Азия-Плюс TJ
30.3K subscribers
10.4K photos
2.42K videos
1 file
17.9K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
❗️Аввалин мурофиаи чеҳраҳои шинохта


Дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшудаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Мурофиа паси дари баста гузашт ва танҳо шаш вакили дифоъ ба он ворид шуданд. Наздикони боздоштшудагон роҳ дода нашуданд.

👨‍⚖️Мурофиаро муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ раисӣ мекунад.

🤐Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеҷ иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Тибқи иттилои дастрас, дар мизи айбдорӣ сиёсатмадорону мансабдорони пешин, мисли Саъидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, Шокирҷон Ҳакимов нишастаанд.

Аксари онҳо барои хиёнат ба давлат ё ғасби ҳокимият гунаҳкор мешаванд.

———————-
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст ? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
🇰🇷Шартҳои кор дар Корея пурра маълум шуд


Шартҳои кор дар Корея пурра маълум шуд. Ҷузъиёти тавофуқи Тоҷикистону Вазорати адлия дар пойгоҳи иттилоотиаш ҷойгир кард.

📑Тибқи ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 18 то 39 сол доранд, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир накардаанд, аз Корея ронда нашудаанд ва баромаданашон аз Тоҷикистон манъ нест, метавонанд ба Коррея раванд.

❗️Танҳо “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат ҳақ дорад шаҳрвандонро барои кор ба Корея фиристад.

💵Пули чипта барои сафарро худи корҷӯ пардохт мекунад. Ҳамчунин, ӯ дар Тоҷикистон ва Корея аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

Коргар чӣ гуна интихоб мешавад, барои сафар кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст ва дар кадом ҳолат метавонанд коргарро ихроҷ кунанд, муфассал дар телеграм канали мо мутолиа кунед.

➡️ Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд

———————
Таблиғ:
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст ? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад.
Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

❗️Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ


Бонки миллии Тоҷикистон баъди паҳн шудани навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.

💵Ин наворҳо чанд вақти охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардиш мехуранд ва дар он сокинон, аз ҷумла ронандагони таксӣ шикоят мекунанд, ки вақти пардохт пули қалбакӣ истифода шудааст. Дар ин пулҳо, ба ҷойи Бонки миллии Тоҷикистон, «Чиптаи бонки Шӯхӣ» навишта шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ин кори дасти гурӯҳе аст, ки бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хост, “зимни додугирифт бо пули нақд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ диққат дода, ҳангоми мушоҳидаи пулҳои шубҳанок ба ВКД, КДАМ хабар диҳанд”.

Бояд гуфт, тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пули қалбакӣ манъ ва ҷиноят аст.

—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

❗️Нақшаи даъват ба Артиш иҷро шуд


🪖Вазорати дифоъ иттилоъ дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиш дар кишвар пурра ва пеш аз муҳлат иҷро шуд.

Сабаби пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъват, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, масъулиятшиносии ҷавонон, шароитҳои беҳтари хидмат ва фаъолияти хуби комиссияҳои даъватӣ будааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, имсол сафи ихтиёриён, аз ҷумла ҷавонони дорои маълумоти олӣ ва фарзандони шахсони мансабдор бештар будааст.

Бо вуҷуди иҷро шудани нақша, фаъолияти комиссияҳои даъватӣ “бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон” то охири моҳи ноябр идома меёбад.
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

👨‍💻Ҳамлаи рамзшиканҳо ба Telegram


Чанд рӯзи ахир корбарони Telegram дар 🇹🇯Тоҷикистон мавриди ҳамлаи рамзшиканҳо қарор гирифтаанд. Ба корбарон асосан аз дӯстонашон бо мазмуни “обунаи солона ба Telegram Premium” паём ворид мешавад. Дар 💬паём гуфта шудааст, ки замимаро фаъол кунед ва ҳангоми фаъол кардани он аз корбарон маълумоти шахсӣ, логин, рамз ва ё маълумоти корт пурсида мешавад.

❗️Ин кори дасти қаллобон аст. Ба он бовар накунед!

Чи тавр худро ҳифз кард

Ба паёмҳои шубҳанок бовар накунед. Пеш аз фаъол кардан пайвандҳоро санҷед. Зеро Telegram расман аз нишонаи telegram.org истифода менамояд. Истифодаи ҳимояи дусатҳаро фаромӯш накунед. Маълумоти шахсӣ ё рамзи корти худро ба касе пешниҳод накунед.

Новобаста ба ин, агар ба доми қаллобон афтодед, рамзи саҳифаи худро ҳатман ивваз намуда, ба хадамоти дастгирии Telegram муроҷиат намоед.

—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Гази моеъ қимат ва камчин шуд


💢Дар Тоҷикистон гази моеъ қимат ва камчин шудааст. То чанд рӯз пеш нархи гази моеъ то 6 сомониву 80 дирам буд. Ҳоло
• Душанбе – 7, 5 сомонӣ;
• Хуҷанд – 7, 4 сомонӣ;
• Панҷакент – 7,5 сомонӣ;
• Бохтар – 7, 6 сомонӣ;
• Кӯлоб – 7,7 сомонӣ;
• Восеъ – 7, 8 сомонӣ мебошад.

🚗Ронандагон се рӯз инҷониб шикоят доранд, ки дар аксар ⛽️нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ пайдо карда наметавонанд. Сокинон низ шикоят доранд, ки пайдо кардани газ душвор шудааст.

Ҳарчанд мақомот расман шарҳ надодаанд, аммо як манбаъ гуфт, ки сабаби гарону камчин шудани гази моеъ коҳиши воридоти он аст.

➡️ БЕШТАР
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
❗️Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!

Дар Тоҷикистон барои додрасҳо донистани забони хориҷӣ дар баробари забони давлатӣ ҳатмӣ шуд.

Акнун ин талаботи қонун аст.
Ин талабот дар пайи тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид, ҷорӣ шуд. То ин дам барои додрас донистани забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ кофӣ буд.
Аммо дар қонун гуфта нашудааст, ки додрас бояд чанд забони хориҷӣ донад ва забони хориҷӣ кадом аст.

➡️ БЕШТАР
—————
Таблиғ: Шарбати Пардифен Кидс – давои омехта барои фарзанди шумо! Бо Пардифен Кидс кӯдаки шумо дур аз таб аз давраи кӯдакӣ лаззат мебарад. Пардифен Кидс аз ширкати Вегафарм. Аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

💡Фурӯши барқ ба Афғонистон

Ширкати «Барқи тоҷик»🇹🇯бо Ширкати тақсими барқи Афғонистон🇦🇫 (Брешно) барои фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кард.

✍️Ширкати Брешно дар сомонааш навишт, ки қарордодро роҳбарони ду ширкат дар Туркия🇹🇷имзо кардаанд.

Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашудааст.

Бояд гуфт, соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Тибқи он охири ҳар сол ду ҷониб протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

🇰🇼Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кувайт

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда метавонанд муташаккилона ба Кувайт барои кор фиристода шаванд. ✍️Ин баъди имзои Ёддошти тафоҳум дар моҳи ноябр, зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, имконпазир гардид.

Дар ин Ёддошт соддакунии талаботу расмиёт барои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ байни ду кишвар дар доираи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи асосӣ таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат гуфта мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони хориҷии машғули кор дар бахши хусусӣ мувофиқи қонунгузории ҳарду кишвар ҳимоя мешавад.
Айни ҳол Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии бакортаъминкунии Тоҷикистон ва ширкати Al-Huqooq International Company-и Кувайт ба имзо расидааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки мушаххасан кай шаҳрвандони барои кор фиристода мешавад.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

🇲🇻Лағви раводид ба Малдив

❗️Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои 30 рӯз бидуни раводид ба Малдив раванд. Зеро дирӯз, 26-уми ноябр, миёни Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводид имзо шуд.

Акнун шаҳрвандони ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 30 рӯз озод мебошанд.

🏝️Малдив аз 1 ҳазору 196 ҷазира иборат буда, дар уқёнуси ором ҷойгир аст ва чун кишвари сайёҳӣ шинохта шудааст.

__
Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидааст? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифей Бейби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!