳодатномаҳои тиббиеро, ки дар Тоҷикистон барои дарёфти РВП-и Русия дода мешавад, қабул намекунад

Барои дарёфти муҷаввизи иқомати муваққатии Русия (РВП) шаҳрвандони Тоҷикистон бояд танҳо дар Русия аз муоинаи пизишкӣ гузаранд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло шаҳодатномаҳои тиббии созмонҳои тиббии Тоҷикистон қабул намешаванд.
🔺 Варзишгари тоҷик Муин Ғафуров ба далели истифодаи допинг аз набард маҳрум шуд

Варзишкори муҳорибаи омехтаи тоҷик Муин Ғафуров ба далели мусбати будани санҷиши допинг аз ширкат дар набардҳо барои 6 моҳ маҳрум шуд, хабар медиҳад MMA Fighting.