Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
365 subscribers
1.57K photos
134 videos
4 files
375 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони Вазорати энергетика ва захираҳои об Дарси сулҳро, ки ҳама сола бо оғоз гардидани соли нави таҳсил бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, дастаҷамъона тамошо карданд.

Имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуд.

@mewrtj
👍21🔥1
02-юми сентябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати SINOSURE-и Ҷумҳурии Мардуми Чин мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва имкониятҳои сармоягузории ширкати мазкур ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мубодилаи назар карданд.

Дар идома имкониятҳо ва афзалиятҳои кишвар дар самти бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ муаррифӣ гардид.


Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, барои рушди неруи офтобӣ ва бодӣ шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ дорад.

Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати SINOSURE омодагии худро барои омӯзиши амиқи имкониятҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍61
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар барномаи таҳлилии “Дастовард”-и Телевизиони Тоҷикистон дастовардҳои соҳаи энергетикаи кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ муфассал бозтоб гардиданд.

#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍31
3-юми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба муносибати 34 -юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дорухонаи замонавӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар деҳаи Сежд майдончаи варзишӣ, хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 17 км кашида шуда, 103 хоҷагиро бо оби ошомидании тоза таъмин менамояд.


Дар деҳаи Шошбувад хати оби нӯшокӣ (аз масофаи 20 км кашида шудааст) ва дар деҳаи Руботи дорухонаҳо мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифтанд.

Ифтитоҳи иншоотҳои мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ натиҷаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба рушду ободии ноҳияҳои дурдаст маҳсуб мешавад.


@mewrtj
👍41👏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зеристгоҳи барқии “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов трансформатори нави иқтидораш 40 Мегаволт-ампер (МВА) насб ва ба истифода дода шуд.

Қаблан дар ин зеристгоҳ танҳо трансформатори иқтидораш 15 МВА фаъолият мекард, ки ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ҷавобгӯ набуд. Бо насби таҷҳизоти нав имконият фароҳам меояд, ки таъминоти барқии аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва соҳаҳои саноату кишоварзии ноҳия бо сатҳу сифати баландтар амалӣ гардад.


Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи энергетика ва афзоиши иқтидорҳои энергетикии кишвар сурат гирифта, ба таҳкими низоми энергетикии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

@mewrtj
2👍2🔥1👏1🕊1
05-уми сентябри соли 2025, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Содиқов Руслан Парвизович – сардори барномаи инфрасохторӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бақоев Манучеҳр – ҳамоҳангсози калони бахшҳо: бахши молия, тағйирёбии иқлим ва энергетикаи Дафтари KFW дар шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда ҳамчун намояндагони шарикони рушд дар татбиқи лоиҳаи муҳими давлатии Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍6👏21