Соли гузашта дар Тоҷикистон 22 ҳазору 315 (соли 2023 – 21 319) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2023, 996 ҳолат зиёд мебошад.
Дар ин бора имрӯз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои доххилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Аз ҷумла:
🔻одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон 75 ҳолат,
🔻роҳзанӣ 28 ҳолат,
🔻таҷовуз ба номус 41 ҳолат,
🔻авбошӣ 1 ҳазору 663 ҳолат,
🔻қаллобӣ 3 ҳазору 480 ҳолат,
🔻дуздӣ 3 ҳазору 858 ҳолат,
🔻ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 31 ҳолат,
🔻тамаъҷӯӣ 61 ҳолат,
🔻муомилоти воситаҳои нашъадор 745 ҳолат
сабт шудааст.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар ин бора имрӯз дар нишасти матуботии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки аз ин шумора 2 ҳолат пешгирӣ карда шудааст.
Ба гуфтаи ВКД, се амали террористӣ дар шаҳри Кӯлоб содир шудааст.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Рустам Мирзозода, раиси ин ниҳод имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз ҳамлавари ба муфтӣ Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода ном бурда, тасдиқ кард, ки ӯ ба 26 соли зиндон маҳкум гардидааст.
Ҳамчунин, Мирзозода аз ду ҳамроҳи ӯ Маҳмадҷон Шодихонов ва Қиёмиддин Файзуллоев ном бурд ва гуфт, ки аввали ба муддати 13 сол ва дуввумӣ ба муҳлати ду сол равонаи зиндон шуданд.
Онҳо бо кадом моддаҳои кодекси ҷиноӣ айбдор шудаанд, дар навори мо муфассал бинед.
Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешониаш захм бардошт.
Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд.
Ду нафари дигар кай ва чӣ гнуа боздошт шудаанд, маълум нест.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔻Мирзозода ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта чор додрас (судя) ба далели содир кардани рафторе, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз мансабҳои худ барканор гардиианд.
🔻Раиси Додгоҳи олӣ дар идома гуфт, ки дар соли гузашта ягон "ҳукми сафед" аз ҷониби додгоҳҳои кишвар содир нашудааст.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🏛 Дотситонии кул;
🏯 Оҷонсии зиддифасод;
🏦 Вазорати молия;
Ҳайати таҳририяи "Азия-Плюс" аз миёни саволҳо муҳимтарин ва мубрамтаринашро барои пешниҳод ба мансабдорон интихоб мекунанд.
Мо ҳар рӯз дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ниҳодҳое, ки рӯзи дигар нишаст мегузаронанд, нашр мекунем, то шумо огоҳ бошед ва саволҳои худро пешниҳод кунед.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Азия-Плюс TJ
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Бештар дар навор бинед.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 – 1 ҳазору 111 садама) бештар будааст.
Дар ин бора имрӯз, 13-уми феврал дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин, дар ВКД гуфтанд, ки соли 2024 дар кишвар 1 ҳазору 175 сӯхтор сар зад, ки дар натиҷаи онҳо 17 нафар, аз ҷумла, 11 ноболиғ ҷони худро аз даст додаанд. Соли 2023 1 ҳазору 269 сӯхтор рух дода, дар онҳо 23 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Тавре ки дар ВКД гуфтанд, сӯхторҳои соли 2024, 43 милиону 822 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии мазкур имрӯз, 14-уми феврал дар нишастти матуботӣ гуфт, ки аз ин маблағ 411,9 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат баргарддонида шудааст.
Султонзода изҳор дошт, ки ба ғайр аз ин, кормандони ин ниҳод аз ҳисоби ҷаримаҳои маъмурӣ 87,9 миллион сомонии дигар ба будҷаи давлат фоида овардаанд.
Директори Оҷонсии зиддифасод гуфт, дар умум фоидае, ки кормандони ин ниҳод соли 2024 ба давлат овардаанд, 513 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 384 миллиони он ба буҷет ва 115,8 миллион ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон будааст.
#НишастиматбуотӣАП
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM