МУЛОҚОТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР
07-уми октябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Бауман вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар соҳаи энергетика, махсусан татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО Қайроққум», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва Барномаи рушди соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj

Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда ва ташаббусҳои нав иброз намуданд.
Муфассал
Подробнее
✅ @mewrtj
👍7❤1🤝1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДУШАНБЕ: ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.
#Тафсилот_дар_навор

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2025 ва рафти иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ дода шуда мариди баррасӣ қарор гирифт.
#Тафсилот_дар_навор
✅ @mewrtj
👍3❤1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ДУШАНБЕ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
Бо мақсади таъмини боэътимоди сокинони пойтахт бо неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ва профилактикӣ тақвият дода шуданд.
Дар доираи ин тадбирҳо, таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати техникии таҷҳизоти энергетикӣ ба таври мунтазам амалӣ гардида истодааст.
Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳисоббаробаркунӣ миёни истеъмолкунанда ва ширкат дақиқ сурат гирад ва шаффофияти раванди таъминот бештар таъмин шавад.

Ҳамзамон, бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи ҳисобу назорати истеъмоли неруи барқ ва кам намудани талафот дар шабакаҳо, насбу истифодаи ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ идома дорад.
Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳисоббаробаркунӣ миёни истеъмолкунанда ва ширкат дақиқ сурат гирад ва шаффофияти раванди таъминот бештар таъмин шавад.
✅ @mewrtj
👍3⚡1
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕСОЗАД: ФОРУМИ СЕЮМИ ҶАВОНОН ДОИР МЕШАВАД
11-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад.
Бори аввал дар форум, ҷавонони се кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъ меоянд.
✅@mewrtj

Форум дар доираи Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти соҳаи об, рушди иқтидори кадрӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои ҳавзаи дарёи Сир мебошад.
✅@mewrtj
👍5🤝1
09-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар ин давра ироа гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дастурҳои мушаххас дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 152 иҷро гардида, дар 25 банди дигар корҳо идома доранд, ки 86 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
✅ @mewrtj
👍7🆒1
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ МУКОЛАМАИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА
10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Форуми муколамаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба энергетика, ки дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар ҳошияи Форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ-2025» баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Муфассал⤵️

Telegraph
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ МУКОЛАМАИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ЭНЕРГЕТИКА
10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Форуми муколамаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба энергетика, ки дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар ҳошияи Форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ-2025»…
👍2🤝2
ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ ЧОР МАСЪАЛА БАРРАСӢ ШУД
10-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҷаласаи Шурои илмӣ-техникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

👍4⚡1
«Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» — таҳти чунин унвон аз 14 то 16 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор мегардад.
______________________
С 14 по 16 октября в столице Таджикистана состоится Международный инвестиционный форум «Dushanbe Invest – 2025», который станет ключевой площадкой для продвижения «зелёных» инвестиций, устойчивого развития и цифровой трансформации в Центральной Азии.

👍2🕊1
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ» ДАР СЕМОҲАИ СЕЮМ
13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз фаъолияти ҷамъият дар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори ҷаласа намояндаи…
👍7❤1
🇹🇯 🇺🇳13-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчанро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону UNECE дар соҳаҳои энергетика, об ва иқлим табодули афкор намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим боз як марҳалаи навро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим фароҳам меорад.

Хонум Татяна Молчан аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об истиқбол намуд.
Таъкид гардид, ки соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим боз як марҳалаи навро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим фароҳам меорад.
✅ @mewrtj
👍6🤝1
Мо раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз кардем.
Муфассал⤵️
Муфассал⤵️
Telegraph
Мо раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва…
Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” иброз доштанд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки кишвари мо имкониятҳои бузургро барои амалӣ намудани…
👍3👏1
14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб «40 Capital» мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар бахши энергияи сабз ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷониби ширкат таваҷҷуҳи хоссаи худро ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои неругоҳҳои хурди барқи обӣ изҳор намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо ишора ба имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар зикр намуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буд, Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нав тамоми шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ҷониби ширкат таваҷҷуҳи хоссаи худро ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои неругоҳҳои хурди барқи обӣ изҳор намуд.
✅@mewrtj
👍8❤1
ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА»
14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ намуд.

14-уми октябри соли 2025, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа иштирок ва суханронӣ…
👍5⚡1🆒1