Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
359 subscribers
1.48K photos
126 videos
4 files
358 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
30-юми майи соли 2025, Душанбе. – Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии идоракунии захираҳои об Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Маросими баимзорасонии санади мазкур дар намоишгоҳи “Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон” (Кохи Сомон) баргузор гардид.

Ин Ёддошти тафоҳум заминаи ҳамкориҳои минбаъдаро дар самтҳои афзалиятноки соҳаҳои об мегузорад.

Дар доираи ин санад, аҳамияти мувофиқсозии масъалаҳои об бо дурнамо ва стратегияи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист, таҳкими иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисон, ҳамчунин баланд бардоштани нақши ҷавонон ва занон дар раванди қабули қарорҳо дарк ва эътироф гардид.


@mewrtj
1👍1🔥1👏1
🇹🇯🇪🇺30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс баргузор гардид.

Зимни маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо таваҷҷуҳи хоса ба густариши ҳамкориҳо дар заминаи истифодаи оқилонаи манбаъҳои обу энергетика, рушди энергияи барқароршаванда ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории муштарак зоҳир намуданд.

@mewrtj
👍4👏1🆒1
🇹🇯🇸🇦30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи оби ин кишвар Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, вохӯрӣ кард.

Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об, роҳҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, инчунин густариши робитаҳо дар самти истифодаи устувори захираҳои об қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар заминаи ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим барои таъмини амнияти об ва энергетикаи минтақа махсусан таъкид гардид.

@mewrtj
👍4🔥1👏1
ТАҲКИМИ НАҚШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ГЛОБАЛИИ ЭНЕРГЕТИКӢ

30-юми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иҷрокунандаи вазифаи котиби генералии Хартияи энергетикӣ хонум Асуко Ҳиросе мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат зонум Ҳиросе ба вазири энергетика ва захираҳои оби барои ба уҳда гирифтани Раисии Конфронси энергетикӣ – мақоми олии қабули қарор дар доираи Шартномаи энергетикӣ – аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 изҳори сипос намуд.


Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тайёрӣ ба ҷаласаи Конфронси энергетикӣ, ки дар охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин чорабинӣ нахустин ҷаласа пас аз татбиқи ислоҳоти "муосиргардонӣ" ба Шартномаи энергетикӣ хоҳад буд, баён намуданд.

@mewrtj
3👍1👏1
Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифӣ, пас аз ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид, меҳмонони олиқадрро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳӣ намуд.

Ҳайати Эрон бо таваҷҷуҳи хос аз толорҳои намоишии осорхона, ки намунаҳои нодири таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносиро дар бар мегиранд, дидан карда, аз сатҳи баланди ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии халқи тоҷик изҳори хушнудӣ карданд.

Ин ташриф ҳамчун намунаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои фарҳангии судманди ду кишвар арзёбӣ шуда, ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг ва илм, такони тоза мебахшад.

@mewrtj
👍32🔥1👏1
31-уми майи соли 2025, Душанбе. - Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар намоишгоҳи "Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон"-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии Низомномаи Шурои миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, коршиноси соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

@mewrtj
👍41
Шарифа Худобахш: «Криосферные исследования нужно интегрировать в национальные и региональные системы управления водными ресурсами»

«Вода — ключевой ресурс Центральной Азии, от которого зависят устойчивость экосистем, продовольственная безопасность, энергетическое, экономическое развитие и добрососедские отношения. В условиях изменения климата и роста потребностей водные ресурсы становятся стратегическим фактором, требующим научно обоснованного управления, учитывающего интересы всех стран региона», — сказала корреспонденту НИАТ «Ховар» заместитель министра энергетики и водных ресурсов Таджикистана Шарифа Худобахш.

По ее словам, Таджикистан формирует более половины стока бассейна Аральского моря — около 64 км³ в год, основными источниками которого являются ледники. Однако эти источники стремительно деградируют и сокращаются. Если не принять меры, сток рек Амударьи и Сырдарьи может сократиться до 40 % в долгосрочной перспективе.

«Дополнительные вызовы создают рост населения, сельское хозяйство, энергетика и промышленность, которым тоже необходимо водообеспечение. Всё это требует перехода к интегрированному управлению водными ресурсами, где научная экспертиза становится основой для принятия решений. В этом контексте криосферные науки играют решающую роль. Без точных данных о состоянии ледников, снежного покрова и мерзлоты невозможно надёжное прогнозирование водных потоков, особенно в засушливый сезон, когда потребность максимальна. Именно поэтому криосферные исследования должны быть интегрированы в национальные и региональные системы управления водными ресурсами. Таджикистан активно продвигает международные инициативы в этой области: 2025 год провозглашён Международным годом сохранения ледников, учреждён Всемирный день ледников и Международный фонд по их защите. В партнёрстве с Францией выдвинута инициатива о проведении Десятилетия действий в поддержку криосферных наук (2025-2034 гг.). Это глобальная мобилизация знаний, технологий и ресурсов ради сохранения основ водной устойчивости», — считает собеседница.

По ее мнению, необходимо укреплять научные механизмы: создавать центры мониторинга ледников, обучать специалистов, интегрировать криосферные данные в стратегии и это вопрос программы развития. Это не научная абстракция выживания наших рек, сообществ и экономик.

Необходимо отметить, что в эти дни Таджикистан стал ключевой международной площадкой для обсуждения актуальных вопросов изменения климата.

НИАТ «Ховар», 31.05.2025

@mewrtj
31👍1🔥1👏1
🇹🇯🇿🇼31-уми майи соли 2025, Душанбе. - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо мулоқот анҷом дод.

Дар меҳвари суҳбати вазирон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла НБО "Роғун" қарор гирифт.

Вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо рушди неругоҳҳои хурди барқи обиро дар Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Зимбабве намунаи омӯзиш ва татбиқ мебошад.


Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои зерсохтории энергетикӣ таъкид намуданд.

@mewrtj
👍421🆒1
1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҳамасола дар ҷаҳон 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ин сана бо роҳандозии чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ ҷашн гирифта мешавад.


Тоҷикистон ҳамчун кишвар демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои кӯдакону наврасон, некуаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро, ки бештар аз 30 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби давлат дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Кишваи мо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ новобаста аз вазъи мушкили сиёсӣ яке аз аввалин давлатҳои пасошӯравӣ буд, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи кӯдакон ба зимма гирифт.


@mewrtj
👍51🥰1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Мусоҳибаи Шарифзода Гул Ваҳҳоб, муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Зимни суҳбат мавзуъҳои зерин матраҳ гардиданд:

❄️Сатҳи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо;

❄️Омилҳои таъсиррасон ба обшавии пиряхҳо;

❄️Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба обу иқлим.

@mewrtj
👍521👏1