Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.76K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
❗️Ҳукми гумонбарони “парвандаи табаддулот” эълон шуд.

Имрӯз Додгоҳи олӣ Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини ҲДТ ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба 27 соли зиндон;

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва ҳуқушиноси тоҷик, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ ва рӯзноманигори тоҷик, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи КДАМ ва Ҷамшед Боев, сарҳанги пешин-ро ба 18 соли зиндон;

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ-ро ба 17 соли зиндон;

Ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷикро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Бештари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд. Аксари онҳо иттиҳомро рад кардаанд.

Муфассал

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эҳтимол давоми соли равон арзиши таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ дар кишвар баланд шаванд. Дар ин бора дирӯз, 5 феврал, Сафаралӣ Қурбонзода муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод.

📑Ӯ гуфт, ин пешниҳод аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид гардида, пас аз баррасӣ дар ниҳодҳои марбута, ба ҳукумати кишвар фиристода шудааст.

Ҳоло хулосаи ҳукумат ба ин пешниҳод маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нашудааст, ки “Барқи тоҷик” чанд пул зиёд кардани нархи барқро 💡 пешниҳод кардааст.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия 🇷🇺шикоят кардаанд, ки номи онҳоро иштибоҳан ба 📝феҳристи шахсони таҳти назорат ё “рӯйхати сиёҳ” ворид кардаанд. Дар ин бора Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон хабар медиҳад.

📆Ин рӯйхат 5 феврал фаъол шуд ва давоми ду рӯз 31 муҳоҷир, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ҳомии ҳуқуқ барои кумак муроҷиат кардаанд. Ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар аксари маврид ҳеҷ далели қонуние барои сабти номи онҳо дар ин рӯйхат нест.

Аксари муҳоҷирон ҳангоми дарёфти 💬паём аз бонкҳо дар бораи баста шудани ҳисоби бонкияшон ё убури марзу ихроҷ аз кор фаҳмидаанд, ки дар рӯйхат ҳастанд. Аз ин лиҳоз ба онҳо тавсия додааст, ки маблағи худро аз бонкҳо гиранд.

Дар рӯйхат будан ё набудани худро метавонед осон ва сода тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” - apnamecheck_bot санҷед.

Муфассал

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора худи Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон рӯзи 7 феврал дар мавъизаи намози ҷумъа хабар додааст.

Ду каси дигар ҳам дар пайванд ба ин парванда ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд, вале аз Додгоҳи олии Тоҷикистон бо баҳонаи “қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм” оид ба ин парванда ҷузъиёт надоданд. Худи муфтӣ низ аз додани маълумоти дигар худдорӣ кард.

📆Бояд гуфт, ба муфтии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр пас аз адои намози шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии пойтахт ҳамла кард. Дар натиҷа муфтии кишвар дар пешониаш захм бардошт. Дертар маълум шуд, ки ин ҷавон донишҷӯ буда, 24 сол доштааст.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🪟Панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Панҷара ҳусни шаҳрро коста гардонида, ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ набудааст. Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дирӯз дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар дод.

📑Қарори Маҷлиси вакилони халқ дар ин масъала 31 декабри соли 2024 қабул шуда, аз 2 январи соли равон он ба ҳукми иҷро даромадааст.

📍То кунун, панҷараҳои кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ пурра баратараф шудаанд. Ҳоло кандани панҷараҳо дар биноҳои маҳаллаи 82 идома дорад.

Ҳамчун роҳи алтернативӣ дар шаҳрдорӣ ба сокинон ба тиреза часпонидани тӯрро пешниҳод карданд. Вале то куҷо ин тадбир аз ҳолатҳои нохуш эмин нигоҳ дошта метавонад, дар шаҳрдорӣ шарҳ надоданд.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🏠Идомаи қазияи хонагирии Таҳмина Самадова дар Русия

Қазияи соҳиби сертификат барои хона шудани Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистон🇹🇯 дар Русия 🇷🇺 доманадор мешавад. Дар робита ба ин қазия, муовини шаҳрдори Митиш боздошт шудааст.

Кумитаи тафтишоти Русия ӯро барои санҷиши нодурусти маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи Самадова муттаҳам кардааст.

Ин ниҳод даъво дорад, ки Таҳмина Самадова даромадашро кам нишон додаааст, мақомот бошад, онро дуруст насанҷида, ба ин зодаи Тоҷикистон барои хариди хона сертификат ба маблағи 24 млн рубл 💸додаанд.

Соҳиби сертификат барои 24 млн рубл шудани як зодаи Тоҷикистон замоне мавриди санҷиш қарор гирифт, ки муҳоҷирситезони Русия аз он интиқод карданд. Онҳо аз он нигаронӣ карданд, ки як оилаи ғайрирус соҳиби хона мешавад.

Ҳарчанд мақомоти Митиш зикр кард, ки ин оила 14 сол инҷониб шаҳрвандии Русияро дорад, дар корҳои ҷамъиятӣ ва хайриявӣ фаъол аст, чанд узви он дар ҷанги Русия дар Украина аз ҷониби Русия меҷанганд, аммо ин ҳама пеши роҳи оғози парванда нашуд.

Бо супориши шахсии Александр Бастрикин, роҳбари муҳоҷирситези Кумитаи тафтишоти Русия аввал худи Таҳмина Самадова боздошту баъди маълум шудани ҳомиладориаш аз боздошт раҳо шуд, ва ҳамакнун муовини шаҳрдори Митиш боздошт гардид.
Тафтишот ҳамоно идома дорад.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
❗️Ҳувияти ҳамлавар ба муфтӣ ошкор шуд

Додгоҳи олӣ ҳувияти ҳамлагарон ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистонро ошкор кард ва шарҳ дод, ки чаро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шудаву баъдан ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ аз ҳамлагар ба муфтӣ Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода ном бурда, гуфт, ӯ ба терроризм, тайёрӣ ва сӯиқасди ҷиноят ва одамкушӣ айбдор шуда, барои 26 сол равонаи зиндон шуд.

Ду нафари дигар, Муҳаммадҷон Шодихонов ба терроризм ва шарикӣ дар ҷиноят айбдору ба 13 соли зиндон ва Қиёмиддин Файзуллоев ба хабар надодан дар бораи ҷиноят айбдору ба 2 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ, ҳангоми тафтишот маълумоти нав пайдо шудааст, аз ин рӯ нафари бо гумони авбошӣ боздоштшуда, бо ҷурми терроризму сӯиқасд ба куштор айбдор шудааст.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик🇹🇯 аз ҳудуди Русия🇷🇺 бозпас фиристода шудаанд. Дар ҳоле, ки солҳои пеш дар як сол то 1 ҳазор нафар ихроҷ мешуданд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аз ин 17 ҳазору 800 нафар аз фурудгоҳҳои ин кишвар дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Яъне онҳо ба қаламрави Русия ҳатто ворид нашудаанд.

❗️Аксари онҳое, ки ба қаламрави Русия роҳ наёфтанд, аз он шикоят мекунанд, ки мақомоти ин кишвар бо онҳо бисёр дағал муносибат карда, сабаби бозпас фиристоданашро шарҳ намедиҳад.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🚲Роҳ барои дучарха дар Душанбе

🚴‍♂️Дучархасаворӣ дар Душанбе бехатар мешавад. Мақомоти пойтахт эълон карданд, ки барои дучархаронӣ роҳи алоҳида месозанд ва он ҷудо аз роҳи мошингарду пиёдагард бунёд хоҳад ёфт.

Масъулин аз шаҳрдории пойтахт гуфтанд, ки роҳи алоҳидаи дучархаронӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ азнавсозӣ мешавад, бунёд мегардад ва паҳноии он ҳадди ақалл 1,5 метр хоҳад буд.

📆Бунёди ин роҳ соли 2023 оғоз гардид ва он замон масъулин ваъда дода буданд, ки пас аз 2,5 сол, яъне тирамоҳи соли 2025, бозсозии роҳ анҷом меёбад. Тибқи ин ваъда, аввалин роҳ барои дучархаронӣ ҳам бояд то охири соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

#Якхабар
————-
Таблиғ: Бастаҳои алоқаи солона аз ZET-MOBILE - дастрас, муфид ва қулай. Ба яке аз 4 бастаи ZET-MOBILE - MINI, MAX, PRO ва ULTRA пайваст шав ва давоми сол аз алоқаи баландсифат ҳаловат бар.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
☎️Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои расидагӣ ба арзу шикояти сокинон маркази тамос таъсис дод.

Ҳамакнун, шаҳрвандон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 40-30 оид ба мушкилоте, ки доир ба хидматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.

Маркази тамос ба таври шабонарӯзӣ ва сарфи назар аз рӯзҳои истироҳат кор мекунад.

Ҳадамоти алоқа мегӯяд, ки маркази тамос барои баланд бурдани сатҳу сифати хидматрасониҳои алоқа, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дар зудтарин фурсат бартараф кардани мушкилоти сокинон роҳандозӣ шудааст.