Азия-Плюс TJ
29.8K subscribers
10.6K photos
2.5K videos
1 file
18.2K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Оё дар 17-солагӣ ихтиёран ба артиш рафтан мумкинаст?

Не, шумо наметавонед дар синни 17-солагӣ ҳатто ихтиёранба артиш равед, зеро хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ танҳо аз синни 18-солагӣ иҷозат дода мешавад. Қонунгузорӣ имконияти ба артиш рафтанро то расидан ба ин синн пешбинӣ намекунад.

Ҳамчунин, муҳим аст, ки шумо барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ на танҳо ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳӣ ва равонӣ ҳам рӯҳан омода бошед.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
__
Таблиғ: Навгониҳоро аз RC Refresher тамъи меваҳои тропикӣ истиқбол гиред. Олӣ барои сайругашт, тамрин ва истироҳат. Аз таносуби тамъӣ ва лаззат бо RC Refresher баҳра баред.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Оё барои додани SIM-корти мобилӣ ба шахсони сеюм ҷазо пешбинӣ шудааст?

Мувофиқи моддаи 341(1)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, додани SIM-корт ба шахсони сеюм вобаста ба шароит ҷазои гуногунро пешбинӣ мекунад:

1. Агар шумо SIM-кортро ғайриқонунӣ пайваст карда бошед, ба шумо ҷарима аз 43 то 57 ҳазор сомонӣ ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол таҳдид мекунад.

2. Агар шумо на танҳо SIM-кортро ғайриқонунӣ пайваст карда бошед, балки онро ба шахсе дода бошед, ки бо он ҷиноят содир кардааст, ҷарима метавонад аз 57 то 108 ҳазор сомонӣ ва ҷазо то се соли зиндонро дар бар гирад.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
__
Таблиғ:
RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим чист ва онрочӣ гуна метавон ба даст овард?

Иҷозатномаи электронӣ - ин хизматрасонии навест, ки шуморо пеш аз маҳфилу маъракаҳоятон   аз ташвиши қоғазбозиҳо халос мекунад.

Барои ин шумо бояд:

1️⃣. Ба вебсайти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ворид шавед (https://tanzim.tj/ )

2️⃣. Дар онҷо ду тугма - “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” ва “бақайдгирии маросими азодорӣ”, пайдо мешаванд. Ҳангоми пахши тугмаи “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” равзана барои ворид кардани маълумот боз мешавад.

3️⃣. Дар ин равзана мебояд намуди чорабинӣ - тӯйи арӯсӣ ё домодӣ, намуди маърака - оши тӯй ё зиёфат, маълумотишахсӣ, аз қабили ному насаби арӯсу домод, шаҳрвандӣ, суроға ва рақамҳои телефон, суроға ва вақту санаибаргузории чорабинӣ ва ҳатто забҳ кардан ё накарданичорворо ишора карда, нусхаҳои шиноснома вамаълумотнома аз САҲШ-ро оид ба аризаи қайди никоҳборгузорӣ намудан лозим аст.

✔️ Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, дар ҳолати маъқул донистани он, ба шумо иҷозатномаи электронӣ фиристода мешавад.

✍️ Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
__
Таблиғ: RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё муаллимон ва масъулони мактаб метавонад, ки телефони мобилии хонандаро гирифта, барои баргардонидани он маблағ талаб кунанд

📱Дар сурати истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи хонанданда омӯзгорон ва масъулони муассисаи таълимӣ уҳдадоранд, ки ба волидон ва худи хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истифода набурдани телефони мобилӣ дар муассисаҳои таълимро гузаронанд.

💵Талаб намудани маблағ барои баргардонидани телефони мобилӣ нодуруст ва ғайриқонунӣ аст. Дар сурати ба амал омадани ҳолати талаб кардани пул аз ҷониби омӯзгорон ва масъулони мактаб барои баргардонидани телефони хонанда ё донишҷӯ шумо ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм, бо рақами (2-27-76-86) дар тамос шавед.

✍️ Боз суол доред? – пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
______

Таблиғ: RC Refresher Mango Melon – лаззати меваҳои триопикӣ дар ҳар қатра. Манго ва харбуза дар ҳамоҳангӣ рӯҳатонро болида хоҳанд кард. Лаззати тозаро бо RC Refresher таҷриба кунед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Агар шахс бемории сил дошта бошад ба артиш даъват мешавад?

Ин ба вазъи солимӣ ва шакли бемории сил вобаста аст. Агар шумо шакли кушодаи бемориро дошта бошед, ба артиш даъват намешавед, зеро ин беморӣ барои атрофиён хатарнок буда, табобати махсусро талаб мекунад.

Дар сурати доштани шакли пӯшидаи сил, даъват шудан ба артиш мумкин аст, аммо ин аз ҳолати саломатии шумо вобаста аст. Агар беморӣ мӯътадил шуда бошад ва ягон мушкили ҷиддӣ набошад, шояд шуморо даъват кунанд. Аммо, агар аломатҳои раванди фаъол ё бад шудани вазъ мушоҳида шавад, шумо аз хизмат озод карда мешавед.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.
____
Таблиғ: RC Refresher Mango Melon – лаззати меваҳои тропикӣ дар ҳар қатра. Манго ва харбуза дар ҳамоҳангӣ рӯҳатонро болида хоҳанд кард. Лаззати тозаро бо RC Refresher таҷриба кунед.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Низоми гармидиҳӣ дар Душанбе аз ҳисоби кӣ таъмир мешавад?

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.


Дар дохили бино барои таъмир ва ивази таҷҳизот худи сокинони биноҳо масъуланд.

Яъне, шабакҳои гармидиҳии бино ва дохили хонаҳо моликияти соҳибмулкон буда, мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамаи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон (иваз ва таъмири қубурҳо, дигар таҷҳизот, тозакунии онҳо, таъмир ва насби батареяҳо) бояд аз ҳисоби худи сокинони бино пардохт шаванд.

✔️ Боз суол доред? - пас ба мо нависед.

#пурсидедҷавобмедиҳем
__
Таблиғ: RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Чӣ бояд кард, агар нархи мол дар магоза аз нарх дар хазина фарқ кунад? Оё қонуне ҳаст, ки ин масъаларо танзим кунад?

Бале, чунин қонун вуҷуд дорад. Ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аст, ки дар он истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) маълумоти зарурӣ ва боэътимодро талаб намояд. (Моддаи 10).

Ин маълумот бояд дар шакли дастрас ва фаҳмо ҳангоми бастани қарордоди харид ё хизматрасонӣ пешниҳод карда шавад. Ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои қабулнамудаи соҳаҳои алоҳидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёнӣ ва дастрас бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ба таври илова бо забони русӣ ва дигар забонҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.

Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҳамчунин ӯҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, (суроғаи ҳуқуқӣ) рақами телефон ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Агар намуди (намудҳои) фаъолияте, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом медиҳад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба рақами литсензия, мӯҳлати амали он, инчунин доир ба мақоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниҳод намояд.

Ва муҳимтар аз ҳама – дар хотир доред, ки истеъмолкунанда ҳуқуқи интихоби озоди мол (кор ё хизматрасонӣ)-ро дорад ва фурӯшанда (истеҳсолкунанда ё хизматрасон) ӯҳдадор аст, ки дар ин масъала ба истеъмолкунанда ёрӣ расонад (Моддаи 5). Яъне, агар нарх дар хазина шуморо қонеъ накунад, шумо метавонед молро баргардонед.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.
__

Таблиғ: RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

📆 Оё пагоҳ, 6 уми ноябр, дар кишвар рӯзи истироҳатист

Бале, тибқи Қонуни ҶТ “ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД”, 6 ноябр, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.

✔️ Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
_
Таблиғ: RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Чӣ бояд карда агар номи шумо дар рӯйхати «Шахсони таҳти назорати» ВКД-и Русия бошад


❗️Тибқи дастурамали Вазорати муҳоҷират, шаҳрвандони мазкур бояд то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намоянд то худро қонунӣ сабт кунанд ва ё қаламрави ин кишварро тарк намоянд. Дар акси ҳол, онҳо ихроҷ карда мешаванд.

Агар номи шумо дар рӯйхат бошад, аммо шумо аллакай ихтиёран қаламрави Русияро тарк карда бошед ва мехоҳед номи худро аз рӯйхат хориҷ кунед, метавонед ба мақомоти муҳоҷират дар ҷойи истиқомат муроҷиат кунед.

Агар шумо душаҳрвандӣ доред ё дар қаламрави Русия қонунан кор кунед, вале номи шумо дар рӯйхат ҳаст, ҳатман ба намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоед.

Будан ё набудани номатонро шумо метавонед дар Telegram-боти «Азия-Плюс» ➡️apnamecheck_bot санҷед.
_

Таблиғ: Ширкати «Оби Зулол» маҳсулоти нав – нӯшокии энергетикии RC Energy Drink бо таъми афлесун ва маракуяро тақдим мекунад. Ин нӯшоки ба шумо нерӯ мебахшад, хастагиро коҳиш медиҳад ва майнаи шуморо барои фаъолияти босуръат ҳавасманд месозад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз куҷо метавонанд кумаки ҳуқуқӣ гиранд


🇷🇺Акнун дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон рақами ягонаи ройгон фаъол шуд - ☎️+7 (965) 320 55 02.
Дар ин бора Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Тариқи ин рақам ҳамвататони мо метавонанд кумаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд. Барои мисол, аз ин рақам метавонед вобаста ба масъалаҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ, ихроҷкунӣ ва буду бош дар ҳудуди Русия ва масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳи худ маълумот бигиред.

Машваратҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба дода мешавад. Гуфта мешавад, ки ба ҳар як саволи шаҳрвандон гурӯҳи мутахасисон иборат аз панҷ кас посух ва шарҳ медиҳанд.

Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
___

Таблиғ: RC Refresher Kiwi Guava – нӯшокии газноки тароватбахш бо таъми кивӣ ва гуава. Ташнагиро шикаста бо маззаи нодири худ шуморо шод мекунад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Барои гузаштан аз роҳ дар ҷои муқаррарнашуда чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст


❗️Мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, барои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани 🚶пиёдагардон ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо, огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи нисфи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (36 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

📲Боз суол доред? – пас ба мо нависед.
__
Таблиғ: Агар шумо дар ҷустуҷӯи нӯшокие ҳастед, ки тароват бахшида, ба шумо нерӯи бештар диҳад, пас Mighty Rain беҳтарин интихоб аст. Маззаи нотакрори Mighty Rain – ин ҳамоҳангии се маззаи табиӣ: афлесун, лимӯ ва лайм мебошад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем

Чӣ тавр пули қалбакиро фарқ кардан мумкин аст

❗️Барои он ки ба доми қаллобон наафтед, Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад:

• Пеш аз ҳама, нишонаҳои ҳимоявии пули миллиро санҷед: Ба нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ диққат диҳед.

• Ба ҷузъиёти пул диққат диҳед: Ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ нестанд.

Боз суол доред? - пас ба мо нависед.
__

Таблиғ: Роҳи осони рафъи ташнагӣ ва хастагӣ кадом аст?
Шарбатҳои “Нури Зулол” - интихоби беҳтарин барои барқарор кардани тавоноӣ ва эҳсоси нерумандӣ.
“Нури Зулол” – лаззату фоида дар ҳар як қатра!