Азия-Плюс TJ
⚡️Оғози бобарори Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон 🇹🇯🇱🇰 Мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаҳои Тоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё дар баробари Шри-Ланка пирӯзӣ ба даст овард. 🏟Набарди дастаҳо дар Варзишгоҳи…
⚡️Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ
🇹🇯🇰🇵 Мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд.
🏟 Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва бо натиҷа 0 бар 2 бо ғалабаи кореягиҳо анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки пас аз ду рақобат миллипӯшони ҷавони тоҷик бо се имтиёз дар зинаи чаҳоруми гурӯҳи "Е" мавқеъ касб кардаанд. Бозии сеюми Тоҷикистон рӯзи 27-уми сентябр бо Малайзия хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни футболбозони то 20-сола дар даҳ гурӯҳ баргузор шуда, бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ дастаҳои зинаи якум ва панҷ мунтахаби беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.
Мусобиқоти мазкур аз 6 то 23 феврали сола оянда дар Чин баргузор мешавад.
Акс: ТВ "Варзиш"
Бо @asiaplustj бошед.

Азия-Плюс TJ pinned «Таҳдид ё эътирофхоҳӣ? Чаро Толибон мехоҳанд марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро бозбинӣ кунанд»
Таксиронҳо дар Тоҷикистон маст дастгир мешаванд. Онҳоро чӣ ҷазо медиҳанд?
ASIA-Plus

Ахиран ронандагони таксӣ ҳарчи бештар дар хабарҳои марбут ба ҳодисаҳои ногувор зикр мешаванд. Ва аксар вақт сабаби ин дар ҳолати мастӣ қарор доштани онҳо мебошад.
🎧📚 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Дар пайи ҳаёти ҷовидон"
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи "Дар пайи ҳаёти ҷовидон" манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи "Дар пайи ҳаёти ҷовидон" манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
#АудиокитобАП
Бо @asiaplustj бошед.
YouTube
Маснавии маънавӣ | Қисми 57 | Дар пайи ҳаёти ҷовидон
Ҳамаи ҳикояҳо ➡️: https://www.youtube.com/playlist?list=PLlkKQhZTN7ri5BkBGDCsKyMkX7K2xv2CP
Қироат аз "Шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон", "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info…

Барои тамошои бозӣ ё сармураббигии тими мунтахаб. Чаро Игор Черевченко ба Душанбе омада буд?

Чанде пеш Игор Черевченко, мураббии футбол, ки моҳи август дастаи “Факел”-и Воронежро тарк кард, ба Душанбе омад. Ӯ аз ҷумла, дар бозии дастаи “Истиқлол”, ки дар доираи даври аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 баргузор шуд, ҳузур дошт.
⚡️Амрико ва ҳампаймононаш хостори оташбаси фаврии 21-рӯза миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон шуданд. Нахуствазири Лубнон аз он истиқбол кард
Дар баёнияи муштараке 12 кишвари ҷаҳон аз Исроил ва Лубнон дархост карданд, ки оташбаси фаврии 21-рӯза эълон кунанд, то заминае барои гуфтугӯҳои дипломатӣ фароҳам шавад.
Ба ин баёнияи муштарак Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Фаронса, Олмон, Британя, Италия, Австралия, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар имзо гузоштаанд.
Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири Лубнон аз ин оташбас истиқбол кард ва онро гоми муҳим дар коҳиши танишҳо донист. Ӯ изҳор доштааст, ки иҷрои ин оташбас ба аҳди Исроил ба қатъномаҳои байналмиллалӣ бастагӣ дорад.
Намояндаи Исроил дар Созмони миллал гуфтааст, ки кишвараш хоҳони ҷанги тамомайёр нест, аммо дар ҳоле ки минтақаҳои шимолии он мавриди ҳамла қарор мегиранд, сокит нахоҳад монд.
Акс: "Ройтерз"

⚡️Вазорати корҳои дохилии Русия дар давоми се соли охир ба дархости 14 ҳазори шаҳрванди хориҷӣ, ки забони русиро намедонанд, аммо хоҳони гирифтани шаҳрвандӣ ва мақоми муҳоҷирӣ дар ин кишвар ҳастанд, ҷавоби рад додааст.
Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохили Русия ба расонаҳо хабар додааст.
Вай таъкид кардааст, ки хориҷиёне, ки забони русиро намедонанд, вале ҳуҷҷатҳои дахлдорро доранд, аз мақоми муҳоҷӣ ва шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳанд шуд.

Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад
ASIA-Plus
Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад
Рӯзҳои 22-24-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои Иттиҳоди Двлатҳои Мустақил (ИДМ), Туркия, Эрон ва Чин иштирок мекунанд ва китобҳои…
Дар Эрон имкони таҳвили нафти хом аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ASIA-Plus
Дар Эрон имкони таҳвили нафти хом аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Азия-Плюс TJ
Photo
⚡Имрӯз, 26-уми сентябр шурӯъ аз субҳ дар маркази намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО-ЦЕНТР) Тоҷикистон ва кишварҳои меҳмон имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд ва намоишгоҳ то бегоҳи 27-уми сентябр идома меёбад.
Ҳар як кишвар дар ғурфаҳои алоҳидаи хеш намунаҳои гуногуни ҳунармандии худро ба намоиш гузоштаанд, ки ифодагари фарҳангу анъванаҳои онҳост.
Аз ҷумла ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо хизматрасониҳои гуногун, чун меҳмонхона, ҳавопаймо ва нақлиёти худро пешниҳод карданд.
Аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ камубеш 90 ширкат бо хизматрасониҳои гуногуни хеш иштирок доранд. Ҳамчунин таомҳои миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва ба меҳмонон пешниҳод шуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ шоми 27-уми сентябр бо чорабинии консертӣ дар шаршараи “Наврӯзгоҳ” ҷамъбаст мешавад.
Аксҳо: Азия-Плюс