Азия-Плюс TJ
29.1K subscribers
10.8K photos
2.55K videos
1 file
18.5K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Чаро мо ба хабарҳои фейкӣ бовар мекунем?

Ҷавоб дар хусусиятҳои психологии тафаккури мо пинҳон аст:

Фишори иҷтимоӣ. Мувофиқи маълумоти олимони Донишгоҳи Миллии Австралия (ANU), вақте маълумоти фейкӣ дар ҳама ҷо такрор мешаванд, дигарон дар бораи он сӯҳбат мекунанд ва оҳиста-оҳиста ба он бовар мекунанд. Сабаби риояи меъёрҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки мо мехоҳем аз радди иҷтимоӣ будан канорагирӣ кунем ва узви ҷомеа бошем. Яъне агар одамони гирду атроф ба паёмҳои фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар кунанд, мо намехоҳем, таваккал кунем ва маълумотро рад намоем, то аз дигарон ҷудо нашавем.

Эҳсосот. Сабаби дигари ба хабарҳои фейкӣ бовар кардани одамон эҳсосот аст. Мулоҳизаҳои эмотсионалӣ барои коркарди маълумот дар майнаи сари инсон муҳиманд. Масалан, ҳангоми хуруҷи коронавирус одамонро тарсу ҳарос фаро гирифт ва чизҳои зиёдеро харида захира карданд. Яъне, ҳангоми ба воҳима афтодан, шумо ба маълумоти фейкӣ тезтар дода мешавед.

Майнаи танбал. Вақте моро миқдори зиёди иттилоот иҳота мекунад, мунтақидона ё бо тафаккури танқидӣ нигоҳ кардан ба воқеот душвортар мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки майнаи сари мо нерӯи рӯҳиро барои чизи арзандатар сарфа карданро афзалтар медонад. Аз ин рӯ, ба таҳлили ҳама иттилооти дидаамон, ки дар сомонаҳои хабарӣ ё дар шабакаҳои иҷтимоиву месенҷерҳо паҳн шудаанд, камтар мекӯшем ва зуд ба он бовар мекунем.

Майл ба тасдиқи нуқтаи назари худ. Тасдиқи пешакии маълумот ин маъқул донистани эътиқоди мавҷудаи мост. Масалан, агар шумо ба чизе итминон дошта бошед, кӯшиш мекунед бо пайдо кардани иттилооти гуногун онро тасдиқ кунед ва нуқтаи назари дигарро рад намоед. Ё, агар шумо бо изҳороте норозӣ бошед, маълумоти бештарро барои исботи нодурустии он пайдо мекунед.

Хотираҳои дурӯғин. Яъне ҳатто агар шумо мутмаин бошед, ки чизеро дуруст дар ёд доред ва дар бораи воқеа ё мавзӯъ тасаввуроти равшан доред, хато карда метавонед. Хотираҳои бардурӯғ бо дастгирии эътиқоди мо ба вуҷуд меоянд. Хотираҳои бардурӯғ аслан хотираҳои таҳрифшудаи рӯйдодҳо мебошанд, ки одатан баъзе унсурҳои воқеиятро дар бар мегиранд, аммо боқимондаро хаёлҳои мо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки маълумотро бори дигар санҷед.

Фаҳмиши ин ҳама хусусиятҳои психологии тафаккури мо ба шумо кӯмак мекунад, ки худро аз маълумоти бардурӯғу фейкӣ муҳофизат кунед. Санҷидани эътимоднокии манбаи иттилоотро фаромӯш накунед, барои таҳлил ва ҷустуҷӯйи маълумот дар сарчашмаҳои дигар вақт ҷудо кунед.

Бохабар бошед ва ба хабарҳои фейкӣ бовар накунед!

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

https://youtu.be/JjB3fKq9Uwg
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши қисми якуми аввалин силсилафилми “Азия Плюс” бо номи «Дом» баргузор гардид.

Ҳамроҳ бо меҳмонони даъватшуда, ҳайати эҷодиву ҳунармандон, сарпарастон ва шарикони лоиҳа мо ҳам ба паси парда нигоҳ кардем ва аз тамошои қисми якум ҳаловат бурдем.

Чӣ тавр буд? Лаҳзаҳои хотирмонро дар навор бубинед.

Филми “Дом” дар доираи лоиҳаи @internewstj REVIVE, ки аз ҷониби Евросоюз маблағгузорӣ мешавад, амалӣ шудааст.
Шарики лоиҳа @humomdo мебошад.

#дом #бохабарбош
@radioasiaplus
🎉Омодаи моҷарои ҳайратангезе бошед! Аллакай ин панҷшанбе шумо метавонед аз олами асрору муаммо бо веб-сериали нави мо, “Дом” аз #AsiaPlus лаззат баред. Шуморо сюжети шавқовар ва лаҳзаҳои ногувору ғайриоддӣ интизоранд!

🎬Қисми яккуми силсилафилми моро 5 октябр аллакай дар тамоми саҳифаҳои #AsiaPlus (YouTube, Instagram, Facebook и Telegram) тамошо намоед.
________

🎉
Приготовьтесь к захватывающему приключению! Уже в этот четверг вы сможете окунуться в мир загадок и тайн с новым веб-сериалом "Дом" от #AsiaPlus. Вас ждет захватывающий сюжет и неожиданные повороты.

🎬 Не пропустите первую серию 5 октября на всех наших площадках в Сети: YouTube, Instagram, Facebook и Telegram!

Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

https://youtu.be/_u_GGIrODWU

#бохабарбош #дом
@radioasisplus
🎬 Сериали тоҷикии "Дом" | Қисми 1
Ба ҷаҳони пурасрору ҷаззоби Малика – духтари музофотӣ, ки пас аз посух додан ба эълони кор дар хориҷа ҳаёташ куллан тағйир меёбад, хуш омадед!
👀Қисми аввалро тамошо карда, бо мо саёҳати ҳаяҷонбахшро оғоз намоед!
_________________________________________________

🎬 Таджикский сериал “Дом” | 1 серия
Добро пожаловать в захватывающий мир интриг и тайн с Маликой, девушкой из провинциального города, чья жизнь меняется после ответа на таинственное объявление о работе за рубежом.
👀Смотрите первую серию прямо сейчас и отправляйтесь вместе с нами в увлекательное приключение!

Наворбардории филм аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

https://youtu.be/EcjKYdghRbQ

@radioasiaplus #бохабарбош #дом
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
😻 Буквально недавно состоялась закрытая презентация первой серии веб-сериала «Дом» от Asia-Plus для любителей необычных и впечатляющих картин. По завершению презентации мы узнали у гостей, насколько и чем им понравилась картина.

🤍Их ответы смотрите на видео и не забудьте делиться в комментариях своими впечатлениями от просмотра первой серии веб-сериала «Дом».

__________________

😻Каме пеш намоиши қисми якуми силсилафилми “Дом” аз Asia-Plus ба мухлисону дӯстдорони филмҳои шавқовару ғайриоддӣ дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Онҷо мо аз тамошобинон оиди ин филм пурсон шуда будем, ки то чӣ дараҷа ба онҳо писанд омад.

🤍Посухи онҳоро дар навор бубинед ва худ низ фаромӯш накунед зери ин нашр фикру ақидаҳои худро оиди веб-сериали “Дом” нависед.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

#ВебСериал #бохабарбош #дом #REVIVE_CA
🎬 Сериали тоҷикии “Дом” | Қисми 2
Агар қисми якуми филм ба шумо писанд омада, таваҷҷуҳатонро ҷалб карда бошад, қисми дуюми он боз ҳам ҷолибтар хоҳад буд. Қаҳрамони асосӣ - Малика мехост барои кор ба хориҷа равад, аммо дар охирин лаҳза ба шубҳа афтод, ки эҳтимол корфармоён ба корҳои ғайриқонунӣ машғул бошанд.
Малика дар вазъияти хатарноке қарор гирифтааст, ки бори дигар муҳиммияти зиракию ҳушёрӣ ва бовар накардан ба хабару эълонҳои беасосро хотиррасон мекунад.

👀Маликаро боз чӣ моҷароҳо интизор аст? - дар қисми дуюми силсилафилми “Дом” тамошо кунед.

________________________________________
🎬 Таджикский веб-сериал “Дом” | 2 серия

Если первая серия оставила вас в напряжении, то вторая обещает быть еще более захватывающей. Главная героиня Малика хотела устроиться на работу за границей, но в самый последний момент поняла, что работодатели не честны на руку и промышляют чем-то нелегальным.
Малика оказалась в опасной ситуации, которая в очередной раз напоминает нам о важности бдительности и о том, что не всегда стоит доверять тому, что мы встречаем в интернете.

👀Смотрите вторую серию веб-сериала "Дом" прямо сейчас, чтобы узнать, что ждет Малику дальше

https://youtu.be/cVYljl1uYGM

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

@radioasiaplus #бохабарбош
🎬 Силсилафилми “Дом” | қисми 3

Вақте ба ҳаёти ту ва наздиконат хатар таҳдид мекунад, вазъиятро бояд таҳти назорат гирифт. Аммо духтараки оддии деҳотӣ чигуна ба қаллобон метавонад зиддият нишон диҳад?

Малика бо мушкилии ҷиддие рӯ ба рӯ мешавад! Барои ҳимояи худ ва падар ӯ чӣ қарор мебарорад? Ба ин саволҳо шумо пас аз тамошои қисми сеюми силсилафилми “Дом” метавонед посух ёбед.

👀 Худи ҳозир тамошо кунед ва ба олами амалҳои воқеӣ ғӯтавар шавед!
__
__
🎬 Таджикский веб-сериал “Дом” | 3 серия

Когда твоей жизни и жизни твоих близких угрожает опасность, приходится брать ситуацию в свои руки. Но как противостоять мошенникам, когда ты – обычная девушка из небольшого провинциального городка?

Малика оказывается перед невероятным вызовом! Какие решения она примет, чтобы защитить себя и отца? Ответы на эти вопросы ждут вас в третьей серии веб-сериала "Дом".

👀Смотрите прямо сейчас и погружайтесь в мир интриг, опасности и решительных действий!

https://youtu.be/BQRWn-hzGv4

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

@radioasiaplus #бохабарбош
Қисми навбатии силсилафилми #Дом пагоҳ нашр хоҳад шуд

Шумо филмро тамошо мекунеду дар бораи сарнавишти қаҳрамони асосӣ хавотир ҳастед ва омодаед, ки дар муҳокимаи мавзӯъҳои асосӣ фаъолона иштирок кунед?

Ҳар рӯзи ҷумъа дар мавҷи #107FM дар баронами #Парвоз107 ба сӯҳбат дар бораи сериал ҳамроҳ шавед ва тӯҳфаҳои ҷолибро аз #AsiaPlus ба даст оред.

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humo.tj

#ВебСериал #Таджикистан #бохабарбош #таджикскоекино #Малика #REVIVE_CA
🎬 Таджикский веб-сериал “Дом” | 4 серия

История, в которую случайно ввязалась Малика, обрастает новыми подробностями. Жизни разных людей находятся под угрозой, а выхода до сих пор нет. Или есть?
👀Смотрите 4ю серию прямо сейчас

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

https://youtu.be/FH45yuHF0gs?feature=shared

@radioasiaplus #бохабарбош
🎬 Сериали тоҷикии “Дом” | Қисми 5

Ҳар яки мо вақти бисёри худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронем. Аммо на ҳамеша дарк мекунем, ки бовар кардан ба ҳама хабару маълумот дар интернет то куҷо хатарнок аст.
Мисли қаҳрамони асосии силсилафилми мо – Малика, ки бидуни андешаву эҳтиёт ба эълони кор дар интерент ҷавоб доду ба доми қаллобон афтод ва акнун роҳи халосӣ меҷӯяд.

👀 Қисми панҷуми сериали “Дом”-ро худри ҳозир тамошо кунед.
_________________________________________________
🎬 Таджикский веб-сериал “Дом” | 5 серия

Все мы проводим уйму времени в Интернете, но не всегда осознаем, чем грозит наше доверие всему, что мы видим и слышим, и главное – как на это реагируем. Так и главная героиня Малика опрометчиво откликнулась на объявление о работе, а в итоге попала в ловушку, из которой ей предстоит выбраться.
👀Предпоследнюю серию смотрите прямо сейчас.

https://youtu.be/KQHr7QNenPE

🤝Наворбардории филм аз ҷониби @euintajikistan дар чаҳорчӯби лоиҳаи REVIVE, ки @internewstj амалӣ мекунад, маблағгузорӣ мешавад.
Шарики тарҳ @humomdo

@radioasiaplus #бохабарбош #дом
Дар силсилафилми #Дом Малика ба як хабари фейкӣ (дурӯғӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар карда, ба чанголи ҷинояткорон меафтад.

Шояд шумо ҳам бо чунин хабарҳои дурӯғ дучор шудаед. Масалан, ба шумо хабари дурӯғ фиристоданд, ки дар шаҳр заминларза мешавад, аммо чизе нашуд. Ё шиноси шумо қариб буд тариқи онлайн ба қаллобон пул фиристад.

Саргузашти худро ба мо қисса кунед. Муаллифони ҷолибтарин саргузаштҳо соҳиби туҳфаи “Asia-Plus” мешаванд!

Чӣ бояд кард:
1. Саргузашти худро дар сториз ё пости Instagram ба иштирок гузоред
2. Ҳатман аккаунти моро қайд (тег) кунед ва аз хэштеги #бохабарбош истифода баред
3. Тамом!

@asiaplustj
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🚨 Пеш аз бовар кардан ду бор фикр кунед! 🚨

🌐 Дар ин порча аз силсилафилми "Дом" қаҳрамони асосӣ Малика мисли аксари мо дар интернет ба ваъдаҳои осон пул кор кардан рӯбарӯ шудааст.

🤔 Фаромӯш накунед, ки боварии мо метавонад моро ба тӯъмаи қаллобон табдил диҳад. Ҳушёр бошед, зеро ҷаҳони тахайюлӣ пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт аст.

📺 Дар канали YouTube-и Asia-Plus ТV ҳамаи қисматҳои силсилафилми интернетии моро - “Дом” тамошо кунед

@asiaplustj #бохабарбош