This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Зодрӯз муборак
126 сол муқаддам дар ҳамин рӯз Залмон Муллоқандов, овозхони опера ва Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Ӯ яке аз аввалин ва барҷастатарин овозхонони операи Тоҷикистон, намояндаи машҳури сулолаи санъаткорони бухороияҳудӣ буда, дар ташаккул ва рушди санъати вокалӣ ва театрии тоҷик саҳми таърихӣ гузоштааст
❤1
🔹 Ҷустуҷӯи духтари дусолаи Алишер Мирзонабот ҳанӯз идома дорад
Ҷустуҷӯи ҷасади духтари дусолаи собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот идома дорад.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, имрӯз, 16 июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки наҷотдиҳандагон корҳои ҷустуҷӯиро дар маҷрои дарёи Панҷ ва атрофи он идома медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди мушкил будани шароити минтақа, гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти худро қатъ накардаанд.
Мошине, ки дар он Алишер Мирзонабот, ҳамсараш, духтари дусола, ёвар ва ронанда қарор доштанд, рӯзи 17 июн дар роҳи Душанбе–Хоруғ ба дарёи Панҷ афтода буд.
Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо то имрӯз ҷасади чаҳор нафар Алишер Мирзонабот, ҳамсараш, ёвар ва ронанда пайдо шудааст. Ҷасади духтари хурдсоли онҳо ҳанӯз пайдо нашудааст.
#нишасти_хабарӣ

❤2
🥇 Хонандаи тоҷик аз Австралия бо чаҳор медали тилло баргашт
Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд Зафарҷон Раупов дар олимпиадаҳои байналмилалии UniCEP JEO-SEO ва XCEL International Competitions, ки имсол дар Австралия баргузор шуданд, соҳиби чаҳор медали тилло гардид.
Тавре мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар ин озмунҳо хонандагон аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Зафарҷон Раупов ягона намояндаи Тоҷикистон буд, ки дар ҳар ду олимпиада медалҳои тилло ба даст овард.
Ӯ дар фанҳои забони англисӣ ва математика ҷойи аввалро соҳиб шуда, аз ҳар олимпиада ду медали тилло гирифт. Ҳамин тариқ, шумораи умумии медалҳои тиллои ӯ ба чор адад расид.

👍19❤3🔥2😁1
Дар Душанбе намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мешавад
Аз 1 то 31 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мегардад.
Тавре шаҳрдории Душанбе хабар додааст, дар доираи ин ярмарка либосҳои мактабӣ ва дигар лавозимоти таҳсил ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ҳоло ҷойҳои баргузории намоиш-фурӯш эълон нашудаанд.
Мақомоти шаҳр мегӯянд, ҳадаф аз баргузории ярмаркаҳо таъмин намудани аҳолӣ бо либос ва лавозимоти мактабии босифат дар арафаи соли нави таҳсил мебошад.

👍1
Дар Душанбе волидони ноболиғ пас аз шикояти сайёҳи хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиати видеоии як сайёҳи хориҷиро, ки аз муносибати дағалонаи яке аз сокинони пойтахт шикоят карда буд, мавриди санҷиш қарор доданд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муайян шудааст, ки 12 июли соли ҷорӣ ноболиғ М.Ё. дар маркази савдои «Пайкар» нисбат ба сайёҳи хориҷӣ рафтори дағалона нишон дода, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба волидони ноболиғ тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, мавод барои қабули қарор ба суд ирсол шудааст.
❤6👏1
Душанбе дар ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ пешсаф аст
Бештари хатмкунандагон ба шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон рост меоянд.
PRESSA.TJ
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 4724 нафар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм кардаанд, ки 1232 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Бештари хатмкунандагон ба шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон рост меоянд.
PRESSA.TJ
❤3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дастгирии донишҷӯёни ятим ва маъюб дар Донишгоҳи миллӣ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ятим ва маъюб ҳар моҳ зиёда аз 500 сомонӣ кумакпулӣ пардохт мешавад.
Ин маблағ барои дастгирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидтари таҳсил ба донишҷӯёни ниёзманд пешбинӣ шудааст.

👍2❤1
📌 Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 250 мавриди худкушӣ ва талоши худкушӣ сабт шудааст
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 250 мавриди худкушӣ ва кӯшиши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аксари ин ҳолатҳо ба мардон рост меоянд.
Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои ӯ, аз шумораи умумӣ 196 ҳолат худкушӣ ва 54 ҳолат кӯшиши худкушӣ будааст.
Миёни мардон 138 маврид, аз ҷумла 27 ҳолат дар байни писарони ноболиғ, ба қайд гирифта шудааст.
Дар байни занон бошад, 112 ҳолат, аз ҷумла 18 маврид миёни духтарони ноболиғ, сабт шудааст.
Ҳамчунин, дар робита ба ин ҳодисаҳо 17 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Аз онҳо се парванда ба ҳолатҳои марбут ба занон дахл дошта, тафтиши онҳо идома дорад.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон сабабҳои асосии худкушӣ ва кӯшиши худкуширо шарҳ надоданд.
😱3❤1
🌡️ Гармии шадид дар Тоҷикистон: ҳарорат то +46 дараҷа мерасад
Рӯзҳои 17–20 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво идома меёбад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Ҳамзамон, бинобар баланд шудани ҳарорат, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари сар задани сел пешбинӣ мешавад.

Тибқи пешгӯӣ, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водигӣ ба +41 то +46 дараҷа, дар минтақаҳои доманакӯҳиву кӯҳӣ ба +34 то +39 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ба +39 то +41 дараҷа мерасад.
Ҳамзамон, бинобар баланд шудани ҳарорат, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари сар задани сел пешбинӣ мешавад.
❤3
Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч
🌡️ Гармии шадид дар Тоҷикистон: ҳарорат то +46 дараҷа мерасад Рӯзҳои 17–20 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво идома меёбад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Тибқи пешгӯӣ, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водигӣ ба +41 то +46…
🔥 Гармии шадид: ВКД аз эҳтимоли афзоиши сӯхторҳо ҳушдор дод
Бо сабаби идомаи ҳавои гарм дар кишвар, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба қоидаҳои бехатарии сӯхторӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Мақомот таъкид мекунанд, ки дар рӯзҳои гарм хатари сар задани сӯхтор зиёд мешавад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ худдорӣ карда шуда, шабакаҳои барқӣ аз ҳад зиёд сарборӣ дода нашаванд.
Хадамоти оташнишонӣ ҳамчунин аз оташ афрӯхтан дар наздикии заминҳои кишт, чарогоҳҳо, алафзорҳо ва ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво худдорӣ карданро талаб кардааст.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 17–20 июл ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то +46 дараҷа мерасад.

Ҳамчунин, шаҳрвандон бояд пеш аз тарки хона асбобҳои барқӣ ва таҷҳизоти газиро хомӯш кунанд, баллонҳои газро дар ҷойҳои салқин ва дур аз офтоб нигоҳ доранд ва симҳои фарсудаи барқиро иваз намоянд.
Хадамоти оташнишонӣ ҳамчунин аз оташ афрӯхтан дар наздикии заминҳои кишт, чарогоҳҳо, алафзорҳо ва ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво худдорӣ карданро талаб кардааст.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 17–20 июл ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар то +46 дараҷа мерасад.
❤1
Шинос шавед! Илҳомуддин Иброҳимзода – муовини нави вазири маориф ва илми Тоҷикистон
Илҳомуддин Иброҳимзода то таъйин шудан ба вазифаи муовини вазир ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Ӯ 3 ноябри соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин гардида буд.
PRESSA.TJ
Имрӯз, 17 июл Илҳомуддин Иброҳимзода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ин вазифа қаблан Лутфия Абдухолиқзода фаъолият мекард. Ӯ моҳи феврали соли 2022 ба курсии муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон такя зада буд. 23 апрели соли 2026 аз ин мансаб озод ва директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Илҳомуддин Иброҳимзода то таъйин шудан ба вазифаи муовини вазир ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Ӯ 3 ноябри соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин гардида буд.
PRESSA.TJ
17 июли соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
https://pressa.tj/tainoti-navi-kadre-nom-ba-nom/

Pressa.tj
Таъиноти нави кадрӣ. Ном ба ном - Pressa.tj
17 июли соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм,
❤2👍2
📌Дар ним сол беш аз 106 миллион сомонӣ алимент ба модарону кӯдакон пардохт шудааст
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон аз рӯйи парвандаҳои вобаста ба алимент беш аз 106,5 миллион сомонӣ ба нафъи модарон ва кӯдакон рӯёнда шудааст.
Тавре Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ин маблағ аз рӯйи 95 ҳазору 917 парвандаи иҷро ситонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,2 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, нисбати 237 нафар, ки аз пардохти алимент қасдан саркашӣ кардаанд, мавод ба мақомоти прокуратура фиристода шудааст.

Дар натиҷа, нисбати 89 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҳамзамон, барои 4165 нафар қарздор маҳдудиятҳо ҷорӣ гардида, 986 нафар ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид шудаанд.
❤2🙏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
«Амонатбонк» ба 27,6 ҳазор нафар 1,2 миллиард сомонӣ қарз дод
Ба иттилои роҳбарияти бонк, ҳамзамон барои пешгирӣ аз дучор шудан ба таҳримҳои иқтисодӣ, риояи талаботи байналмилалӣ ва коҳиш додани хатарҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ тақвият дода шудаанд.
PRESSA.TJ
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 «Амонатбонк» ба 27,6 ҳазор муштарӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод кардааст.Дар ин бора 17 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Алиҷон Салимзода, раиси «Амонатбонк» хабар дод.
Ба иттилои роҳбарияти бонк, ҳамзамон барои пешгирӣ аз дучор шудан ба таҳримҳои иқтисодӣ, риояи талаботи байналмилалӣ ва коҳиш додани хатарҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ тақвият дода шудаанд.
PRESSA.TJ
👍2❤1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#Зодрӯз муборак
Назокат Олимзода, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 18 июли соли 1955 дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст.
Ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1979 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1994—2002 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Қубодиён, ҳамзамон, роҳбари Созмони ҷамъиятии «Бунёдкор» будааст.
Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Хумори дил» соли 2004 интишор ёфта, минбаъда навиштаҳояш дар авроқи «Ҳарири муҳаббат» (2005), «Оҳанги ёдҳо» (2010) ва «Парчами меҳр» (2011) ба табъ расидаанд.

Назокат Олимзода аз 15-солагӣ ба шеърнависӣ оғоз намуда, аввалин шеърҳояш дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва баъдан дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд.
Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Хумори дил» соли 2004 интишор ёфта, минбаъда навиштаҳояш дар авроқи «Ҳарири муҳаббат» (2005), «Оҳанги ёдҳо» (2010) ва «Парчами меҳр» (2011) ба табъ расидаанд.
🔥3❤2👍1
Профессор ва таърихшиноси маъруф Намоз Ҳотамов даргузашт
Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буд.
PRESSA.TJ
Доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буд.
PRESSA.TJ
😢5❤1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Зодрӯз_муборак
Мирзоҳусайни Бадалипур — шоир ва файласуф 19 июли соли 1963 дар деҳаи Хеки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1986 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, то ҳол устоди ин Донишгоҳ мебошад.
❤2🔥1🎉1