Азия-Плюс TJ
Президент фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард
Таъкиди вазири дифоъ як ҳафта пеш аз даъвати ҳарбӣ. Ғайриқонунӣ даъват накунед ва даст ба фасод назанед!
ASIA-Plus

Як ҳафта қабл аз оғози даъват ба хидмати ҳарбии тирамоҳӣ дар Вазорати дифои кишвар масъалаҳои даъвати ғайриқонунии ҷавонон ба артиш ва пешгирии ришваситонӣ ҳангоми даъвати ҷавонон ба артишро баррасӣ кардаанд.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#пурсидедҷавобмедиҳем
Барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, идора кардани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ё супурдани идора ба шахси маст (моддаи 332) оқибатҳои ҷиддӣ дар пай дорад.
Махсусан, ҷазои зерин пешбинӣ шудааст:
- ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 72 сомониро ташкил медиҳад);
- ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз;
- маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати то 5 сол.
Боз суол доред? - пас ба мо нависед.
_
Таблиғ: Роҳи осони рафъи ташнагӣ ва хастагӣ кадом аст? Шарбатҳои “Нури Зулол” интихоби беҳтар барои барқарор кардани тавоноӣ ва эҳсоси нерумандӣ.
“Нури Зулол” – лаззату фоида дар ҳар қатра!

⚡️62 деҳаи бебарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то соли 2025 бо барқ таъмин мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Гуфта мешавад, ки бештари ин деҳаҳо дар ноҳияи Мурғоб ҷойгир ҳастанд. Корҳо дар ин самт дар доираи лоиҳаи Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)” аз 13-уми ноябри соли 2019 оғоз шудааст, ки то моҳи декабри соли 2025 бояд ба анҷом расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд, ки дар ин бора ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як муроҷиатнома хабар дода, мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард.
Бо @asiaplustj бошед.

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
Пӯшидани тоқӣ дар мактаб маҷбурӣ нест
Пӯшидани тоқӣ дар мактабҳои кишвар барои духтарон ҳатмӣ нест ва он хусусияти тавсиявӣ дорад.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки директорон ва омӯзгорон ҳақ надоранд, ки хонандагони мактабро барои пӯшидани тоқӣ маҷбур кунанд. Ин танҳо тавсияи вазорат асту халос.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар ҳолати маҷбур кардани хонандагон барои пӯшидани тоқӣ волидайн метавонанд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.
Чанд рӯз боз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки дар бархе аз мактабҳо онҳоро маҷбур мекунанд, духтаронашон бо тоқӣ ба дарс оянд ва бидуни он ба мактаб роҳ намедиҳанд.
———————-
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст ? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!

⚡️Абдушариф Боқизода, ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Марҳум 10-уми январи соли 1964 дар Қаротегин таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар риштаи забони арабӣ дар соли 1994 ва фориғуттаҳсилли риштаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Абдушариф Боқизода муаллифи чандин рисолаву асарҳои арзишманд ба монанди "Ислом раҳнамои халқҳо", "Таърихи ислом", "Ошноӣ бо Қуръон", "Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият", "Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ", "Тафсири навини Қуръони карим", "Панднома ва ё насиҳатномаи Имоми Аъзам" ва дигар китобҳо мебошад.
Солҳои охир ӯ дар Энсклопедияи миллии Тоҷик кору фаъолият мекард.

Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд
ASIA-Plus
Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд
Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе дигарбора барқарор шуд. Нахустин, парвоз рӯзи душанбе, 30-юми сентябр сурат мегирад. Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, раиси “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
🎧📚 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Хӯрандагони бачаи фил"
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи "Хӯрандагони бачаи фил" манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи "Хӯрандагони бачаи фил" манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
YouTube
Маснавии маънавӣ | Қисми 58 | Хӯрандагони бачаи фил
Ҳамаи ҳикояҳо ➡️: https://www.youtube.com/playlist?list=PLlkKQhZTN7ri5BkBGDCsKyMkX7K2xv2CP
Қироат аз "Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон", "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info…
Қироат аз "Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон", "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info…
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
👩🍼Интихоби шишаи ғизодиҳии мувофиқ барои кӯдак аз модар масъулияти зиёд талаб мекунад. Зеро шиша бояд ба кӯдак ҳангоми хурокхӯрӣ роҳат ва ба волидайн оромӣ бахшад. Ҳангоми интихоби шишаи ғизодиҳии кӯдакона бояд кадом паҳлуҳоро ба инобат гирифт, дар нашри нави “Дунёи кӯдак” бинед.
#дунеикӯдак
____
Таблиғ: Хӯроки сабуки аъло барои кӯдаки шумо — пюреи кӯдаконаи «Нури Зулол» аз ширкати «Оби Зулол». Ин маҳсулоти табиӣ ва фоиданок барои кӯдакони аз 6 моҳа боло тавсия дода мешавад!

⚡Дар Душанбе ҳоло бо ҳузури аҳли зиё, фарҳанг ва адаби Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон Рӯзи Мавлоно таҷлил гардида истодааст.
Дар маҳфил, ки дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешавад, муҳаққиқону шоирон дар бораи паёмҳои Мавлоно ба тамоми ҷаҳон ҳарф зада, аз тасвирҳои ноёбу шоирона ӯ васф мекунанд.
Ин ҷо ҳамчунин овозхононе, ки ашъори Мавлоноро ба оҳанг бастаанд, базмороӣ доранд.
Аксҳо: аз Азия-Плюс