Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Чаро дар Душанбе панҷараи тирезаҳои баъзе хонаҳои истиқоматиро мекананд?

❗️Тибқи фармони Сарраёсати меъмории пойтахт, насби панҷара дар тирезаҳо қатъиян манъ аст.

«Ин қоида танҳо ба кӯчаҳои маъмурӣ (протокольный) дахл дорад»,- гуфтанд аз ин ниҳод ба @asiaplustj

📋Сабаб дар нақшаи меъмории шаҳр пешбинӣ нашудани он ва халалдор шудани симои кӯчаҳо мебошад.

Маълумоти бештарро дар Telegram-канали мо мутолиа намоед. Агар боз суол доред, пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Ширкати «Оби Зулол» якҷоя бо маркази савдои «Ашан» иқдоми солинавиро оғоз мекунанд!
Бо маблағи аз 199 сомонӣ дар «Ашан» ё бо маблағи аз 79 сомонӣ дар мағозаҳои «Би1» харид кунед, ҳатман шарбатҳои “Нури Зулол”-ро дар ҳаҷми 1л ба хариди худ ворид кунед ва имкони бурдани тӯҳфаҳои гаронро ба даст оред!
Маълумоти бештар дар саҳифаҳои расмии «Оби Зулол» дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Оё рост аст, ки ҳаҷми ҷарима барои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд шудааcт?

📆Бале, аз 1 январи соли 2025 ҷаримаҳо бинобар афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 72 то 75 сомонӣ, зиёд гардид:

🔹 Барои идораи нақлиёт бидуни муоинаи техникӣ: 225 сомонӣ;

🔹 Барои идораи нақлиёт бидуни суғуртаи ҳатмӣ: 75 сомонӣ;

🔹 Барои аз меъёр зиёд кардани суръати ҳаракати нақлиёт: аз 75 то 225 сомонӣ;

🔹 Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ҳангоми пешгузарӣ: аз 225 то 375 сомонӣ;

🔹 Барои интиқоли бори хатарнок ё калонҳаҷм бе риояи қоидаҳо:

– барои шахсони воқеӣ: аз 3750 то 5250 сомонӣ;
– барои шахсони мансабдор: аз 9000 то 11250 сомонӣ;
– барои шахсони ҳуқуқӣ: аз 22500 то 30000 сомонӣ.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Оё шумо истеъмоли хӯрокро бе кетчуп тасаввур карда метавонед?
Бо кетчупи классикӣ ва тези “Нури Зулол” ба хуроки худ маззаи нокакрор илова намоед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Оё дар Тоҷикистон бо шаҳодатномаи ронандагии Русия рондани воситаи нақлиёт мумкин аст?

Бале. Мувофиқи қисми 5 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати нақлиёт», дар қаламраваи кишвар 🪪шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалии давлатҳои дигар эътироф мешаванд, агар онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, мувофиқат кунанд.

Тоҷикистон инчунин узви Конвенсияи Вена дар бораи ҳаракати нақлиёт мебошад ва шаҳодатномаҳои ронандагии Русияро эътироф мекунад.

❗️Ва як нуқтаи муҳим: дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ қайд карданд, ки шахсони дорои шаҳодатномаҳои ронандагии Русия ҳамчунин бояд талони қайди қоидавайронкунӣ низ гиранд.

Барои маълумоти бештар метавонед ба Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат намоед.
Агар боз суол доред?- пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
_

Таблиғ: Оби функсионалии “Obi Zulol RELAX” — маҳз он чизест, ки барои мутобиқат лозим аст. Бӯйи форами лаванда ва ванил нигарониро аз байн бурда, оромиву осудагӣ мебахшад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Оё барои иваз кардани шиносномае, ки муҳлати он тамом нашудааст, ҷарима супоридан лозим аст?

🪪Не, моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои истиқомат бе шиноснома ё бо шиносномаи ғайриэътибор пешбинӣ мекунад. Барои ин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 75 то 150 сомонӣ муқаррар шудааст. Аммо агар дар давоми як сол ин қонуншиканӣ такрор шавад, пас ҷарима аз 150 то 225 сомониро ташкил медиҳад.

❗️Аммо бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки барои гирифтани шиносномаи нав ё иваз кардани он пардохти 10 доллари ИМА боҷи давлатӣ бо қурби Бонки миллӣ, пешбинӣ шудааст.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Оби функсионалии “Obi Zulol RELAX” — маҳз он чизест, ки барои мутобиқат лозим аст. Бӯйи форами лаванда ва ванил нигарониро аз байн бурда, оромиву осудагӣ мебахшад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чӣ бояд кард, агар ҷаримаҳо дар бораи 🚗вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё напардохтани ҳаққи истифодаи таваққуфгоҳи музднок ба шумо тариқи СМС-паёмак фирстода намешаванд?

Дар ин ҳолат метавонед ба ☎️рақамҳои боварӣ - 7788 ва Телеграм ё Вотсаппи NERU - 778807788 муроҷиат кунед.

Пас аз муроҷиат рақамҳои шумо ба низоми NERU ворид шуда, минбаъд шумо дар бораи ҷаримаҳоятон пёмак мегиред.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар куҷо метавон аз менингит эм гирифт?

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар кишвар феълан 💉ваксина бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит нест, зеро эҳтиёҷ ба он хеле кам аст. Вале таъкид карданд, ки онҳо танҳо зоирони ҳаҷи фарзиро бо ваксина таъмин мекунанд.

Барои ин бояд Кумитаи дин, ки масъули фиристодани зоирон ба ҳаҷ аст, ба Вазорати тандурустӣ рӯйхати зоирони ҳаҷҷи фарзиро пешниҳод карда, маблағҳои заруриро барои хариди ваксина ҷудо кунад.

Баъд аз ин, ваксина харидорӣ шуда, ба муассисаҳои тиббии минтақаҳо тақсим мешавад, то зоирон пеш аз сафар ваксина гиранд ва ба онҳо гувоҳнома дода шавад.

Зоироне, ки барои адои ҳаҷи умра мераванд, масъулияти эмгузаронии онҳо ба души ширкатҳои сайёҳӣ аст.

Илова ба ин, ба шаҳрвандоне, ки бо мақсадҳои дигар ба Арабистон мераванд, тавсия дода мешавад, ки талаботи эмгузарониро бевосита аз ин сафорат дар Тоҷикистон маълум кунанд.

❗️Ёдовар мешавем, ки шуруъ, аз 1-уми феврали соли равон Арабистони Саудӣ барои ҳамаи мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё худ менингит талаб мекунад.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Меваҳои пухтасойидашудаи «Нури Зулол» — табиӣ, болаззат ва ғамхорӣ барои кӯдакон! Зарфҳои шишагии экологӣ, манфиати меваҳо ва шодии кӯдакон аз 6-моҳагӣ.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Духтарон метавонанд, ки дар фасли сармо ба мактаб бо шим биёянд?

❗️Бале, духтарон метавонанд, ки дар фасли сармо бо шим ба мактаб биёянд. Вале тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳим аст, ки ин шимҳо ба талаботи либоси мактабӣ ҷавобгӯй бошанд. Яъне бояд сабки классикӣ дошта бошанд, ороишҳои дурахшон ва нақшу нигори равшан надошта бошад.

Дар баробари ин, пӯшидани ҷинсҳои танг ва дарида, доманҳои кӯтоҳ, инчунин либосҳое, ки навиштаҷоти таблиғотӣ ё рамзҳои давлатии кишварҳо барои хонандагон манъ аст.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Меваҳои пухтасойидашудаи «Нури Зулол» — табиӣ, болаззат ва ғамхорӣ барои кӯдакон! Зарфҳои шишагии экологӣ, манфиати меваҳо ва шодии кӯдакон аз 6-моҳагӣ.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон метавон дар Русия мошин ронд?

Агар шаҳрвандии Русия ва иҷозаи доимӣ ё муваққатии зисти ин кишварро дошта бошед, як сол ҳак доред, бо 🪪шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ мошин ронед. Баъди гузаштани як сол шаҳодатномаи тоҷикӣ беэътибор мешавад.

📆Яъне шумо як сол вақт доред, ки шаҳодатномаи ронандагии русӣ гиред. Агар ин муҳлатро риоя накунед, шуморо то 15 ҳазо💸 ҷарима ва аз ҳуқуқи идораи мошин маҳрум мекунанд.

Маълумоти бештарро дар сомонаи мо хонед ва агар боз суол доред, пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
_
Таблиғ: Оё шумо истеъмоли хӯрокро бе кетчуп тасаввур карда метавонед?
Бо кетчупи классикӣ ва тези “Нури Зулол” ба хуроки худ маззаи нокакрор илова намоед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҷашни Сада дар Душанбе кай ва дар куҷо баргузор мешавад?

📆Рӯзи 1-уми феврал, соати 9:00, дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маросими расмии таҷлили ҷашни бостонии Сада оғоз меёбад.

Оё сайру гашт низ ташкил мешавад

🎉Бале! Шаҳрдории Душанбе барои сокинон ва меҳмонони пойтахт саёҳати ройгон бо автобус таҳти унвони “Сайри Сада” ташкил менамояд.
🚍Автобус соати 8:30 аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳаракат мекунад.

📝Барои сабти ном метавонед тавассути саҳифаҳои иҷтимоии шуъбаи сайёҳии шаҳрдории Душанбе (@dushanbe.travel) ё WhatsApp ба рақамҳои 917370707 муроҷиат намоед.

Экскурсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Оё шумо истеъмоли хӯрокро бе кетчуп тасаввур карда метавонед?
Бо кетчупи классикӣ ва тези “Нури Зулол” ба хуроки худ маззаи нокакрор илова намоед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сафари бидуни раводид ба Эрон🇮🇷 барои 30-рӯз, аммо танҳо давоми 90 рӯз, чӣ маъно дорад?

📆Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед дар ин кишвар бидуни раводид давоми 90 рӯ танҳо 30 рӯз боқӣ монед.

Яъне агар фаразан моҳи сентябр 20 рӯз ба Эрон рафтед, дар моҳи октябр ва ноябр метавонед танҳо 10 рӯзи дигар дар ин кишвар бидуни раводид ҳузур дошта бошед.

Агар зимни як сафар 30 рӯз истода бошед, танҳо дар семоҳаи баъдӣ метавонед боз барои 30 рӯз бидуни раводид ба ин кишвар сафар кунед.

❗️Аз ин сабаб, мӯҳлати сафари худро назорат кунед, то қоидаҳои вурудро вайрон накунед!

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Оби функсионалии “Obi Zulol RELAX” — маҳз он чизест, ки барои мутобиқат лозим аст. Бӯйи форами лаванда ва ванил нигарониро аз байн бурда, оромиву осудагӣ мебахшад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар кадом ҳолат корманди БДА метавонад рақами қайди давлатии мошинро кушода гирад?

❗️Мувофиқи қисми 2-и моддаи 72 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҳангоми 🚗бидуни муоинаи техникӣ ва бо нуқсон рондани нақлиёт, бе иҷозаи мақомоти дахлдор насб кардани воситаҳои иловагии равшанидиҳандаву садоафзо ё риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодаи мошинҳои махсус, аз ҷумла трактору мошинҳои роҳсоз корманди БДА метавонад, то бартараф кардани камбудӣ, рақами қайди давлатии мошинро кушода гирад.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Меваҳои пухтасойидашудаи «Нури Зулол» — табиӣ, болаззат ва ғамхорӣ барои кӯдакон! Зарфҳои шишагии экологӣ, манфиати меваҳо ва шодии кӯдакон аз 6-моҳагӣ.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба фарзандаш номеро, ки дар феҳристи номҳои тасдиқшуда нест, гузорад?

❗️Бале, аммо бо як шарт. Он ном бояд ба комиссияи байниидоравии Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод шавад ва танҳо дар сурати мувофиқ ҳисобидани ном аз ҷониби ин комиссия, метавон онро ба фарзанди худ гузошт. Дар сурати ғайр иҷозат нест.

Аммо намояндаи халқҳои дигари кишвар ва ё шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон метавонанд ба фарзанди худ мувофиқи фарҳанг ва анъанаҳои худ ном гузоранд.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
____
Таблиғ: Оё шумо истеъмоли хӯрокро бе кетчуп тасаввур карда метавонед?
Бо кетчупи классикӣ ва тези “Нури Зулол” ба хуроки худ маззаи нокакрор илова намоед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё пули нобудсозии автомобилро 🚗ҳар сол бояд пардохт кард?

🚘Не, пардохти пули нобудсозии автомобил дар Тоҷикистон танҳо як маротиба барои тамоми муддати истифодабарии воситаи нақлиёт ситонида мешавад.

Пардохт ҳангоми бақайдгирии автомобил ё ҳангоми гузаштани муоинаи техникӣ анҷом дода мешавад, пас аз он ба соҳиби автомобил ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад.

💵Маблағи боҷ вобаста ба категорияи автомобил аз 375 то 3000 сомонӣ барои соли 2025 муқаррар карда шудааст.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Оё шумо истеъмоли хӯрокро бе кетчуп тасаввур карда метавонед?
Бо кетчупи классикӣ ва тези “Нури Зулол” ба хуроки худ маззаи нокакрор илова намоед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Тоҷикистон аз болои корфармо ба куҷо метавон бидуни зикри ном муроҷиат кард?

Тибқи моддаи 21 Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, шикоятҳои бидуни зикри ном одатан баррасӣ намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки маълумот дар бораи ҷиноят мавҷуд аст.

❗️Аммо шумо метавонед шикояти худро ба мақомоти зерин ирсол кунед:

📌 Ба Додситонии кулли Тоҷикистон – тавассути телефони боварӣ (+992 37) 235-11-11 ё дар сомонаи prokuratura.tj.
📌 Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – тавассути сомонаи vhk.tj.

Тибқи ҳамин қонун (моддаи 6), маълумоти шахсӣ бе розигии муроҷиаткунанда ошкор карда намешавад. Аз ин рӯ, барои баррасии самараноки шикоят тавсия дода мешавад, ки маълумоти шахсӣ ишора карда шавад.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Меваҳои пухтасойидашудаи «Нури Зулол» — табиӣ, болаззат ва ғамхорӣ барои кӯдакон! Зарфҳои шишагии экологӣ, манфиати меваҳо ва шодии кӯдакон аз 6-моҳагӣ.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё бонк метавонад доллари кӯҳнаро қабул накунад?

❗️Манъи расмӣ вуҷуд надорад, аммо дар Тоҷикистон баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор аз қабули пули 100-долларии💵солҳои 1996–2006 («доллари сафед») худдорӣ мекунанд. Сабаб - мушкилот бо санҷиши аслӣ будани онҳо.

Аммо, тибқи иттилои «Амонатбонк», чунин пулҳо дар дафтари марказии бонк қабул карда мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон низ қонунӣ будани онҳоро тасдиқ мекунад ва барои ҳалли мушкилот кор мебарад.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Меваҳои пухтасойидашудаи «Нури Зулол» — табиӣ, болаззат ва ғамхорӣ барои кӯдакон! Зарфҳои шишагии экологӣ, манфиати меваҳо ва шодии кӯдакон аз 6-моҳагӣ.