Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
363 subscribers
1.49K photos
127 videos
4 files
360 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
12-уми июни соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа мусоҳибаи вижа бо нашрияи маъруфи байналмилалӣ — «The Investor» анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои об зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад ва зиёда аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ, маҳз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.


Таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба манбаъҳои нави неруи барқ, Тоҷикистон омода аст бо сармоягузорони хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳад.

Инчунин, дар мусоҳиба вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» ва дигар ташаббусҳои муҳими энергетикӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд.

Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍51🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Рустам Минниханов, Раиси Ҷумҳурии Тотористон, зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун”, онро яке аз нодиртарин ва бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон номид.

Вай аз сатҳи баланди касбият ва қобилияти кории мутахассисони тоҷикистонӣ истиқбол намуд.

@mewrtj
👍1021🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини шаффофият ва назорати самараноки истифодаи неруи барқ, ҳамаи муштариёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» бо ҳисобкунакҳои электронии муосир таъмин гардидаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи энергетика, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ вобаста ба муқаррароти тағйиру иловаҳои воридгардида ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам роҳандозӣ мегарданд.

Ин иқдомот ба таҳкими риояи қонунгузорӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақа мусоидат менамоянд.

Илова ба ин, аз ҷониби ҶСК «Помир Энерҷӣ» барои бо неруи барқ таъмин намудани сокинони деҳаҳои дурдасти ВМКБ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Муфассал дар барномаи таҳлилии "Тоҷикистон"-и ТВ "Тоҷикистон"

@mewrtj
1👍1
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷараёни корҳои сохтмонии НБО “Себзор” дидан намуд.

Зимни боздид масъулон оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва насбу васлкунии таҷҳизоти техникии неругоҳ ҳисобот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 мегаватт дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон дар назар дошта шуда, корҳои омодагӣ барои ба таври озмоишӣ ба кор андохтани он дар марҳалаи ниҳоӣ қарор доранд.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори умумии 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегӣ ва инфрасохторӣ дар самти таъмини устувору боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар маҳсуб ёфта, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он, дар таъмини қувваи барқи доимӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақши муҳимеро хоҳад бозид.


Муфассал
Подробнее

@mewrtj
👍41👏1