📰Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд» (🇰🇬Қирғизистон-🇹🇯Тоҷикистон) дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», маҷаллаи «Иқтисодчӣ» шумораи махсуси худро таҳти унвони рамзии «CASA-1000 – чор кишвар, як неру» ба нашр расонид.
📝Дар ин шумора мақолаҳои таҳлилӣ ва назарияи роҳбарони бахши энергетикаи кишварҳои иштирокдори лоиҳа ҷой дода шудаанд, аз ҷумла матлабҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъ ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев.
🖊Инчунин, гузоришу маълумот оид ба ҷараёни амалишавии лоиҳа дар қисматҳои Афғонистон ва Покистон, рафти корҳои сохтмонӣ, дастовардҳо ва дурнамои татбиқи пурраи лоиҳа пешниҳод гардидаанд.
✅ @mewrtj

👍5❤2👏1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
🇰🇬🇹🇯🇦🇫🇵🇰CASA-1000 – лоиҳаи нодир ва стратегӣ дар соҳаи энергетикаи минтақавӣ
♻️Лоиҳаи CASA-1000 яке аз ташаббусҳои нодир ва муҳим дар соҳаи энергетика маҳсуб меёбад, ки на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад. Ин лоиҳа, ки ба ҳамгироии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ равона шудааст, на танҳо имкони содироти неруи барқи “сабз”-ро фароҳам меорад, балки ҳамчун пули энергетикӣ байни кишварҳо хизмат мекунад.
✅Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 намунаи ҳамкории муваффақонаи бисёрҷониба буда, дар таҳкими амнияти энергетикӣ, беҳсозии инфрасохтори мавҷуда ва рушди устувори минтақа нақши муассир мебозад.
✅mewrtj

❤2👍2👏1
🏆БАРҚЧИЁН БАРАНДАИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
🥇Дастаи футболи Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе дар бозии финали Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд бар тими Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе гардид.

⚽️Мусобиқаи мазкур бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ миёни кормандони сохтору идораҳои давлатӣ ва рушди футболи хурд дар миёни аҳли касбу кори ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
✅ @mewrtj
👍2❤1👏1🏆1
Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
3 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон встретился с Председателем Саудовского Фонда развития Султаном Абдуррахманом аль-Маршадом.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ФондиСаудииРушд #СаудовскийФондРазвития #SaudiFundDevelopment #SFD
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.
3 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон встретился с Председателем Саудовского Фонда развития Султаном Абдуррахманом аль-Маршадом.
На встрече обсуждены вопросы сотрудничества Республики Таджикистан с данным Фондом.
Одной из важных тем встречи стало расширение сотрудничества между Таджикистаном и Саудовским Фондом развития для финансирования важных проектов в области образования, транспорта, здравоохранения, гидроэнергетики и управления водными ресурсами.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ФондиСаудииРушд #СаудовскийФондРазвития #SaudiFundDevelopment #SFD
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
❤1👍1🔥1
🇹🇯🇮🇷Фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ мегардад.
Ин нукта зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (4 июл, Ханкенди, Озарбойҷон) баён гардид.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманд мебошад.
Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
✅@mewrtj

Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон иброз гардид.
Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
✅@mewrtj
❤1👍1🕊1🤝1
04-уми июли соли 2025, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сэйдзю мулоқот анҷом дод.
Зимни муколама ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Агентӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои тақвияти устувории шабакаи энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар пойтахти кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз доштанд.
Муфассал
Подробнее

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе равона гардид.

👍4❤1⚡1🤝1