Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
365 subscribers
1.56K photos
134 videos
4 files
374 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Бо мақсади таҷлили шоистаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Помир Энерҷӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

@mewrtj
👍61
ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, КОРМАНДОНИ САНОАТИ НАФТУ ГАЗ!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола якшанбеи якуми моҳи сентябр дар кишвар Рӯзи кормандони саноати нафту газ ҷашн гирифта мешавад.


Бо эҳтиром, кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Иди касбӣ шодбош мегӯем.

Заҳмати Шумо дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани ниёзҳои энергетикии кишвар арзандаи қадршиносӣ мебошад.

Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, барори кор ва дастовардҳои нав дар фаъолияти касбӣ таманно дорем.


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

@mewrtj
3👍3🎉1
Ҳамватанони азиз!

Бо самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу бузург – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегӯем.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди нодиру таърихиест, ки халқи тоҷикро дубора соҳиби давлатдории воқеӣ намуда, роҳи озод ба сӯи пешрафт, рушд ва ободии Ватанро кушод.

Мутаассифона, солҳои нахустини истиқлол кишвар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки талафоти ҷонӣ ва маънавии зиёде ба бор овард. Аммо ин фоҷиаи миллӣ дарси бузурги таърихӣ шуд: сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ пояҳои асосии давлату давлатдорӣ ва заминаи зиндагии орому осоиштаи ҳар як фарди ҷомеа мебошанд.

Бо раҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи матини мардуми шуҷоъи тоҷик, кишвари мо аз гирдоби ҷанг раҳо ёфта, ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод. Сулҳу суботи комил ба шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар замина гузошт.

Имрӯз Тоҷикистони азиз зери парчами ваҳдату якпорчагӣ, дар фазои оромиву осоиш, бо қадамҳои устувор ба сӯи рушд ва шукуфоӣ пеш меравад. Дар тамоми самтҳо, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳим, пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Мо итминон дорем, ки ҳар як фарди ватандӯст бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати беандоза ба Ватан, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорад.

Бо ин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу амонӣ, хушбахтиву комёбӣ ва ба Ватани азизамон рушду нумӯи бештар таманно дорем.

Иди истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

@mewrtj
5👍1👏1🎉1
ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

@mewrtj
👍42
09-уми сентябри соли 2025 ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ раиси ноҳия Лашкар Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаю ташкилотҳо, собиқадорон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст, аз масҳсули дасти ҳунармандони деҳоти Барвоз ва таъомҳои миллӣ боздид ба амал овард шуд.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои об дар назди ҷамъомадагон баромад карда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Роштқалъаро ба ин санаи таърихӣ самимона шодбош гуфт.

Зикр гашт, ки ноҳияи Роштқалъа дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд ёфта, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмин намудани рушди он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

- Имсол дар ноҳия дуюмин неругоҳи барқи обии калон дар ВМКБ НБО «Себзор» дар дарёи Шоҳдара бо иқтидори 11 мегаватт бо маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти муҳими соҳаи энергетика иқтидори энергетикии вилоятро 25 фоиз афзоиш дода, маҳдудияти барқро дар соатҳои сарборӣ бартараф месозад ва устувории интиқоли неруи барқро ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар муштариён пурра таъмин менамояд, - гуфт М. Сафарзода.


Иброз гардид, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бунёду азнавсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ 135 банд ба маблағи 685 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки 66 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Бо итминони комил иброз гашт, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Роштқалъа Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро, ки соли оянда фаро мерасад, бо дастовардҳои шоиста, иқдомҳои созанда ва ташаббусҳои ободгарона истиқбол мегиранд ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.


Дар чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон маҳаллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Пас аз ба итмом расидани чорабинӣ миёни дастаҳои волейболи ҷамоат мусобиқа баргузор гашт.

@mewrtj
👍71🔥1
09-уми сентябри соли 2025, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва ҷараёни корҳои сохтмонии неругоҳи барқи офтобӣ дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон шинос гардид.

Муфассал⤵️
👍211🔥1👏1