Азия-Плюс TJ
24.3K subscribers
14.9K photos
3.36K videos
1 file
22.4K links
Таблиғ - https://t.iss.one/asiaplus_ads_bot

Сомона - www.asiaplustj.info/tj

Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj

Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/asiaplustoj
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️20 евро барои вуруди телефон ба Тоҷикистон

📆Шурӯъ аз 1 июли соли 2025 барои вуруди телефони мобилӣ ба Тоҷикистон 20 евро💶 боҷи гумрукӣ ситонида мешавад. Дар ин бора 10 июн қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.

Боҷи мазкур аз телефонҳое, ки барои истифодаи шахсӣ ворид карда мешавад, ситонида мешавад ё не, маълум нест. Мо талош дорем инро аз мақомоти масъул маълум намоем.

❗️То ин лаҳза баъди ворид кардани телефони мобилӣ бояд ҳаққи бақайдгирии IMEI-код ва 14% андоз аз арзиши иловашуда пардохт карда мешуд. Дар сурати пардохт накардан, хадамоти мобилӣ қатъ мегардид.

___
Таблиғ: Бо таърифаи Super Қувва аз ZET-MOBILE интихоб аз туст. Дар ихтиёри ту 9 Super Қувва аст, ки тибқи хоҳиш метавон пайваст кард. Гигабайтҳо, дақиқаҳо, паёмак ва ё ҳатто обуна ба ZET-TV. Таърифаро
бо хости худ бисоз – Super Қувваро пайваст кун!

#Якхабар
👎117👌1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Дастоварди таърихии ҷудокорони тоҷик

🥋Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон бори аввал се медал ба даст оварда, дар рӯйхати даставӣ мақоми 7-умро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори хушноми тоҷик бори аввал ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Ин аввалин медали нуқра барои Тоҷикистон аз Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо аст.

Обид Ҷебов ва Темур Раҳимов, ҷудокорони шинохтаи кишвар соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Обид Ҷебов дар марҳилаи чорякниҳоӣ Ҳифуми Абе, қаҳрамони олимпӣ аз Ҷопонро шикаст дод. Темур Раҳимов бошад, барои медали биринҷӣ ноибқаҳрамони пешини ҷаҳон Ушанги Кокаурии озариро 8 сония пеш аз анҷоми рақобат шикаст дод.

___
Таблиғ: Бо таърифаи Super Қувва аз ZET-MOBILE интихоб аз туст. Дар ихтиёри ту 9 Super Қувва аст, ки тибқи хоҳиш метавон пайваст кард. Гигабайтҳо, дақиқаҳо, паёмак ва ё ҳатто обуна ба ZET-TV. Таърифаро бо хости худ бисоз – Super Қувваро пайваст кун!

#Якхабар
141👍1👀1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Тоҷикистон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон🇹🇯 бо нашри як изҳорот ҳамлаи дирӯзаи Амрикову🇺🇸 Исроил🇮🇱 ба иншооти ҳастаии Эронро🇮🇷 “қатъиян маҳкум” ва аз шиддат гирифтани муноқиша ва паёмадҳои он изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.

Дар баробари ин, аз созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, Оҷонсии байналмилалӣ энерҷии ҳастаӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз нақзи қонунҳои байналмилалӣ, фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини амният дар минтақа иқдом кунанд.

❗️ВКХ гуфт, Тоҷикистон роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъро танҳо муколамаҳои сиёсию дипломатӣ медонад ва аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад.

🔹 Super ULTRA
Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
👍8👌53
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имсол барои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад.

📆Сафари ӯ пагоҳ, 25 июн, оғоз мегардад ва се рӯз идома мекунад. 27 июн дар шаҳри Хоруғ Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.

💬Як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ гуфт, ки барои сафари Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳама гуна омодагиҳо дида шудааст ва ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд.

Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
👍8👌21
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Даргирӣ дар марз бо Афғонистон

Сарҳадбонони тоҷик🇹🇯 дар марз бо Афғонистон🇦🇫 бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро куштаанд.

❗️Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар дод, ки гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғонистонӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд. Онҳо ба амри сарҳадбонон итоат накарда, вориди даргирӣ шуданд. Дар натиҷа саркардаи ин гурӯҳ Маҳмадҳошим валади Миракбар кушта шуда, се тани дигар ба ҷониби Афғонистон фирор кардаанд.

Аз ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 3 тирдон бо 87 дона тир ва 71 килограмму 929 грам нашъаи навъи ҳашиш дарёфт шудааст.

Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
9🙏4
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Сиёсати “Осмони боз”

✈️Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати “Осмони боз” ҷорӣ кард ва тибқи он низоми баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад.

❗️Яъне, минбаъд чандин маҳдудиятҳо, аз ҷумла, дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ширкатҳои хориҷӣ аз байн бурда мешаванд.

Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.
Вале баъзе маҳдудиятҳо дар 18 самти парвоз то 3 соли дигар боқӣ мемонад. Ин самтҳоро Агентии ҳавонавардии шаҳрвандӣ маълум мекунад.

Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
8👍2🔥1👌1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️$1 миллиони Абдурозиқро рабудаанд

Абдурозиқ Эгамов, блогери шинохтаи тоҷик, пас аз се моҳи рахна шудани суратҳисоби бонкӣ ва саҳифаи инстаграмаш дубора ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст, аммо беш аз 1 млн долларашро💵 рабудаанд.

Муборакшо Эгамов, амаки Абдурозиқ гуфт, бо ёрии вакили дифоъ саҳифаи инстаграм ва корти бонкиро баргардонидаанд, аммо маблағи суратҳисоби бонкии Абдурозиқро “кайҳо аз худ карданд”.

Муборакшо Эгамов афзуд, ҳоло талош доранд ҳақи истифодаи канали блогерро дар “YouTube” ва саҳифаашро дар “TikTok” бозпас гиранд.

Тафсилоти бештари ин қазияро дар сомонаи “Азия-Плюс” ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед.

Муфассал

Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
👍64
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Ҷузъиёти ба дарё партофтани 4 кӯдак аз сӯйи модар

🌊Дар Фархор як зани 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Ҳодиса шаби 29 ба 30 июн рух додааст.

Мақомот мегӯянд, ин зан “баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад”.

Аз чаҳор кӯдак, се тани онҳо духтар ва яке писар буда, калонии онҳо панҷсола ва аз ҳама хурдӣ чандмоҳа будаанд.

❗️Зан худ аз об берун шудааст, ҷасади ду кӯдакро пайдо карда, дуи дигарро ҷустуҷӯ доранд. Ин зан боздошт ва нисбаташ барои одамкӯшӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Муфассал

Таблиғ: тарофаи «Super ULTRA» аз ZET-MOBILE бо 60 Гб интернет, 600 дақиқа дар дохили шабака ва 300 Гб интернети шабона, инчунин, имкони интихоби якбора 3 «SUPER-қувва»! Интернету тамоси бештар - пайваст шав ва аз алоқаи баландсифат баҳра бар.

#Якхабар
9😢3👎2👌1💔1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Арзиши ваколатнома барои идораи мошин гарон шуд

🚘Дар Тоҷикистон арзиши ваколатномаҳо оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдории мошин ду баробар афзоиш меёбад.

Дар асоси лоиҳаи тағйирот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” минбаъд пешниҳоди ваколатнома ба фарзанд, ҳамсар ва падару модар 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 37,5 сомонӣ хоҳад буд.

Барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ бошад, ҳаққи ваколатнома то 1 нишондиҳанда, яъне 75 сомонӣ боло меравад.

Барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ то 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне то 300 сомонӣ боло бурда мешавад.

❗️Арзиши ҳуқуқи ихтиёрдории мошинҳо, то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне то 2 ҳозору 250 сомонӣ зиёд мегардад.

———
Super PRO аз ZET-MOBILE - 35 Гб интернет, 300 дақиқа дар дохили шабака, 200 Гб интернети шабона ва имкони интихоби 2 Супернеру.
Имкони тамошову тамос ҳама дар як тарофа.
Пайваст шав ва аз алоқаи бемаҳдуд баҳра бар.

#Якхабар
👎72
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚡️Хирс 20 говро кушт

Дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан чанд хирс🐻 ба чорвои сокинон ҳамла карда, беш аз 20 гови🐄 аҳолиро куштааст.

Сокинони ин деҳа мегӯянд, ҳамлаи хирсҳо ба чорво моҳи гузашта оғоз шуда, то ба ҳол идома дорад. Аҳолии ин деҳа аз талафи чорвои худ нигаронанд.

💬Директори хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан ҳамлаи хирс ба чорвои аҳолиро тасдиқ карда, гуфтааст, солҳои пеш низ чунин ҳодисаҳо сабт мешуд, аммо шумораи чорвои талафёфта кам буд.

Ӯ гуфт, дар ҷангали шаҳри Истаравшан 5 хирс сабт шудааст.

8😱2👌1