Азия-Плюс TJ
27K subscribers
11.7K photos
2.77K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
🇹🇯🇮🇷Имзои ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон

Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз Қасри миллат хабар дод.

Ӯ гуфт, дар баробари имзои 19 ҳуҷҷати муҳим дар соҳаҳои гуногун, инчунин ҷонибҳо ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро ба имзо расониданд.

Зимни нишасти хабарӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кард, ки бо Иброҳим Раисӣ санади лағви раводид байни ду кишварро ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, ки ин барои рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои ояндаи ду кишвар замина хоҳад гузошт.

Акс аз Азия-Плюс

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ
🇹🇯🇮🇷Имзои ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ ёддошти тафоҳуми лағви раводид байни ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз Қасри миллат хабар дод. Ӯ гуфт, дар баробари имзои…
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ низ зимни суҳбат бо "Азия-Плюс" тасдиқ кард, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимол баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад.

Бо мо бошед | Telegram | Instagram | Facebook |
Азия-Плюс TJ pinned «НАВШУДА. Миёни Тоҷикистону Эрон Ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид имзо шуд Муҳтавои 18 санади дигаре, ки имзо шуд, маълум гардид.»
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар

Русия дастрас кардани шаҳрвандиро барои хориҷиён боз душвортар мекунад.

Вазири корҳои дохилии Русия дастур додааст, ки минбаъд назорат аз болои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия, додани санади иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи будубош пурзӯр карда шавад.

Вазири рус гуфтааст, шахсоне, ки аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ саркашӣ мекунанд муайян ва онҳое, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, аз қаламрави кишвар хориҷ ва шаҳрвандии онҳо бекор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз 26 октябр тағйироти ба Қонун дар бораи шаҳрвандӣ воридшуда эътибор пайдо кард.

Он ба татбиқи консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 нигаронида шудааст.

@asiaplustj
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ озими Ӯзбекистон шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд", - менависад манбаъ.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

@asiaplustj
❄️Имрӯз дар бархе манотиқи Тоҷикистон барф боридааст.

Аз километри 78 то 168- уми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши барф идома дорад.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳам барф задааст.

Дар ҷои зисти шумо ҳам барф борид?


Акс: аз шабакаҳои иҷтимоӣ

@asiaplustj
Азия-Плюс TJ
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ озими Ӯзбекистон шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. "Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов…
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд мулоқот кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

"Изҳори умед карда шуд, ки ташрифи давлатии президенти Узбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, барои инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду кишвар ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд", - навиштааст манбаъ.

Инчунин, ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

@asiaplustj