🔺Пидром: Толибон барои эҷоди давлати фидеролӣ тан диҳанд. Ин танҳо роҳи ҳал аст
Латиф Пидром, роҳбари ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, ки "Толибон як мӯҳлати чаҳормоҳа барои ташкили ҳукумати ҳамашумул хостаанд."
Вай дар Твиттери худ навиштааст: "Баръакс мо аз ин гурӯҳ мехоҳем аз ҳамин акнун барои эҷоди давлати фидеролӣ фикр кунанд ва тан дар бидиҳанд. Ин танҳо роҳи ҳал аст."

Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Додситонии кул ба тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ оғоз кардааст
Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тафтиши мунсифонаи рӯйдодҳои ахири Хоруғ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шудааст.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Русия соли 2022 барои муҳоҷирон IT-корти бемуҳлат ҷорӣ мекунад
“Дар сиёсати муҳоҷирати Русия тағйирот сурат мегирад. Ислоҳоти қонунгузорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, то нимаи соли 2022 лоиҳаи он ба Думаи давлатӣ пешниҳод мешавад”, - гуфтааст президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Дар ВМКБ интернет фаъол шуд, аммо танҳо дар Ванҷу Дарвозу Мурғоб. Дар Хоруғ нест
Дар бархе аз ноҳияҳои ВМКБ шабакаи интернет дастрас шудааст, аммо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят то кунун дастрасӣ ба интернет масдуд аст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз мақомоти давлатӣ дар Хоруғ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Шералӣ Кабир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки дар бозсози маконҳои мероси урани Тоҷикистон саҳм бигирад
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ширкаткунандагони Маҷмааи Ҳисоби барқарорсозии экологӣ хостааст, ки дар бозсозии маконҳои мероси урани Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат хабар медиҳад.
🔺Лоиқ Раҷабов бо Лигаи Ҳабиб Нурмагомедов шартнома баст
Лоиқ Раҷабов, ҷанговари тоҷик ба EFC (Eagle Fighting Championship), ки роҳбари он Ҳабиб Нурмагомедов аст, роҳ ёфт. Дар ин бора mma.metaratings.ru. хабар медиҳад .

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔺 Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". 2021.12.10
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Ахбори рӯз дар "Азия-Плюс". Муҳимтарин ва ҷолибтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон.
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Филми мақомот: аз баёноти Файзову дидгоҳҳои Оқохон, гуноҳу бегуноҳии Зиёбекову Абирзода то сармоягузории эътирозҳо аз хориҷ
Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо гузашти наздик ба ду ҳафта аз ҳаводиси 25-28 ноябри соли равон дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ, бо нашри як барнома ё филми мустанаде бо номи “Нурӯи қонун” дар телевизиони маҳаллии “Бадахшон” баъзе паҳлуҳои ҳодисаҳои ахир рухдода…
Азия-Плюс TJ via @bold
t.iss.one
Хотироти неки Эмомалӣ Раҳмон аз суҳбатҳо бо Меркел ва табрики кантслери нави Олмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз 11 декабр ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс ва собиқ кантслери ин кишвар дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуд.
🔺 Тоҷикдухтар ба дарёфти медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии бокс шараёфб гардид
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.
“Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

🔺 Ҳабси 3 нафар дар Душанбе барои ғайриқонунӣ бо худ доштани корд ва чӯбдасти резинӣ
Дар доираи амалиёти “Корд”, ки ба пешгирии ҳодсаҳои нохуш ва ҷиноятҳо равона шудааст.
Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсияи пойтахт 3 нафарро боздошт намуда, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи сард аз 5 то 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла аз сокини пойтахт Некрӯз Нодиров корд мусодира гардида, ӯ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.
Гуфта мешавад, аз Алишер Наҷмиддинов низ корд ва аз Ҷаҳонгир Саймурод чӯбдасти резинӣ (дубинка) мусодира гардида, ба аввалӣ 10 шабонарӯз ва ба дувумӣ - 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.
Зикр мешавад, ки амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

🔺 Имрӯз шииёни исмоилии ҷаҳон 85-уми солгарди пешвои мазҳабӣ ва Имоми замони худ Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро таҷлил мекунад.
Шоҳкарим Оқохони IV дар 20-солагӣ, соли 1957 пас аз падарбузургаш Оқохони III - Султон Муҳаммад Шоҳ бар тахти имомат расидааст.
Оқохони IV хатмкардаи риштаи таърихи ислом аз донишгоҳи маъруфи Ҳарвард аст ва имрӯз дар сатҳзи ҷаҳон, хусусан дар Ғарб яке аз шахсиятҳои таъсиргузори дунё ва олами ислом эътироф мешавад.
Дар Тоҷикистон, дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз бузургтарин ҷамоаи исмоилиёни ҷаҳон умр ба сар мебаранд ва ниҳодҳои гуногуни Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, кишоварзӣ, иҷтимо, маорифу фарҳанг ва роҳу иртиботот сармоягузориҳои ҳангуфте мекунад.
Азия-Плюс исмоилиёни Тоҷикистонро ба ифтихори солгира ё зодрӯзи Имоми замонашон табрик мекунад ва хостори саломату сарбаландии ин чеҳраи таъсиргузори асри имрӯз аст!