Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
367 subscribers
1.55K photos
129 videos
4 files
369 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
Алҳол, дар Неругоҳ корҳори навсозӣ бомаром идома доранд. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расида, бо назардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори ило­вагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори ко­рии Неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад. Яъне, бо анҷом ёфтани корҳои навсозии пурраи Неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии НБО «Сангтӯда-1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад.

Муфассал⤵️
21👍1🔥1
Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тарас Купчиков мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосии тарафҳо ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона гардид, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷаласаи дарпешистода ба самтҳои стратегии рушди фаъолияти Шуро, баррасии масъалаҳои ҷории кори идорӣ ва қарорҳои кадрӣ бахшида мешавад.


@mewrtj
👍211
Дар ноҳияи Роштқалъа вазири энергетика ва захираҳои об, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа бо рафти корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Роштқалъа 41 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, зиёда аз 4200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни замон, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ идома доранд.

Зикр шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода дода шуда, барои хонандагон шароити беҳтари таълимӣ муҳайё гардид.

Вазир зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сатҳу сифати шароити таълим дар деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан беҳтар гардида, таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии онҳо равона шудааст.


@mewrtj
👍41👏1
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ аз як қатор деҳаҳо ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуд.

Муфассал⤵️
👍311👏1🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар барномаи навбатии “Нурофар”-и Телевизиони “Тоҷикистон” масъалаҳои коҳиш додани талафоти неруи барқ, тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузории кишвар дар самти энергетика, инчунин тарғиби истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

@mewrtj
👍211
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
Сардори шуъбаи таҳлил, мониторинги неругоҳҳои хурд аз рӯи тамоми манбаҳои раёсати электроэнергетика;
Сармутахассиси раёсати электроэнергетика;
Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
Сармутахассиси раёсати захираҳои об;
Мутахассиси пешбари раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ (2 ҷой);
Мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ;
Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат (2 ҷой);
Мутахассиси пешбари бахши иҷозатномадиҳӣ;
Мутахассиси пешбари бахши котибот;
Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника;
Мутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо;
Мутахассиси раёсати захираҳои об;
Мутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ;
Мутахассиси раёсати ҳуқуқ (2 ҷой);
Мутахассиси шуъбаи ба ҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ;


Музди меҳнати заминавӣ:
Сардори раёсат – 4629 сомонӣ, сардори шуъба – 3114 сомонӣ, сармутахассис – 2320 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 1890 сомонӣ, мутахассис – 1554 сомонӣ.

Муфассал
👍621🆒1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии фаъолияти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб дар ҳафт моҳи соли 2025 ва рафти иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ ироа гардида, баргузор гардид.

#Тафсилот_дар_навор

@mewrtj
1👍1🔥1
23-юми августи соли 2025, Душанбе. – Бо ҳадафи пешбурди татбиқи лоиҳаи муҳими стратегии кишвар – «Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун», байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд Созишномаи қарзи имтиёзнок ба маблағи 50 миллион доллари ИМА ба имзо расид.

@mewrtj
11👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
РОБОТ-КАФШЕРГАР ДАР НБО «РОҒУН»

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшергар ба кор андохта шуд.


Татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи роботи кафшергар, имкон медиҳад, ки раванди иҷрои корҳои муҳандисиву сохтмонӣ бо суръат, дақиқӣ ва сатҳи баландтари бехатарӣ амалӣ гарданд.

Истифодаи чунин таҷҳизоти инноватсионӣ қадами муҳиме дар самти ворид намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба сохтмони бузургтарин иншооти энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад.


@mewrtj
👍211
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 pinned «Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд: Сардори раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ; Сардори шуъбаи таҳлил, мониторинги неругоҳҳои хурд аз рӯи…»