Азия-Плюс TJ
30.2K subscribers
10.5K photos
2.46K videos
1 file
18K links
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
Download Telegram
Дар ҷомеаи имрӯза, яке аз мушкилоти ҳалталаб миёни волидон ва фарзандон нофаҳмиист. Нофаҳмии наслҳо.

Мо, яъне онҳое, ки синну соламон аллакай аз 35 болост, кӯшиш мекунем, насли ҷавонро дарк кунем, ҳарчанд на дар ҳама маврид ин ба мо даст медиҳад. Акнун тасаввур кунед, ки кор барои насли калонсолтар, яъне фаҳмидану қабул кардани талаботу хостаҳои насли наврас, ё ба қавли дигар насли Z чӣ тавр аст?!

Насли Z – онҳо кистанд? Бо онҳо чӣ гуна муоширату муомила бояд кард? Чӣ тавр онҳоро бояд шуниду дарк кард?

Ин фасли дуюми подкасти «Маро бишунав!» аст, ки он пурра бахшида мешавад ба мавзӯи ҳамдигарфаҳмии наслҳо. Интизори фикру мулоҳизаҳои шумоем!

#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
https://youtu.be/4HR2xEHVl2w
Замона дигар мешавад, шароити зиндагӣ, ҷаҳонбинии одамон таъғир меёбад, аммо мушкилоти муноқишаи байни наслҳо ҳанӯзам боқист.
Меҳмони навбатии подкасти «Маро бишунав!» Фарангис Шарипова, роҳбалади саёҳӣ, модари ду фарзанд, писари 21 ва духтари 15 сола мебошад. Мақсади даъвати Фарангис барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар доираи як лоиҳаи иҷтимоӣ духтараш Камиларо аз шаҳр ба деҳа равон карда, дар ҷавоб писари деҳотиро ба хонаи худ қабул кардааст.
- Чӣ тавр Фарангис ба ин идея розӣ шуд ва чаро?
- Аз чӣ тарс дошт? Оё ӯ миёни духтари худ, ки шаҳр бузугр шудааст ва писаре, ки зодаи деҳот аст, ягон фарқиятеро дид?
Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо посух хоҳад гуфт.

#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=tVTzwo3UpiQ&t=3s
VidCast: Маро бишунав #3. Муносибати наслҳо оид ба оиладорӣ
Далер кай зан мегири?
Соро кай шавҳар мекунӣ?
Қурбон кай фарзанддор мешӣ?
Ширин пир шудӣ бояд барвақт шавҳар мекардӣ...
Одил дер шуд, тезтар зан гир...
Хулоса ҳар рӯз ба гӯши ҷавонони болои 25 сол умр дошта ин ҳарфҳо аз даҳ тараф мерасад.
Дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" Далер Имомалӣ бо журналисти ҷавон Одили Нозир дар бораи муносибати наслҳо оид ба оиладорӣ гуфтанд.

P.S. тими "Зира медиа" аз самими қабл Одилро ба муносибати оиладоршавиаш табрик намуда, ба навхонадорон ҳамдигарфаҳмӣ ва хушбахтиро таманно дорем.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://youtu.be/mYvNl-DIzzc
-Аҷиб барои чӣ махсусан мавзӯи забони муоширати ҷавонони мо ӯро ба фикр водор мекунад?
-Чӣ бадӣ дорад, агар ҷавонон бо чандин забон сӯҳбат кунанд?
-Худи ӯ низ дар замони Шӯравӣ, яъне авҷи ҳукмронии забони русӣ ба воя расидааст, пас чаро чунин бурхурд?
Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо посух хоҳад гуфт Абдулмумин Шарифӣ, ҳунарманди театру синамо, устоди даҳҳо шогирд дар ин самт иштирок дорад.
Мақсади даъвати ин ҳамсӯҳбати мо дар он аст, ки ӯ дар мавзуи забони муошират миёни ҷавонони имрӯз хело ҳассос аст.
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://anchor.fm/zira-media/episodes/4-e1aqfer
Forwarded from Zira Media
Дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" Гулҷаҳон Камолзода, роҳруб, модари як фарзанд, иштирок дорад. Мақсади даъвати Гулҷаҳон барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар вақту соатҳои гуногун машғули тозакорӣ аст ва дақиқан шоҳиди чандин воқеаву ҳодисаҳои бархурди наслҳо дар ин хиёбонҳо шудааст.
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
Чаро дар кучаҳои Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар санъати муоссири рассомӣ таблиғ намешавад?
Дар нашри навбатии подкасти мо, Тоҳир Назар, рассом иштирок дорад. Мақсади даъвати Тоҳир барои сӯҳбат дар он аст, ки ӯ дар самтҳои гуногуни рассомӣ кору фаъолият кардааст ва яқинан бо наслҳои гуногун дар ин соҳа бархурд кардааст. Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти мо ҳамсӯҳбатамон посух хоҳад гуфт.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=S00laA1ePio
Гоҳо дар ВАО ва гоҳо дар суҳбатҳои пӯшида мешунавем, ки миёни ҳунарпешаҳои гуногун дар театр ва майдони синамо ихтилофи назар ҳаст. Дар нашри навбатии подкасти худ Зарина Бадалова, ҳунарманди театру синаморо даъват кардем, то дар бораи асрори паси пардаи театру синамо ба мо нақл кунад.
Интизори фикру андешаҳои шумоем.
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=VYAeiIzgUYU
👀 Кӣ бояд қадами аввалро дар ҳалли мушкилот гузорад: калонсолон кӯшиш намоянд, ки ҷавононро фаҳманд, ё баръакс?
Худи ҷавонон, барои ҳалли мушкилоти нофаҳмӣ миёни наслҳо чӣ пешниҳоде доранд?
❗️Ба ин ва дигар суолҳо дар нашри навбатии подкасти «Маро бишунав» Шоҳрух Дилшодзода, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, посух мегӯяд.
👨🏻‍💻 Подкастери нашри навбатии мо яке аз журналистони ҷавону навқадами "Зира медиа" Фаридун Холбоев аст.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://youtu.be/b-xxOEiVVWE
- Оё идома додани таҳсили духтарони деҳот, ё даст кашидани онҳо аз таҳсил дар макотиби олӣ қарори худи онҳо аст ё атрофиён низ таъсиргузор ҳастанд?
- Чаро бархеҳо ба суханони дигарон гӯш дода, сабаби маҳдуд кардани хоҳиши духтарони деҳотӣ мешаванд?
- Чӣ тавр Қурбонбибӣ волидайни худро розӣ карда, барои идомаи таҳсил ба Душанбе омад?
Нашри навбатии видкасти моро тамошо карда, андешаҳои худро дар шарҳ нависед.

#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://youtu.be/Y29yPQO5AN0
🎙Аз таҷриба маълум аст, ки дар байни оилаҳои серфарзанд баҳсу ақидаҳо ва нобаробарии фикрҳо, ҳатто ҷанҷолу вокунишҳои зиёд сар мезананд, ки бештари онҳо боиси озурдахотирии якдигар ва носолиму бо тафаккури дигар ба воя расидани фарзандон мешаванд.

🌀Чаро ин гуна баҳсҳои оилавӣ сар мезананд?
🌀Мушкиле, ки пеши роҳи шуморо мегирад, барои ҳалли он аввал бо бародарону хоҳарон маслиҳат мекунед ё бо волидайн?

👉Нашри навбатии подкасти моро вобаста ба ихтилофоти назар дар оилаҳои серфарзанд тамошо кунед!

☝️Агар шумо низ шоҳиди баҳсу мунозираҳо ва ҳолатҳои дигар дар оилаҳои серфарзанд шудаед, чӣ тавр онро ҳал намудед?

✍️Дар шарҳ нависед, то ба ин хатогиҳо дигарон низ роҳ надиҳанд.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=NIT62M-T3MI
❗️Бо тамринҳои зиёд ба сатҳи касбии ин ё он намуди варзиш расидан аз хоҳишу завқу тавоноии ҳар як шахс вобаста аст. Дар ин миён дастгирии атрофиён низ муҳим аст.

👀Новобаста аз дастовардҳои зиёди варзишгарони тоҷик, ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки барои ба варзиш машғул шудани духтарон монеа мешаванду ақидаҳои гуногун низ доранд.

Ҳамсуҳбати навбатии мо Миҷгона Самадова иштирокчии чандин мусобиқоти дохиливу байналмилалӣ аст. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт", ки дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия аз 7-ум то 11-уми декабр баргузор шуд, ҳарифони худро мағлуб карда, соҳиби медали тилло ва қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс дар вазни 57 кг. гардид.

Чӣ тавр Миҷгона бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд волидони худро розӣ кард, то ба тамринҳо идома диҳад?

Нашри зерини видкасти моро тамошо кунед ва андешаҳои худро ҳатман дар шарҳ нависед.
https://youtu.be/3yDQ6F-fOgk


#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
🎙VidCast: Маро бишунав #12 бо Муҳаммад Азимзода – балерин

👉Дар меҳмонии мо, Муҳаммад Азимзода – балерин, яъне раққоси балет, корманди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳузур доранд. Мақсад аз даъвати Муҳаммад дар он аст, ки андешаҳои худро роҷеъ ба:

🔸Оё дахолати падару модарон ба хоҳиши фарзандон, гуногунандешии ҷомеа ва ихтилофоти назар сабаби ин мушкилӣ шуда метавонад?

🔸Чӣ тавр ҷавононро ба ин навъи санъат бештар ҷалб бояд кард?
Ба ин ва дигар саволҳо дар подкасти навбатӣ посух хоҳем ҷуст.

📌Интизори шарҳу андешаҳои шумоем!

https://www.youtube.com/watch?v=vR-ZHqFpJPI
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
Бозор рафтан дар асри 21 одати куҳна шудааст. Акнун дар хона нишаста аз он гӯшаи дунё харид мекунед. Дар ин ҷаҳони мағозаҳои онлайнӣ насли куҳнаву нав чӣ ҳол доранд?
Мадина Ғаниева, менеҷери тиҷоратӣ дар ин мавзуъ дар подкасти навбатии мо ба баҳс ворид шуд.
https://www.youtube.com/watch?v=mkLWNiaL4V8

#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF
Феминизм чист? Оё ин раванд занонро муқобили мардон мешӯронад?
Нисо мегӯяд, ки феминистҳо ба манфиатҳо мардҳо зиндагӣ мекунанд. Магар мардҳо намехоҳанд, ки даромади баробар дошта бошем?
Нисо Расулова, феминист, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нашри навбатии подкасти "Маро бишунав" аз дунё ва зиндагии феминистҳо дар ҷомеаи суннатӣ мегӯяд.

#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=-nZhLnHQdio
Бинои ҳукумат вайрон карда шуд, баъд чӣ? Почта аз нав сохта шуд, ба ман фарқаш чӣ? Ошёнаҳои тарҳи Питербургӣ дар Душанбе хароб шуданд, кори ман чӣ? Бетарафӣ ё тарафдорӣ...Муаррих Ғафур Шерматов даъво дорад, ки ин шаҳрро насли нав не, балки насли пешин вайрон доранд...

❗️Меҳмони нашри навбатии видкаст бо Ғафур Шерматов.
___
#VidCast
#PodCast
#NewGeneration
#ZiraMedia
#OSIAF

https://www.youtube.com/watch?v=6Q6D7oJLFY4&ab_channel=ZiraMedia