Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
#СОҲИБҶАШН
10 январи соли 1947 - мавлуди Шодӣ Солеҳ, ҳунарпешаи шинохта, коргардон ва драматурги тоҷик.

Симову садои ӯ бо иҷрои як қатор нақшҳои муассир ва ба саҳна овардани чанд намоишнома дар санъати театру синамои тоҷик нозудуданист.

Ҳунарманд дар театру синамо нақшҳои Ғаффор дар “Ҳафт домоди рабудашуда”, Путон дар “Достони Сиёвуш”, Абдуқаюм дар “Ашк ва шамшер”, Салимсюрприз дар “Қиёми рӯз”, Саркор дар “Ғуруб”-ро офарида, худ намоишномаҳои “Муҷассама”, “Ятимҳои бехона”, “Мехмони нохонда”, “Тӯҳфа аз муҳоҷират”-ро рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ махсусан дар жанри ҳаҷв ҳунари воло дошт ва дар садҳо намоишномаву саҳнаҳои ҳаҷвии телевизонӣ нақш бозидааст.

Шодӣ Солеҳ инчунин муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ ва беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ аст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

23 январи соли 1968 – Зодрӯзи Зулфия Содиқова, ҳунарманди театр ва синамои тоҷик.


Зулфия Содиқова фаъолияти ҳунарии худро дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шурӯъ кардааст. Баъдтар ҳамзамон дар се театр – театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи Маяковский фаъолият намуда, беш аз 70 нақш иҷро кардааст.

Дар синамо низ дар филмҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши ӯ дар “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ-2”, филми “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саид барои бинандаи тоҷик фаромӯшношуданист.

23 январи соли 1948 – Мавлуди Равшан Замир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Равшан Замир солҳо дар баробари фаъолият дар риштаи журналистика ба эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ пардохта, чандин китобу маҷмуаҳояшро интишор кардааст.

Қиссаи “Парӣ дар киштичаи гул” яке аз маъруфтарин қиссаҳои ӯ дар байни наврасону ҷавонон аст. Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои “Ашки осмон”, “Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду”, “Мағзи ҷон” ба нашр расидаанд.

Равшан Замир 31-уми июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

24 январи соли 1911 – Мавлуди Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик.


Наврӯзшо Қурбонҳусейнов яке аз аввалин мутрибу сарояндагоне буд, ки бо таъсиси Театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохт. Ӯ солҳо дар ин театр фаъолият бурда, як муддат роҳбари бахши мусиқии ин театр буд. Дар давоми фаъолияти ҳунарии ӯ беш аз 200 суруду навоҳои мукаммали мусиқӣ офарида шуданд.

Ӯ ҳамчунин созҳои мусиқии рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най ва ҷуфтсозро моҳирона менавохт. Ба як зумра филмҳои синамоӣ оҳангу наво офаридааст, аз ҷумла оҳангҳои ӯ дар филми “Бачагони Помир”, намоишҳои “Тошбек ва Гулқурбон”, “Қишлоқи тилоӣ”, “Овози ман”, “Духтари тоҷик” аз маъруфтарин сурудаҳои ӯянд.

Соли 1962 – Мавлуди Муаззамхон Ансорӣ, номзади илмҳои филология, ректори Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент.

Ӯ 18 сол инҷониб, аз соли 2007 то имрӯз ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст.

Муаззамхон Ансорӣ имрӯз ҳамчунин профессори фахрии Донишгоҳи Вена ва аъзои Шӯрои академияи Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир аст.

Дар соҳаи адабиётшиносӣ якчанд таҳқиқотҳои адабӣ анҷом дода, 8 китоб таълиф намуда, барои китоби Энсиклопедияи миллии тоҷик зиёда аз 300 мақола таълиф намудааст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

26 январи соли 1935 – Мавлуди Наримон Бақозода, шоири бачагонаи тоҷик.


Наримон Бақозода адиби номдори тоҷик имрӯз 90-сола шуд. Ӯ ҳаёти худро ба эҷоди шеъру достон барои кӯдакону наврасон бахшида, 26-уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

Наримон Бақозода барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои “Гулдара”, “Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо”, “Сурнайчӣ”, “Оши ҳалол”, “Чӣ хуш аст?”, “Дафтари мо – кони панҷ” ва ғайра фароҳам омадаанд.

Ҳамчунин ӯ муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик “Хонаи заргӯшбибӣ” ва драмаҳои “Бузаки ҷингилапо”, “Бахтатро бедор кун” аст.

26 январи соли 1973 – Зодрӯзи Ҷасур Халилов, оҳангсоз, роҳбари бадеии гурӯҳи “Авесто”.

Ҷасур Халилов дар оилаи Суръат Халилов, композитори тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ намояндаи насли ҷавонтарини композиторони Тоҷикистон аст ва дар ҷодаи мусиқии эстрадӣ эҷод мекунад.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

27 январи соли 1940 – Мавлуди Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон.


Нависандаи нозукбаёни тоҷик Сорбон (Пури Ҳамроҳ) имрӯз 85-сола шуд. Мавсуф 27-уми январи соли 1940 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Муддати мадиде дар кори рӯзноманигорӣ ҳам машғул шудааст. Сорбон яке аз нависандагони маъруф ва соҳибноми тоҷик аст. Асари “Ҷӯгӣ”-и ӯ яке аз беҳтарин асарҳои муосир дар адабиёти тоҷик дониста мешавад.

Ҳамчунин ӯ муаллифи қиссаву романҳои маъруфи “Занги аввал”, “Санги сипар”, “Марди танҳо”, “Достони писари Худо” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво аст.
Ҳикояҳои Лев Толстой, Фёдор Достоевский, «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад”-и Николай Островский, романи “Ман офтобро мебинам”-и Нодар Думбадзе, қиссаи “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Азия-Плюс дар ҷашни 80-солагии нависанда дар бораи зиндагиаш, буҳрони маънавӣ дар ҷомеа, фарқи адабиёти замони шӯравӣ аз Тоҷикистони навин ва масоили дигар мусоҳиба анҷом дода буд, ки дар матлаби "Сорбон: Кори ман сиёсатбозӣ нест..." метавонед мутолиа кунед.

27 январи соли 1948 – Мавлуди Савринисо Сабзалиева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Савринисо Сабзалиева яке аз ҳунарпешагони муваффақ ҳам дар синамо ва ҳам дар театр буда, ҳамчунин дар дубляжи як қатори филмҳо низ саҳм дорад. Баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аввал дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Хоруғ муддате дарс гуфтааст.

Дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои “Рӯдакӣ”, “Отелло”, “Дод аз дасти ақл” дар хотирҳо мондааст. Дар синамо бошад, дар филмҳои тоҷикии “Духтарони суғдӣ”, “Асрори нӯҳ пайғамбар”, “Гумгаштапайдо”, “Иштибоҳ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг” ва ғайра нақш бозидааст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

28 январи соли 1930 – Мавлуди Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.


Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

Лайло Шарифӣ 19-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт.

28 январи соли 1956 – Мавлуди Олим Салимзода, ходими давлатӣ, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

Вай соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.

Олим Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ чанд давра вакили парлумон буд ва яке аз вакилоне, ки ба рӯзноманигорон дастрас буд. Ӯ аз соли 2009 то 2020 раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон буд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

💠 1 феврали соли 1952 – Мавлуди Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси пешини шаҳри Душанбе.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зодаи ноҳияи Фархор буда, Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ва Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ чун сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии Кӯлоб оғоз гардида, солҳо дар мақоми роҳбарикунандаи сохторҳои гуногун фаъолият бурдааст.

Баъди ду соли муовини якуми сарвазири Тоҷикистон будан, соли 1996 раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид ва 21 сол дар ин мақом ифои вазифа кард. Ҳамчунин, 20 сол-солҳои 2000-2020 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯро яке аз мансабдорони собиқадор ва коркуштаи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, ки дар рӯзҳои аввали ташкили ҳукумат дар паҳлӯи президент буд.

💠 1 феврали соли 1930 – Мавлуди Хайрулло Абдуллоев, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Хайрулло Амонов яке аз оҳангсозони кишвар буда, солҳо дар Театри мусиқӣ-драмавии Кӯлоб, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик ва Вазорати фарҳанг фаъолият бурд ва муддате роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёти ӯ обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Ӯ достонҳои вокалӣ-симфонии “Нолаи Таҳмина”, “Ахтари инқилоб” буда, барои намоишномаҳои “Карим Девона”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дохунда” оҳанг эҷод кардааст.

💠 1 феврали соли 1938 – Зодрӯзи Мадиброҳим Норматов, забоншинос, доктори илмҳои филология.

Мадиброҳим Норматов яке аз забоншиносони саршиноси тоҷик буда, чандин китобу дастурҳои забоншиносӣ таълиф намуддааст. “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (қисмати синтаксис), ки китоби рӯйимизии забоншиносон ва омӯзгорон маҳсуб меёбад, заҳмати ин олими тоҷик аст. Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои “Муқаддимаи забоншиносӣ”, “Забоншиносии умумӣ” ва даҳҳо китобу мақолаҳо дар ин соҳа аст.

💠 1 феврали соли 1949 – Мавлуди Алибой Қурбонов, риёзидон, тарҷумон, қомуснигор ва донишноманависи тоҷик.

Алибой Қурбонов аслан механик-математик буда, дар таълифи як қатор донишномаҳо (энсиклопедия), махсусан, барои донишномаҳои соҳавӣ саҳми бориз дорад.

Ӯ собиқаи 40-солаи донишноманигорӣ дошта, дар таҳия, тадвин ва нашри “Энсиклопедияи советии тоҷик” (8 ҷилд), “Қонуни тиб”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Энсиклопедияи насри форсу тоҷик”, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ заҳмат кашидааст. Ӯ барои ин қомусҳо беш аз 120 мақола навиштааст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

💠 2 феврали соли 1944 – Мавлуди Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.

Оқил Оқилов, ки ду давра сарвазири Тоҷикистон буд, зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи Донишкадаи муҳандисию сохтмони Маскав бо ихтисоси муҳандиси сохтмон аст.

Солҳои 1993—1999 ба ҳайси вазири сохтмон, муовини сарвазири Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) фаъолият дошт.

Оқил Оқилов солҳои 1999-2013 дар мақоми сарвазири Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ҳоло дар нафақа аст.

💠 2 феврали соли 1947 – Зодрӯзи Давлаталӣ Давлатзода, шарқшинос, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузорон ҲХДТ.

Давлаталӣ Давлатзода яке аз шарқшинос ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа кардааст.

Дар оғози фаъолияташ як муддат дар Сурия ва Миср ба тарҷумонӣ машғул буд. Баъдан дар дастгоҳи КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президентӣ фаъолият бурд.

Ҳамчунин солҳо дар вазифаи котиби матбуотии ва мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Давлаталӣ Давлатзода солҳо раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии порлумон ва муовини аввали раиси ҲХДТ низ буд.

💠 2 феврали соли 1949 – Мавлуди Тоҷиддин Муҳиддинов, яке аз сарояндаҳои шинохта дар Тоҷикистон.

Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик аст, ки аксарият ӯро бо иҷрои суруди “Як ханду кун, эй гул” ва “Эй санам” мешиносанд. Ӯ солҳо дар хонаи маданияти шаҳри Ҳисор, Филармонияи давлатӣ ва ансамбли “Гулшан” ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар тӯли фаъолияташ беш аз 60 суруду тарона иҷро карда, ба эстрадаи тоҷик рангу бӯйи тоза бахшид. Ҳамчунин сурудҳои “Фироқи ёр”, “Ҷони ширин”, “Эй боди бомдодӣ”, “Тарки ёрӣ” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.

Имрӯз Филармонияи халқии шаҳрии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов аст.

💠 2 феврали соли 1973 – Мавлуди Муҳриддин Низомӣ, адабиётшиноси тоҷик, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

Муҳриддин Низомӣ, ки аз 21 январи соли 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият мебарад, акчанд асарҳо дар соҳаи адабиётшиносӣ таълиф намудааст. Ӯ солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон фаъолият бурд ва дар ин муддат ба эҷод ва таҳқиқ машғул буд.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

3 феврали соли 1956 – Мавлуди Обид Шакурзода, рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик.


Обид Шакурзода зодаи деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, соли 1978 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, баътар тарҷумонӣ ва рӯзноманигорӣ кардааст. Дар ҳафтаномаи “Ойинаи зиндагӣ”, хабаргузории “ИРНО”-и Эрон, ҳангоми дар шаҳри Прага зистанаш дар Радиои Озодӣ фаъолияти журналистӣ доштааст.

Ҳоло дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик фаъолият мебарад.

Обид Шакурзода бо як қатор таҳқиқоту мураттаби чандин асарҳои классикон барои ададбиёти тоҷик хизмати арзанда анҷом додааст.

Китоби “Қасас-ул-анбиё” бори аввал бо талоши ӯ ба забони тоҷикӣ баргардон шудааст. Яке аз арзишмандтарин корҳои ӯ таснифи китоби “Шарҳи “Гулистон”-и Саъдӣ” ва “Шарҳи “Бӯстон”-и Саъдӣ аст, ки аз ҷониби Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

💠5 феврали соли 1948 – Мавлуди Мунира Иноятова, сиёсатмадор ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.

Мунира Иноятова хатмкардаи Институти давлатии педагогӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд аст.

Ӯ солҳо вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаъолият карда, аз муаллими мактаб то ба вазифаи вазири маориф ва илм кор кард.

Ӯ солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои 1994-2000 вазири маориф буд. Баъдан мушовири давлатии Президент, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва корманди дастгоҳит иҷроияи Президент буд.

Ҳоло нафақахӯр аст, вале бо вуҷуди ин, дар робита ба камбудиҳои мактабу маориф дар расонаҳо озодона изҳори назар мекунад ва барои ислоҳи вазъ пешниҳодҳо ҳам манзур менамояд.

💠 5 феврали соли 1978 – Мавлуди Ширин Амонзода, собиқ вазири муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Ширин Амонзода, вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон аст.

Ӯ баъди чанд соли фаъолият дар лоиҳаҳои гуногун, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардид.

Аз 3 ноябри соли 2020 то 5 январи соли 2023 дар вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кард.

Аз ӯ яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат ном бурда мешуд, аммо баъди барканориаш аз вазифаи вазирӣ дар суҳбати телефоние ба Азия-Плюс гуфта буд, акнун ба кори илмӣ машғул мешавад.

Ширин Амонзода муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

📍 7 феврали соли 1961 - Мавлуди Ҷовид Муқим, рӯзноманигор, муҳаққиқи тоҷик.

Имрӯз мавлуди журналисти шинохтаи тоҷик Ҷовид Муқим (Муҳаммадӣ Муқимов) аст. Корномаи рӯзноманигории ӯ басо чашмрас аст ва солҳо дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Нерӯи сухан” ва Радиои “Озодӣ” фаъолият кардааст.
Ӯ яке аз аввалин хабарнигорони Радиои “Озодӣ” дар Тоҷикистон буд ва дар солҳои 1990-ум бо риояи тавозун дар матолибаш аз рухдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ шинохтатар ҳам шуд.

Аз кори амалии рӯзноманигорӣ ба тадрис рӯ овард ва ҳоло доктори улуми филология, профессори факултаи журналистикаи ДМТ мебошад. Дар омода кардани рӯзноманигорони ҷавон ва кадрҳои илмӣ саҳми бориз гузоштааст.

Муаллифи беш аз 1000 маводи журналистӣ, 75 мақолаи илмӣ, 5 монография ва даҳҳои дастурҳои таълимӣ аст.

Ҷовид Муқим ба эҷоди бадеӣ низ машғул буда, 5 китобаш бо номҳои “Вақте мард мегиряд” (2007), “Ишқи деромада” (2008), “Ишқи мӯйсафед” (2012), “Қасос” (2013), “Хиёнат” (2015) ба чоп расидаанд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ мебошад.

📍 Соли 1949 – Мавлуди Маҳбуба Неъматзода, шоири тоҷик.

Маҳбуба Неъматзода, ки асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм ва минбаъд дар ин ришта фаъолият кардааст.

Ӯ муаллифи чандин китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳо буда, маҷмуаҳои “Духтари заргар”, “Меҳрубон”, “Гиря кунам ё ки на?”, “Модари ҷон, модарам” аз ҷониби кӯдакону наврасон хуш пазируфта шудаанд.

📍 Соли 1988 – Мавлуди Нозияи Кароматуллоҳ, овозхони шинохтаи тоҷик.

Ӯ фарзанди Кароматуллоҳ Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик буда, дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардааст.

Ӯ соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик қадам ниҳода, то имрӯз чандин сурудҳои марғуб офаридааст. Таронаҳои “Нагӯ, нагӯ”, “Бе ту мемирам”, “Майда, майда”, “Биёӣ”, “Дареғ” намунаи таронаҳои маъруфи ӯянд.

Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радио аст, ки бародараш Муҳаммадрофии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошад.
#СОҲИБҶАШН

📌 Соли 1965 – Мавлуди Акбаралӣ Сатторов, журналист, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ӯ соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият бурдааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Акбаралӣ Сатторов ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.
Ӯ 28 августи соли 2015 дар синни 50-солагӣ оламро падруд гуфт. 1-уми сентябри соли 2024, дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд.

📌 Соли 1941 – Мавлуди Ҷӯрабек Набиев, овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Ҷӯрабек Набиев яке аз сарояндагони хушсалиқаи тоҷик буда, аксаран ба матнҳои классискӣ оҳангҳои марғуб эҷод намудааст. Дар иҷрои ӯ мақомҳои “Сарахбори Оромиҷон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Соқиномаи Ироқ”, “Ушшоқи Содирхон” хеле боназокату дилрабо садо додаанд ва то кунун ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Ҷӯрабек Набиев муаллифи беш аз 200 тарона аст.

Ӯ солҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ яккахон буд ва ҳамчунин як муддат роҳбарии ин театрро ба уҳда дошт.

Ҳамзамон ӯ сарвари ансамбли тарона ва рақси “Дурдона” буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс гуфтааст. Дар бораи кору пайкор ва эҷодиёти Ҷӯрабек Набиев дар маводи “Ҳеч гоҳе ҳунарамро нарх нагузоштам: шеваи зиндагии Ҷӯрабек Набиев” мутолиа кунед.

📌 Соли 1946 – Мавлуди Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҷунбиши “Растохез” ва нависандаи тарҳи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон.

Фаъолияти Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони пажӯҳишгари улуми иқтисодӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Баъдтар ӯ бо гурӯҳе аз тарафдорону ҳамандешонаш созмони ҷунбиши мардумии "Растохез"-ро таъсис дод. Соли 1989 Тоҳири Абдуҷаббор ва рӯшанфикрони дигари тоҷик муваффақ шуданд, ки забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба забоне расмӣ табдил шавад ва Қонун дар бораи забон дар он замон тасвиб шуд.

Тоҳири Абдуҷаббор соли 1990 аввалин тарҳи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро навишт ва ба унвони узви порлумон ба Шӯрои Олӣ муаррифӣ кард. Дар замони оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ӯ Тоҷикистонро тарк кард ва замоне дар Эрон ва сипас муддате дар Қирғизистон ба сар бурда, соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Соли 2009 дар 63-солагиаш аз олам даргузашт.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

💠 Соли 1916 – Мавлуди Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, тарҷумон, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик.


Ҳабиб Юсуфӣ дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Ӯ соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, 22 феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Ӯ бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Ӯ яке аз аввалин тарҷумонҳои бадеии тоҷик буд. Асарҳои Пушкин, Лермонтов, Крилов, Шевченко ва Маяковскийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

💠 Соли 1988 – Мавлуди Зарина Бадалова, ҳунарпешаи театру синамо.

Зарина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавон, ки ҳоло дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад, хатмкардаи донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, бори аввал дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Рӯзе дарозтар аз қарн” аз рӯи асари Чингиз Айтматов нақши Ҷамиларо бозидааст.

Ҳамчунин дар синамо низ нақшҳо офаридааст.

💠 Соли 1989 – Зодрӯзи Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик.

Таҳмина Ниёзова набераи Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони эстрада иштирок намуда, барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардид. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад.

Таронаҳои “Гуфтам малакӣ”, “Занги телефон”, “Hero”, “Бути Нозанин”, “Боди Сабо”, “Ман ошиқи рӯи ту” аз шумори сурудаҳои марғуби Таҳмина маҳсуб меёбанд.
#СОҲИБҶАШН

💠 Соли 1887 – Зодрӯзи Сайидризо Ализода, рӯзноманигор, мутарҷим, забоншинос ва омӯзгори тоҷик.

Саидризо Ализода шахсияти таърихӣ ва адиби тоҷик буд, ки дар таърих бо фаъолияти илмиву адабӣ ва сиёсии худ номаш сабт гардидааст. Ӯ бо ибтикори шахсӣ маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”-ро таъсис дод, ки дар он мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда дошта мавриди муҳокима қарор мегирифтанд.

Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. “Дабистони тоҷик”, “Китоби нахустин”, “Сарфу наҳви тоҷикӣ”, “Маданияти ислом”, “Саодатнома” аз ҷумлаи онҳоянд.

Дар солҳои 1919-21 Саидризо Ализода котиби Кумитаи ҳизбии Самарқанд буд. Аммо бо ҷурми “ҷосуси империализми ҷаҳонӣ” дар зиндони Шӯравӣ ба ҳалокат расид.

Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Чаро? Дар ин пайванд мутолиа кунед.

💠Соли 1947 – Мавлуди Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди ошнои синамову театри тоҷик, дирӯз, 15-уми феврал ба синни 76 қадам гузошт. Ӯ соли 1947 таваллуд шуда, риштаи ҳунарҳои зеборо дар Донишкадаи санъати театриии Русия (ГИТИС) хатм кардааст.

Мавсуф бештар дар филмҳои хориҷӣ нақш офаридааст ва аз камтарин ҳунармандони тоҷик аст, ки дар берун аз Тоҷикистон маъруфият дорад.

Ӯ дар беш аз 50 филми хориҷӣ нақш офаридааст, ки миёни онҳо нақшҳои марказӣ ҳам кам набудаанд.

Исфандиёр Ғуломов дар мусоҳибае бо Азия-Плюс аз рӯзгори имрӯза, чуну чарои театру синамо, мавҷудияти сензура ва қадрдонии ҳунармандон ҳарф задааст, ки дар маводи Исфандиёр Ғуломов: “Солҳост, ки вазири фарҳангро дар театр надидаам” мутолиа кунед.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
#СОҲИБҶАШН

💠 Соли 1940 – Мавлуди Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ҳадиса Қурбонова, шоир ва нависандаи тоҷик солҳо дар нашриёти “Ирфон”, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” фаъолияти дошт. Ӯ аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, маҷмуаҳои “Паймон”, “Лоиқ намеояд дигар”-ро ба табъ расонидааст. Соли 2003 барои китоби “Лоиқ намеояд дигар” ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.

Ӯ як қатор очерк ва драма низ эҷод кардааст. Аз ҷумла, “Машъали ҷовид”, “Дуроҳа”, “Зиндагӣ” ва “Савти нотамом” аз ин қабиланд.

💠 Соли 1964 – Мавлуди Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни ин соҳа фаъолият бурдааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал буд.

Солҳои 2004-2005 муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2011 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ва аз соли 2011 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба буд.

Ӯ моҳи ноябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин мансаб ифои вазифа мекунад.

Бо 😍 бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM