Азия-Плюс TJ
26.9K subscribers
11.7K photos
2.77K videos
1 file
19.6K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚽️ Ҳангоми бозии Лигаи қаҳрамонҳо дар пойтахти Дания як мухлис бо парчами Фаластин вориди майдон шуд ва як давр гирди он давид.

Ин кори ҷавон бозии даври чоруми Лигаи қаҳрамонҳо байни Копенгаген ва Манчестер Юнайтедро қатъ кард.

Навор: аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

@asiaplustj
📢 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон чорабинии Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ 2023-ро эълон кардааст.

Ин чорабинӣ 5 рӯз идома карда, дар бораи таҳсил дар хориҷа ва имконияти он маълумот медиҳад.

Худро тавассути пайванд ё QR код метавонед сабти ном кунед.

https://shorturl.at/ehnxV

@asiaplustj
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Меҳмонони имрӯзаи мо дар шоу-барномаи Парвоз107 аз соати 13:00 то 14:00 бонуи хушсадои тоҷик Ёсамин Давлатова ва ҳунарманди ширинсадо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамбул Муҳаммедов ҳастанд.

Оид ба нақшаҳо, зиндагӣ, фаъолият ва эҷоди сурудҳои навин сӯҳбат хоҳем кард.

Сӯҳбати моро тариқи мавҷи 107fm ва тавассути онлайн сартосари ҷаҳон аз #RadioAsiaPlus бишнавед.

Шарики барнома: XL Energy Drink Tajikistan
Дар Тошканд нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷараён дорад.

@asiaplustj
🇹🇯🇮🇷 Шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон бародаршаҳр шудаанд.

Рӯзи 8 ноябр дар Душанбе созишнома дар бораи барқарории равобити бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Язд ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Хуҷанд раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст.

Хуҷанд дар ҷаҳон бо беш аз 10 шаҳр бародаршаҳр аст.

@asiaplustj
Дар силсилафилми #Дом Малика ба як хабари фейкӣ (дурӯғӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар карда, ба чанголи ҷинояткорон меафтад.

Шояд шумо ҳам бо чунин хабарҳои дурӯғ дучор шудаед. Масалан, ба шумо хабари дурӯғ фиристоданд, ки дар шаҳр заминларза мешавад, аммо чизе нашуд. Ё шиноси шумо қариб буд тариқи онлайн ба қаллобон пул фиристад.

Саргузашти худро ба мо қисса кунед. Муаллифони ҷолибтарин саргузаштҳо соҳиби туҳфаи “Asia-Plus” мешаванд!

Чӣ бояд кард:
1. Саргузашти худро дар сториз ё пости Instagram ба иштирок гузоред
2. Ҳатман аккаунти моро қайд (тег) кунед ва аз хэштеги #бохабарбош истифода баред
3. Тамом!

@asiaplustj
Азия-Плюс TJ
Аҳолии Бадахшонро ройгон ташхису табобат мекунанд
“Корвони саломатӣ” дар Хоруғ ба кор оғоз кард

“Корвони саломатӣ” дар ҳайати 46 мутахассиси баландихтисоси тиббии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ ба кор оғоз кард, менависад ҳукумати шаҳри Хоруғ.

““Корвони саломатӣ” бо мақсади гузаронидани муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобат бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои вилоят ба хотири хизматрасонии ройгони тиббӣ барои сокинони шаҳр ва ёрӣ расонидан ба аҳолӣ баҳри ошкор намудани бемориҳои эҳтимолӣ ва пешгирии он ба шаҳр расид”, - навиштааст манбаъ.

Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда, ройгон табобат гиранд.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми ноябр корвони саломатӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона шуда буданд.

@asiaplustj