Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
367 subscribers
1.55K photos
129 videos
4 files
369 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
РЕЗААХБОР АЗ МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ “РОҒУН”:

🔷Ду агрегати аввалини НБО “Роғун” аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

🔷Соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст.

🔷Аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ (аз оғози соли 2025-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ) равона карда шудааст.

🔷Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст.

🔷Ширкати Вибилд вазифадор шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.

🔷Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст.

🔷Ҳамаи супоришу тавсияҳои Пешвои миллат барои то моҳи августи соли 2027 расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар саривақт ва бо сифати баланд иҷро мешаванд.

@mewrtj
2👍1🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи обии "Роғун" ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

@mewrtj
👍31🕊1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳри Стокҳолми Шоҳигарии Шветсия 24-28-уми августи соли 2025 Ҳафтаи ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об, иштирок намуд.

Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои об дар чорабинӣ гӯшаи Вазорат таъсис дода шуд, ки ҳадафи он муаррифии сиёсати кишвар дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” буд.

Ҳамзамон, дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об ҷаласаи навбатии Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва ҷаласаи сатҳи баланд таҳти унвони «Об ва офатҳо: аз пирях то баҳр» доир гардид.

Иштироки фаъоли кишвар дар чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии об бори дигар нақши калидии кишварро дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва идоракунии устувори захираҳои об таъкид намуд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍511👏1
28-уми август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла вусъат бахшидани тадбирҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузоштанд.


@mewrtj is
👍6🆒1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
28-уми август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

@mewrtj
👍321
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оё дар Тоҷикистон мумкин аст дар боми хонаи худ панелҳои офтобӣ насб кард?

Бале, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тасдиқ менамояд: барои насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои шахсӣ ягон иҷозатнома ё литсензияи махсус талаб карда намешавад. Танҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ зарур аст.


Можно ли в Таджикистане устанавливать солнечные панели на крыше своего дома?

Да, Министерство энергетики и водных ресурсов Таджикистана подтверждает: для установки солнечных панелей в частных домах никаких специальных разрешений или лицензий не нужно. Достаточно соблюдать технику безопасности.


@mewrtj
👍32👏1
🇹🇯🇪🇺29-уми августи соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, ки фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи “сабз” ва самтҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об ба Раймундас Кароблис барои фаъолияти самаранок дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу кард.


Сафир аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати энергетика ва захираҳои об изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро барои идомаи пуштибонӣ аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва идоракунии захираҳои об таъкид намуд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍621🤝1
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми августи соли 2025 бо ибтикори Комплекси энергетикии минтақавии ҶСК “Помир Энерҷӣ” дар шаҳри Хоруғ чорабинии идона баргузор гардид.

@mewrtj
👍41🎉1
Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистони Вазорати энергетика ва захираҳои об Дарси сулҳро, ки ҳама сола бо оғоз гардидани соли нави таҳсил бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, дастаҷамъона тамошо карданд.

Имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуд.

@mewrtj
👍21🔥1
02-юми сентябри соли 2025, шаҳри Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ширкати SINOSURE-и Ҷумҳурии Мардуми Чин мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва имкониятҳои сармоягузории ширкати мазкур ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мубодилаи назар карданд.

Дар идома имкониятҳо ва афзалиятҳои кишвар дар самти бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ муаррифӣ гардид.


Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, барои рушди неруи офтобӣ ва бодӣ шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ дорад.

Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати SINOSURE омодагии худро барои омӯзиши амиқи имкониятҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍61
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар барномаи таҳлилии “Дастовард”-и Телевизиони Тоҷикистон дастовардҳои соҳаи энергетикаи кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ муфассал бозтоб гардиданд.

#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
👍31