🇷🇺🇹🇯Посольство России в Таджикистане
2.67K subscribers
3.29K photos
409 videos
5 files
1.35K links
Официальный новостной канал дипломатической миссии России в Таджикистане

▪️внешняя политика России
▪️соотечественники
▪️консульские вопросы
▪️переселение
Download Telegram
❗️❗️Муҳоҷират ба Россия!

🇷🇺🇹🇯Дӯстони азиз!

Доир ба “Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта ба Русия” бояд ба намояндагии ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.

📍Суроға: кӯчаи Лев Толстой, хонаи 67

🔗https://dushanbe.mid.ru/б-sodejstvia-л-nomu-pereseleniu-sootecestvennikov

Агар муфид бошад 👍 гузоред

#муҳоҷират #консулгари
#шаҳрвандӣ
#Русия
#Тоҷикистон
#муҳоҷир
‼️Муҳоҷират ба Россия❗️

Хориҷ кардани аризаҳои қабул дар системаи бақайдгирӣ оид ба масъалаҳои иштирок дар “Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта ба Русия”:

Истифодаи як почтаи электронӣ барои ду ё зиёда шахсон аз рӯи моддаи 7-и Қонуни федеролии Федератсияи Россия “Дар бораи маълумоти шахсӣ” №152 оид ба “Махфияти маълумоти шахсӣ” қонуншиканӣ ҳисобида мешавад.
https://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_61801/a15bab6050028753706f22c32fe60627a7be79f9/?ysclid=l6qpoise9l222070118

🔹Ҳангоми байадгирӣ почтаи электронии шахсиатонро истифода баред;
🔹Коду пароли  почтаи электрониро ба шахсони севвум надиҳед;
🔹Маълумоти дар дохили почтаи электронӣ бударо  на кам аз як маротиба дар як моҳ тафтиш кунед;

Бақайдгирӣ ба қабул бе имконияти барқароршавӣ хориҷ карда мешавад.

Агар муфид бошад 👍 гузоред
#муҳоҷират #шаҳрвандӣ #ҳамватанон #барномаидавлатӣ
 
‼️Муҳоҷират‼️

Бақайдгирии онлайн барои иштирок дар Барномаи Давлатии Мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷа муқимбуда ба Федератсияи Русия.

📣 Аз 1 ноябри соли 2022 ҳангоми бақайдгирӣ дар системаи бронкунӣ, насаб, ном ва номи падар бояд бо ҳарфҳои лотинӣ ба таври қатъӣ мувофиқи шаҳодатномаи ҳозираи тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудани соли 2014), ворид карда шаванд.

📍 Насаб, ном, номи падар ва санаи таваллуд маълумоти шахсӣ мебошанд. Тибқи ин маълумотҳо, бақайдгирии аризадиҳанда дар системаи бронкунӣ сурат мегирад.

📍Агар маълумоти довталаб дар системаи бронкунӣ бо шаҳодатномаи шахсият мувофиқат накунад, шахсе, ки худро довталаб муаррифӣ мекунад, иҷозат дода намешавад, ки ба намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шавад.

#муҳоҷират #барномаи давлатӣ #Русия #Тоҷикистон