Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.42K videos
1 file
17.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар пулро нодуруст интиқол додед?

Агар ҳангоми интиқоли пул тавассути корт ё ҳамёни электронӣ ғалат кардед, метавонед тавассути рақамҳои боварӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ё паёмрасонҳои бонке, ки мизоҷаш ҳастед, тамос гиред ва ё ба идораи бонк муроҷиат намоед.

Бонк пас аз қабули ариза ва шиноснома ва гирифтани розигии нафаре, ки пул иштибоҳан ба ҳисоби ӯ гузаронида шудааст, метавонад маблағи шуморо баргардонад. Бе розигии қабулкунанда бозпас гардонидани маблағ ғайриимкон аст.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар шоҳиди муносибати бераҳмона бо ҳайвонҳо шудед?

Агар шоҳиди муносибати бераҳмона бо ҳайвонот шудед ё чунин наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидед, метавонед бо ариза ё тавассути хабаррасонҳои Вотсап, Телеграм ва Вайбер бо рақами +992 93-922-21-11 ба милитсия муроҷиат намоед. Муроҷиат бояд бо зикри макони ҳодиса, ному насаб ва замимаи аксу навор пешниҳод шавад.

Пеш аз шикоят аз наворҳои дар Интернет нашршуда, мутмаин бошед, ки ҳодиса дар Тоҷикистон рух додааст ва кӯшиш намоед дар бораи он ҳарчи бештар маълумот пайдо кунед. 

Агар аризаи шумо қабул нашуд ва ё вокуниш ба бор наовард, метавонед ба мақомоти болоӣ, масалан додситонӣ шикоят намоед.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ бояд кард, агар мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтед?

Агар бо муносибати бераҳмона ё зӯроварӣ дар оила рӯ ба рӯ шудед, метавонед бо ариза ба шуъбаи милитсия ё тариқи рақамҳои боварӣ - +992 37 221-21-21 ё 102 ба ВКД муроҷиат намоед.

Дар ҳолати бардоштани ҷароҳат дар асоси аризаи шумо ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ба ариза замима мегардад.

Аммо новобаста ба мавҷудияти осеб, кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд ба муроҷиати шумо вокуниш нишон диҳанд. Агар муроҷиати шумо бе ҷавоб монд, метавонед ба мақомоти болоӣ, масалан додситонӣ муроҷиат намоед.

Дар хотир доред, зӯроварӣ ҷиноят аст ва ҷинояткор бояд ҷазо бинад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ бояд кард, агар иҷборан ба ММТ ҳуҷҷат супоридед?

Агар шуморо барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба ММТ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ маҷбур мекунанд, метавонед бо рақамҳои боварӣ - 2-27-76-86 ба Вазорати маориф хабар диҳед.

Бояд донед! Иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ихтиёрист ва ҳеҷ кас наметавонад хатмкунандагонро ба ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур кунад.

Агар чунин ҳолат рӯй дод ва шумо бидуни хоҳиши худ аз қайди ММТ гузаштед, метавонед бо ариза ба Марказ муроҷиат намоед. Пас аз санҷиши ариза хароҷоти раванди бақайдгирӣ дар ҳаҷми 30 сомонӣ нигоҳ дошта шуда, боқимондаи маблағ баргардонида мешавад. 

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.

@asiaplustj
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар мехоҳед номи худро дар “рӯйхати шахсони таҳти назорати” ВКД-и Русия тафтиш кунед?

🤖Номи худро дар “рӯйхати шахсони таҳти назорати” ВКД-и Русия, ки дар доираи низоми нави ихроҷ аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, метавон тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” - @apnamecheck_bot санҷид.

Барои оғози истифодаи бот ба ➡️ @apnamecheck_bot ворид шавед.

Барои фаъол намудани бот шумо бояд ба Telegram канали мо - @asiaplustj обуна шавед.

Пас аз обуна шудан ба бот баргардед ва санаи таваллуди худро дар формати “рӯз.моҳ.сол” ворид кунед.

Бот маълумоти шуморо ба таври худкор санҷида, маълумоти нафарони дар ҳамин рӯз таваллудшудаи дар рӯйхат бударо мефиристад.

✔️Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from Азия-Плюс TJ
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар мехоҳед номи худро дар “рӯйхати шахсони таҳти назорати” ВКД-и Русия тафтиш кунед?

🤖Номи худро дар “рӯйхати шахсони таҳти назорати” ВКД-и Русия, ки дар доираи низоми нави ихроҷ аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, метавон тариқи Telegram-боти “Азия-Плюс” - @apnamecheck_bot санҷид.

Барои оғози истифодаи бот ба ➡️ @apnamecheck_bot ворид шавед.

Барои фаъол намудани бот шумо бояд ба Telegram канали мо - @asiaplustj обуна шавед.

Пас аз обуна шудан ба бот баргардед ва санаи таваллуди худро дар формати “рӯз.моҳ.сол” ворид кунед.

Бот маълумоти шуморо ба таври худкор санҷида, маълумоти нафарони дар ҳамин рӯз таваллудшудаи дар рӯйхат бударо мефиристад.

✔️Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар дар муҳоҷират дучори мушкилӣ шудед?

Агар дар муҳоҷират ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудед, метавонед тавассути рақамҳои ☎️+992 900 800 800 ба “Хати оҷилӣ”-и лоиҳаи “Муҳоҷират ва муқовимат ба савдои одамон” тамос гирифта, кумаки ройгони равонӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ гиред.

Қабули зангҳо ва машварати ройгон аз рӯзи душанбе то ҷумъа, аз соати 8:00 то 17:00 роҳандозӣ шудаанд. Ба хати оҷилӣ на танҳо аз Тоҷикистон, балки берун аз он низ тамос гирифтан мумкин аст.

Ғайр аз ин шумо метавонед тавассути QR-рамзҳо ба гурӯҳҳои Вотсап ва Телеграм ҳамроҳ шуда, саволи худро ба он ҷо ирсол кунед.Мутахассисони лоиҳа ба шумо ҳам пеш аз сафар ба хориҷа ва ҳам баъди он кӯмак мерасонанд.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар дар артиш бо шумо берун аз оиннома муносибат карданд


❗️Агар шумо ё наздиконатон шоҳиди муносибати ғайриоинномавӣ ё ба истилоҳ “дедовщина” дар артиш шудед, метавонед тариқи рақамҳои 93-333-17-03 ва 93-333-18 03 ба Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ муроҷиат намоед.

Дар ин ҷо ба шумо кӯмаки ройгон дар шакли машварати табибон ва ҳуқуқшиносон, ташхиси тиббию лабораторӣ, хариди доруворӣ ва машваратҳои равоншинос пешниҳод мешавад.

💡 Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар чароғаки раҳнамо кор намекунад


🚦Агар дар дилхоҳ гӯшаи шаҳри Душанбе чароғаки роҳнамои корношоямро дидед, тариқи рақамҳои боварӣ - 2211500 ва навбатдорӣ - 2210057 ва 2211542 бо зикри суроғаи дақиқи чароғаки раҳнамои корношоям ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоед.

Милитсия пойтахт ваъда додааст, ки арзу шикоят ва муроҷиатҳои шуморо мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор медиҳад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард

Чӣ бояд кард, агар низоми гармдиҳӣ кор намекунад


📣 Агар дар кори низоми гармдиҳии манзили шумо мушкиле ҳаст ва ё он корношоям шудааст, метавонед ба ситодҳои фаврии доимоамалкунанда дар ҳукумати шаҳр ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамаи ноҳияҳои пойтахт муроҷиат намоед.

Ҳамаи арзу шикояти марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи интиқол (элеватор)-и хонаи мушаххас тариқи ☎️ хадамоти диспетчерӣ 231-75-01 ва 231-32-79, инчунин шабонарӯзӣ бо телефонҳои 932016127 ва 933001524 қабул карда мешаванд.

❗️Дар ҳамин ҳол, бояд донист, ки бартараф намудани нуқсу носозиҳо дар низоми гармидиҳии бино ва таҷҳизоти гармидиҳии дохили хона аз ҳисоби соҳибони манзил иҷро карда мешавад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#чӣбоядкард
Чӣ гуна ҳаққи вуруд доштан ё надоштанро ба Русия метавон санҷид


Ҳаққи вуруд доштан ё надоштанатонро ба 🇷🇺Русия метавонед дар сомонаи ВКД-и Русия санҷед.

🖥️Барои ин ба сомонаи мвд.рф ворид шавед ва “онлайн-сервисы”, пасон “все сервисы”-ро интихоб намуда, пайванди “Проверка наличия оснований для неразрешения въезда на территорию РФ иностранным гражданам и лицам без гражданства по линии МВД России”-ро зер кунед.

Дар равзанаи кушодашуда ному насабро бо лотинӣ ва кирилӣ, ҷинс, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, навъ ва рақами ҳуҷҷате, ки пештар бо он вуруди Русия шуда будед ворид карда, рамзи дар акс бударо нависед ва дархостро равон кунед. Посухи санҷиш ҳамон лаҳза дар равзанаи дигар кушода мешавад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ бояд кард, агар дар мактаб шуморо озор медиҳанд?

🏫 Агар дар мактаб мавриди озор ё булинг қарор гирифтед ва ё шоҳиди он шудед, фавран ба омӯзгорон, волидон, директор ва ё равоншиноси мактаб муроҷиат кунед. Ин барои амнияти шумо ва дӯстонатон  бисёр муҳим аст.

Омӯзгорон ва волидон дар ҳолати мустақилона наёфтани роҳи ҳал, метавонанд тариқи рақамҳои 221 79 89, 221 79 69  [email protected] ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё намояндагии он дар минтақаҳо ва ё ВКД (221-87-20; 227-67-00) муроҷиат намоянд.

☎️ Рақамҳои дигари ниҳоди масъул:

Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо:

Хоруғ (ВМКБ): к. Ленин, 25, + (8) 3522-2-32-84, [email protected]

Хуҷанд (Суғд): к. Фирдавсӣ, 120, ошёнаи 4, + (8) 3422-6-28-68, [email protected]

Бохтар (Хатлон): к. Б.Ғафуров, 11, + (8) 3222-2-79-32, [email protected]

Кӯлоб (Хатлон): хиёбони И. Сомонӣ, 36, ошёнаи 4, ҳуҷраи 42, + (8) 3322-2-22-93, [email protected]

Турсунзода (НТҶ): к. И.Сомонӣ, 37, + (8) 3130-2-85-10, [email protected]

Исфара (Суғд): к. Марказӣ, 10, + (8) 3462-2-78-82, [email protected]

Айнӣ (Суғд): к. Рӯдакӣ, 37, (ошёнаи 2), + (992) 92-707-06-65, [email protected]

Рашт (НТҶ): шаҳраки Ғарм, к. И.Сомонӣ, 42, + (8) 3131-2-14-13, [email protected]

Қабодиён (Хатлон): к. И.Сомонӣ, 36, + (8) 3251-2-26-35, [email protected]

Вазорати корҳои дохилӣ:
(+992 37) 221-86-76, почтаи электронии [email protected].

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ тавр метавон РМА-и электронӣ гирифт


Доштани РМА барои ҳар як шаҳрванди болиғ ҳатмист. РМА-и электрониро метавон тавассути сомонаи Кумитаи андоз -
andoz.tj ба даст овард.

Барои ин ба сомонаи andoz.tj ворид шуда, тугмаи “Шахсони воқеӣ, баъд “Баҳисобгирии РМА”-ро интихоб кунед. Дар равзанаи кушодашуда мебояд ному насаби гирандаи РМА, ном ва насаби падар ё модари ӯ, номи мақомоти андози маҳалли истиқомат, ҷинсият, санаи таваллуд ва навъи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва рақаму санаи он, акси шахсӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва нусхаи шаҳодатнома ё шиносномаро боргузорӣ намуда, суроғаи ҷойи зист ва рақами телефону суроғаи электронии худи гирандаи РМА ё волидони ӯ ва маълумот дар бораи падар ё модарашро ишора кардан лозим аст. Воқеан, боргузории акси “ҳуҷҷати иловагӣ” ҳатмӣ набуда, шаҳрвандон метавонанд ҳуҷҷатеро, ки барои тасдиқи шахсияташон дуруст мешуморанд, илова кунанд. Масалан, акси шиносномаи яке аз волидонашонро.

Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, ҷавоби он тариқи СМС-паёмак ба телефони ишорашуда фиристода мешавад. Ҳангоми рад гардидани дархост, дар паёмак асосҳои қабул нашудани дархост навишта мешавад ва шаҳрванд метавонад номутобиқативу хатоҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, дубора дархост фиристад. Дар ҳолати қабули он бошад, РМА фиристода шуда, шакли тасдиқшудаи гувоҳнома дар бораи гирифтани РМА дар шакли PDF ба почтаи шумо ирсол мегардад.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Чӣбоядкард
Чӣ бояд кард, агар шоҳиди сӯзонидани баргҳо шудед


🍂Сӯзонидани баргҳо ба экология таъсири манфӣ дорад. Аз ин рӯ, агар шоҳиди сӯзонидани баргҳо аз ҷониби сокинон ё шахсони масъул гардидед, метавонед бо рақамҳои 240-37-99 ё паёмрасони WhatsApp +(992) 919030170 аксу навор фиристода, ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе шикоят баред.

Мушкиле доред ва намедонед чӣ бояд кард? Ба мо нависед!