🇹🇯🇹🇲 Сафари давлатии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон анҷом ёфт
Сардор Бердимуҳаммадовро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
@asiaplustj

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом таҷлил мешавад.
Соли 2000 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Рӯзи Шашмақомро таъсис дода, 12 майро рӯзи ин жанри мусиқӣ эълон кард.
“Шашмақом” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Имрӯз, 12 май, бахшида ба таҷлили рӯзи Шашмақом дар филармонияи давлатии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии "Навои Шашмақом" баргузор мегарданд.

⚽️ Тақвими бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, маълум шуд.
Дар бозии ифтитоҳии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 13 январ бо тими Чин бозӣ мекунад.
Рӯзи 17 январ дастаи Петр Сегрт бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 - тими Қатар вомехӯрад.
Дар даври ниҳоӣ, марҳилаи сеюми гурӯҳии мусобиқот мунтахаби мо 22 январ бо тими Лубнон вомехӯрад.

🔺 Дар Душанбе дар назди сирк бар асари садама роҳбандӣ ба вуҷуд омад.
Троллейбус ба қафои мошини як зан бархӯрдааст. Мошин осеби ҷиддӣ надидааст ва талафот вуҷуд надорад. Аммо садама боиси банд шудани мошинҳо дар роҳ гардид.

Шашмақом моли кист? Чаро Википедия онро моли яҳудиён медонад? Ҳақиқати таърих чист?
Бархе аз пажӯҳишгарони ин мусиқӣ моли яҳудиён хондани онро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.

ASIA-Plus
Шашмақом моли кист? Чаро Википедия онро моли яҳудиён медонад? Ҳақиқати таърих чист?
Ҳар сол 12-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом таҷлил мешавад. Ин навъи мусиқии тоҷик, ки чанд сол пештар ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид, аз ҷониби аксари мусиқишиносон ҳамчун шоҳкории фарҳангӣ эътироф мегардад.
Парвандаи Хуршед Фозилов бо як иттиҳом ба додгоҳ меравад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд
Ба мактуби пайвандони рӯзноманигор аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух додаанд.

t.iss.one
Парвандаи Хуршед Фозилов бо як иттиҳом ба додгоҳ меравад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд
Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол карда мешавад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд ва интизори баррасии одилона парванда мебошанд.
Рӯзи 11 май, дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Хатлон ҷасади кӯдаки ғарқшуда пайдо шуд, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.
Ба иттилои ин ниҳод, кӯдаки 6-сола, сокини деҳаи Орзуи шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён рӯзи 28 апрел аз хона баромада, ғайб задааст.
Пас аз ду ҳафта ҷасадро тақрибан 5 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.

👩⚕️Имрӯз, 12 май, Рӯзи байнулмилалии ҳамшираҳои шафқат аст.
Дар робита ба ин мо тасмим гирифтем дар як акс нишон диҳем, ки кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон чӣ қадар маош мегиранд.

Forwarded from Радио Азия-Плюс
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🎙МОРО аз #АЗИЯ+ БИШНАВЕД:
💥12 май - Рӯзи Шашмақом🎶
🌟Ба ин муносибат имрӯз аз соати 13:00 то 14:00 барномаи мустақими мо бо ҳунарманди маънисаро ва фарзанди булбуловози майдони пурмеҳри шашмақом ТОҶИДДИН РАҲИМОВ баргузор мешавад.
Моро аз Asia-Plus, мавҷи #107fm ва тариқи онлайн сар то сари ҷаҳон бишнавед!!!Дар минтақаи вилояти Суғд тариқи мавҷи #104.4fm аст.
@radioasiaplus

Нақшаи даъват ба артиш 76 дарсад иҷро шуд
Дар давоми чил рӯзи даъват ба артиш то имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 76 дарсад иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва то охири моҳи апрели соли равон бошад, чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро намуданд.
Ба иттилои манбаъ то ин муддат ноҳияҳои Лахшу Нуробод, Рашт, Сангвору Тоҷикобод ва шаҳри Ваҳдат низ аз анҷоми даъвати баҳорӣ хабар додаанд.
"Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, то имрӯз ба 77 фоиз баробар мебошад", - навиштааст манбаъ.
Дар вилояти Хатлон бошад ноҳияҳои Вахш, Данғара, Фархор ва шаҳри Леваканд нақшаи даъват ба артишро ба анҷом расонида, иҷроиши нақша дар ин вилоят 73 фоизро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд 68 фоиз нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба артиш иҷро шудааст.

“Барои наҷоти худ низом насохтаем”. Интиқоди Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз мудирияти Толибон
Ин аввалин интиқоди чеҳраҳои калидии ин гуруҳ аз "ҳукумати таъсисдода"-и худ нест.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ, яке аз чеҳраҳои калидии Толибон*, ки сарпарастии вазорати корҳои дохилаи Афғонистонро ба зимма дорад, аз низоми идории ин гуруҳ интиқод карда, зарурати таҷдиди онро таъкид намуд. Дар ин бора нашрияи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.
🇹🇯🇺🇿 Имрӯз, 12 май, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ баррасӣ гардида, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Ба андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамин ҳоло дар Душанбе фестифали “Навои Шашмақом” ҷараён дорад
Ин фестивал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор шудаистодааст.
Дар фестивали “Навои Шашмақом” Ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва шашмақомсароёни маъруф аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бохтар ва Душанбе ширкат меварзанд.
Дар доираи ин фестивал шашмақомсароён қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, Шашмақом - мусиқии суннатии миллати тоҷик аст ва аксари таронаҳои он дар бораи ишқу ирфон суруда мешавад. Дар ин навъи мусиқӣ созҳои рубоб, барбат, доира, даф ва танбур ба кор бурда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва “Қуръон”-и мусиқӣ ёд мешавад.
ЮНЕСКО соли 2000 Шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин, мероси ғайримодӣ сабт кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 12-уми май дар саросари кишвар чун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад.

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Якхабар
Иваз кардани ному насаб чанд сомонӣ аст?
Боҷи давлатӣ барои ивази ному насаб боло рафтааст.
Акнун, барои ивази ному насаб бояд 260 сомонӣ пардохт кард, пештар 102 сомонӣ буд.
Зимни ивази ному насаб ба ғайр аз боҷи давлатӣ, ҳамчунин, 44 сомониву 20 дирам барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо оид ба ивази ному насаб ва 13 сомониву 60 дирам барои бланки аризаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва пур кардани он пардохт карда мешавад.
Чанд соли охир дар Тоҷикистон иваз кардани ному насаб зиёд шудааст. Аз ҳама бештар муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия ному насабро иваз мекунанд, то тавонанд, дубора бо номи нав вориди Русия шаванд.
Хабару гузоришҳои бештарро дар Telegram-канали мо @asiaplustj мутолиа кунед.

“Устухоне дар пеши саг”. Аввалин филми мустанад оид ба маскуншавӣ дар Тоҷикистон
Филми ҳуҷҷатии “Маскун” дар бораи се зан қисса мекунад, ки баъди аз ҳам пошидани оилаҳои хеш барои маскун шудан ба суд муроҷиат намудаанд.
Таҳиякунандагони филми мустанад кӯшиш кардаанд, ки мушкили маскуншавӣ дар Тоҷикистонро аз паҳлӯҳои гуногун ба тасвир кашанд.
Қаҳрамонҳои интихобгардида низ аз минтақаҳои гуногуни кишвар буда, ҳар яке қиссаи худро доранд ва барои ояндаи худу фарзандони худ талош мекунанд.
Филми мустанад бо кумаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Муаллифони филм барои муҳтавои филм масъул буда, мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews дар он инъикос намегардад.
https://youtu.be/cNouoBJCcjs

YouTube
“Маскун”: аввалин филми мустанад оид ба маскуншавӣ дар Тоҷикистон
Филми ҳуҷҷатии “Маскун” дар бораи се зан қисса мекунад, ки баъди аз ҳам пошидани оилаҳои хеш барои маскун шудан ба суд муроҷиат намудаанд.
Таҳиякунандагони филми мустанад кӯшиш кардаанд, ки мушкили маскуншавӣ дар Тоҷикистонро аз паҳлӯҳои гуногун ба тасвир…