Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Заҳролуд шудани беш аз 60 нафар дар Суғд пас аз хӯрдани “грилл”
Беш аз 60 нафар сокини чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грилл) заҳролуд шудаанд. Дар ин бора монобеъи “Азия-Плюс” аз ниҳоди тандурустии вилояти Суғд хабар дода гуфтаднд, ки заҳролудшудагон ҳама мизоҷони аз як дӯкон фурӯши гӯшти…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Идораи роҳи оҳан: “Тоҷикистон ба азсаргирии равуои қаторҳо бо Русия омода аст”
“Тоҷикистон худи ҳозир омода аст, ки равуои қатораҳоро бо Русия бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ барқарор созад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Дар Бохтар барои муҷассамаи нави Бобоҷон Ғафуров ҷой намеёбанд
Шаҳрдории Бохтар баъди аз нав омода кардани муаҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби маъруфи "Тоҷикон" мехоҳад онро дар ҷойи дигари шаҳр насб кунад. Аммо то кунун ҷойи мувофиқе барои насби муҷассамаи ин Қаҳрамони Тоҷикистон пайдо накардаанд.
🔺 Имрӯз дар Хоруғ нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон шуд
Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хоруғ, имрӯз ба ифтихори 85-уми солгарди Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV- пешво ва Имоми замони исмоилиёни шиаи низории ҷаҳон равуоро дар дохили шаҳр бепул карданд.
Манобеъ аз Хоруғ хабар медиҳанд, ки мусофиркашҳои шаҳргарди "Танген" ва таксиҳои хусусӣ имрӯ комилан ройгон барои мусофирон хидмат мерасонанд.
Ройгон шудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин шаҳр дар ҳолест, ки сафар бо "Тангем" дар Хоруғ барои як нафар 2,5 сомонӣ вабо таксӣ 10 сомонӣ арзиш дорад.
Шоҳкарим Оқохони IV дар 20-солагӣ, соли 1957 пас аз падарбузургаш Оқохони III - Султон Муҳаммад Шоҳ бар тахти имомат расидааст.
Оқохони IV хатмкардаи риштаи таърихи ислом аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард аст ва имрӯз дар сатҳи ҷаҳон, хусусан дар Ғарб яке аз шахсиятҳои таъсиргузори дунё ва олами ислом эътироф мешавад.

Навоварӣ дар облава? Дар Кӯлоб ҷавонеро мустақиман аз ҳавопаймо ба артиш бурданд
Сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро мустақиман дар назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш сафарбар намуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ҷавон хабар дод. Лекин дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб изҳор намуданд, ки…
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.13
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Аз 60 ба 180 $ млн: Дар ду моҳ содирот миёни Тоҷикистону Эрон аз буҳрон ба рекорд расидааст
Дар ду моҳи гузаштаи октябр ва ноябри имсол ҳаҷми додугирифт миёни Эрон ва Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо ширкати Садо ва симои ин кишвар хабар додааст.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Додситонии Хуҷанд дар пайи заҳролудшавӣ аз “грилл” дар Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз кард
Додситонии шаҳри Хуҷанд дар пайи заҳролудшавии даҳҳо нафар аз истеъмоли мурғбирёни “грилл” алайҳи як соҳибкор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дирӯз бар пайи ин ҳодиса Идораи беҳдоштии вилояти Суғд дари ин дӯкони ин соҳибкорро дар "Афғонбозор"-и шаҳри Хуҷанд…
🔺 Толибон вохӯрии вазиронашро бо дипломатҳои хориҷӣ манъ карданд
Раҳбарияти ҳаракати тундгарои “Толибон” ба вазирони ҳукумат, инчунин дигар шахсони мансабдор вохӯриро бо дипломатҳои хориҷӣ бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ манъ кард. Тавре хабаргузории Фергана менависад, рӯзи 13 декабр дар саҳифаи “Амороти исломии Афғонистон” дар Twitter дар ин хусус хабари марбута нашр шуд.
“Нахуствазири Амороти исломии Афғонистон (мулло Муҳаммад-Ҳасан Охунд) як амр содир намуд, ки мувофиқи он ба вазирон ва мансабдорони аморат вохӯрӣ бо дипломатҳо ва сафирони давлатҳо бидуни мувофиқа бо департаменти масъули расмиёти ташрифотӣ (протокол)-и Вазорати корҳои хориҷӣ манъ шудааст”, - омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, нусхаи асл ё матни амр оварда нашудааст.
Баъдан онҳо мансабҳои вазирӣ ва вазифаҳои ба он баробарро таъсис доданд. Аз ҷумла афроде, ки барои фаъолияти террористӣ аз ҷониби дигар давлатҳо ҷустуҷӯ мешаванду ба рӯйхатҳои таҳримотии СММ шомиланд, мансабдорони воломақоми ҳукумати Толибон шуданд.

🔺 Ҳабиб Нурмагомедов ба муборизаи Ҳасбик ва Абдурозик мухолифат кард
Ҳабиб Нурмагомедов дорандаи камарбанди қаҳрамонии мутлақи мубориза (UFC) намехоҳад, ки блогерҳо Ҳасбик ва Абдурозиқ бо ҳам мубориза кунанд. Дар ин бора ӯ дар нишасти матбуотӣ гуфт, хабар медиҳад ТАСС.
Пеш аз ин, матбуот ба таври фаъол дуэли эҳтимолии байни блогерҳоеро, ки муборизони ҳирфаӣ нестанд, муҳокима мекарданд.
Нурмагомедов гуфт: "Ман зидди ин мубориза ҳастам. Ман мефаҳмам, ки ин як таблиғ аст, аммо намехоҳам, ки онҳо ҷанг кунанд."
@asiaplustj

Арзиши иҷозатномаи мошинҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон боло меравад
Дар Тоҷикистон арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо боло меравад. Нарх бо далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо тағйир ёфтааст. Ҳоло як нишондиҳанда дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ҳисоб мешавад, вале аз 1-уми январи соли 2022 он ба 64…
🔺 Русия дигар шаҳодатномаҳои тиббиеро, ки дар Тоҷикистон барои дарёфти РВП-и Русия дода мешавад, қабул намекунад
Барои дарёфти муҷаввизи иқомати муваққатии Русия (РВП) шаҳрвандони Тоҷикистон бояд танҳо дар Русия аз муоинаи пизишкӣ гузаранд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло шаҳодатномаҳои тиббии созмонҳои тиббии Тоҷикистон қабул намешаванд.
Барои дарёфти муҷаввизи иқомати муваққатии Русия (РВП) шаҳрвандони Тоҷикистон бояд танҳо дар Русия аз муоинаи пизишкӣ гузаранд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло шаҳодатномаҳои тиббии созмонҳои тиббии Тоҷикистон қабул намешаванд.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Парвандаи ҷиноӣ бар пайи сӯхтори корхонаи пахтаи Мастчоҳ: "қасдан оташ задаанд"
Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ бо гузашти беш аз ду ҳафта аз сӯхтори корхонаи пахтаи “Музаффар Ко” расман эълом кард, ки онро қасдан оташ задаанд. Мақомоти милитсияи Мастчоҳ аз руйи моддаи 255 ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Ҳукумат агар пазирад, дар Тоҷикистон мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 22 кам карда мешаванд
Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон шумораи мақомоти санҷишгар аз 26 ба 22 кам карда шаванд. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор шудааст,…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Кумитаи дин: барои Ҳаҷҷи Умра мунтазири иҷозаи Ситоди мубориза бо коронавирусем
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ба Умра (ё тавре дар Тоҷикистон маъмул шудааст Ҳаҷҷи Умра) рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муҷовимат бо коронавирус ҳастанд. Дар ин бора аз худи Кумита ба "Азия-Плюс" хабар доданд.